Аз ҳодисаҳои “январи хунин” дар Қазоқистон се сол гузашт. Хонаводаи қурбониён ҳанӯз адолат ҷустуҷӯ доранд.
Ҳазорҳо нафар дар моҳи январи соли 2022 ба зидди ҳукумати Қазоқистон эътироз карданд. Тазоҳуроте, ки бо талаби истеъфои мансабдорон, норизоятӣ аз болоравии нархи газ ва камбизоатӣ сар шуда буд, бо саркӯб ва марги беш аз дусад кас поён ёфт.
"Тир ба пешонӣ... зада буд"
Танҳо дар як шаб дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон 20 касро куштанд. Нурболат Алпамиси 19-сола яке аз онҳо буд. Волидонаш ба мақомот шикоят карда, хоҳони муҷозоти пулису маъмарони амниятӣ шуданд, аммо дар иваз падари Нурболат даҳ рӯзро дар ҳабс гузаронд.
“Фарзанди ман ҳаққи зистан дошт. Ӯро аз ин ҳуқуқ маҳрум карданд. Чаро шахсоне, ки ин ҳуқуқи ӯро зери по карданд, ҷазо намегиранд?” -- пурсид Мурод Абдураҳимов, падари Нурболат Алпамис.
Ин мард ва наздикони қурбониёни дигар се сол боз дар ҷустуҷӯйи адолат ҳастанд. Онҳо, ки дар пайи саркӯби маргбору хушунатомези пулис пайвандонашонро аз даст додаанд, талош доранд, гунаҳкорон ҷазо бигиранд.
Нурболат Алпамис дар миёни эътирозгарон буд. Волидонаш гуфтанд, онҳо дар ҷустуҷӯи вай ба назди бинои ҳукумат рафтанд, вале ночор он ҷойро тарк карданд.
“Гази ашковар сар доданд. Нафасгир мешудем. Ҳама гурехт. Фикр кардам, аз ҳуш меравам ва аз он ҷо берун шудем. Ман ба ҳамсарам гуфтам, “агар зинда бошад, ба хона бармегардад.” Мо фикр кардем, вай ҳамроҳи ҷавонони дигар аст ва ба хона баргаштем,” – ба нақлаш идома дод Мурод Абдураҳимов.
Дертар онҳо хабардор шуданд, ки Нурболат тир хӯрда, дар бемористон аст. Вақте ба диданаш рафтанд, ӯ аллакай ҷон дода буд.
Ойгул Бахтҷонова, модари Нурболат, гуфт: “Ҳамаи духтуронро даъват карданд. Тир ба пешонӣ, каме болотар аз абрӯвонаш даромада, ба раги майнаи сар зада буд. Пизишкон ба мо гуфтанд, ки ӯ ҷон бохт.”
Видеоро дар инҷо бинед:
"Касе набояд ҷазо гирад?”
Шаби 5 ба 6-уми январ дар Чимкент бист кас кушта шуд. Ин оғози саркӯбҳои хушунатомез алайҳи эътирозгарон дар Қазоқистон буд. Дар маҷмуъ дар ҳодисаҳои “январи хунин” дар Қазоқистон 238 нафар ҷон бохтанд.
Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, гуфт, “ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва артиш дастур додам, бе огоҳӣ оташ кушоянд.”
Волидони Нурболат ва қурбониёни дигар аз ҳукумат талаб доранд, ки ҳақиқатро ошкор кунад ва гунаҳкоронро ҷазо бидиҳад. Вале дар ҷавоб ба додхоҳӣ, Мурод Абдураҳимов, падари Нурболатро “барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ” даҳ рӯз ба ҳабс гирифтанд.
“Онҳо гуфтанд, “бетартибиҳои оммавӣ, вандализм, харобкориҳо карданд. Мошинҳоро шикастанду оташ заданд.” Вале мошини пулис аз оҳан аст, онро мешавад иваз кард. Аммо ҷони одам бебаҳост. Магар касе барои куштани кӯдаки бегуноҳ набояд ҷазо гирад?” – гуфт Мурод Абдураҳимов.
Беш аз 1000 кас дар Қазоқистон бо гуноҳи ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ боздошт ва садҳо тан муҷозот шуданд.
Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал хоҳони таҳқиқи мунсифонаи ҳодисаҳои январӣ шуд. Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳукумати Қазоқистонро танқид кард, ки барои истифода аз зӯр ва саркӯби маргбор танҳо ду сарбозро ҷазо додааст.