Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳеч кас кор намекунад; ду мошин ба дарё афтод"


Акс аз наворҳои фиристодаи корбарон
Акс аз наворҳои фиристодаи корбарон

Аз 3-юм то 5-уми январ дар Тоҷикистон барфи зиёд борида, ҳаракатро дар роҳҳои асосии кишвар мушкил гардонд. Ронандагон шикоят доранд, ки ҷодаҳо саривақт пок намешаванд. Мақомот, баръакс, ронандагонро гунаҳкор карданд, ки бе омодагӣ ба роҳ баромадаанд.

"Ягон коргари Идораи роҳ кор намекунад. Мардум худашон қум мезананд. Ҳеч кас кор намекунад." Ин шикояти ронандае аз вазъи ягона роҳ аз шаҳри Душанбе ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.

Дар наворҳое, ки ронандагон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки мошинҳо бо мушкил аз роҳ мегузаранд. Мақомоти маҳаллӣ шикоятҳоро рад карданд.

Далер Мукаррамшоев, сардори идораи роҳҳои ВМКБ, рӯзи 6-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, давоми се рӯзи охир дар роҳи Душанбе-Қулма ду тарма фаромад ва "роҳсозон саривақт роҳро пок карданд. Маводи зиддилағзиш дар ҳама мавзеъҳои хатарҳо пошида шудааст."

Дар ин роҳ, ки то сарҳади Чин мерасад, шоми 4-уми январ ду мошини борбар ба дарё афтодааст. Ронандаҳо наҷот ёфтаанд. Далер Мукаррамшоев, сардори идораи роҳҳои ВМКБ, садамаро тасдиқ карду гуфт, ҳарду мошин дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон чаппа шуд.

"Мошинҳои борбари “Дулан” бе занҷир ба баландӣ баромада, ба тарафи дарё афтодаанд. Якеашро баровардем. Ронанда саломат аст. Мошини дувум дар ҷояш ҳаст ва онро ҳам мебардорем,” -- афзуд Ммукаррамшоев.

Дар ду рӯзи охир ҳаракат танҳо дар роҳи Бадахшон душвор нашудааст. Аҳвол дар роҳҳои дигари ҷумҳурӣ низ ҳамин аст. Аз ҷумла, дар роҳи Душанбе - Кӯлоб.

"Коргарони ДЭУ хок назадааанд, тамоман. Ронандаҳо азоб мекашанд. Чанд мошин чаппа шуд. Ронандаҳо қум зада истодаанд," – шикоят кард ронандае дар наворе, ки ба Радиои Озодӣ фиристод.

Роҳҳои асосии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ ҷойгир шудаанд, тақрибан ҳар зимистон бо ҳамин аҳвол рӯбарӯянд. Бо вуҷуди онки мақомот аз омодагӣ ба зимистон гузориш медиҳанд, шикояти ронандаҳо аз мушкил шудани ҳаракат дар роҳҳо дар мавсими сармо кам намешавад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Барф равуо дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистонро душвор кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00
XS
SM
MD
LG