Чин барои сохтмони як Донишгоҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон бо фарогирии беш аз 40 ҳазор донишҷӯ ба ҳукумати кишвар пешниҳод супурдааст. Ҷан Лу, намояндаи Маркази технологияҳоии инноватсионии шаҳри Чиндаои Чин, рӯзи 14-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси нақшаи аввалия ин донишгоҳ дар бахшҳои забондонӣ, соҳибкорӣ, муҳандисӣ, дорусозӣ ва, дар маҷмӯъ, аз рӯи 42 ихтисос довталабонро ҷалб хоҳад кард.
Гардиши солонаи молу коло миёни Тоҷикистону Чин ба 2 миллиард доллар баробар аст.
Ӯ гуфт, тасмим доранд, ки ин донишгоҳро дар ҳамкорӣ бо ширкати "Файзи Ҷомӣ"-и Тоҷикистон бисозанд. "Панҷ ҳазор нафар дар ин донишгоҳ ба кор ҷалб мешавад. Чиҳил ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд", - афзуд ӯ.
Ин намояндаи Чин гуфт, дар сурати ба кор пардохтани донишгоҳ натанҳо қабули довталабон аз Тоҷикистон, “балки аз саросари дунё дар назар аст. Қабл аз ҳама донишҷӯён аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, ба мисли Узбакистону Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон.”
Пешниҳоди сохтмони донишгоҳ ва як корхонаи тавлиди семент рӯзи 14-уми октябр дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон дар Душанбе аз ҷониби намояндаи Маркази технологияҳои инноватсионии шаҳри Чиндао ва ширкати “Файзи Ҷомӣ”, коршарики ин марказ дар Тоҷикистон садо додааст. Ҳусейн Сафаров, раҳбари ширкати “Файзи Ҷомӣ” ба Радиои Озодӣ гуфт, раиси ҷумҳур пешниҳодҳои онҳоро пазируфт ва барои татбиқи он ба Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ супориш дод.
Ӯ гуфт, “ба хотири бастани қарордод барои бунёди корхонаи тавлиди семнет ва Донишгоҳи байналмилалии Чину Тоҷикистон тайи 8 моҳ панҷ бор ба Чин сафар кардам. Моҳи декабр аллакай сохтмони корхонаи семнет, ки пешниҳоди дигари мо буд, бояд оғоз шавад.”
Тасмими бунёди Донишгоҳи байналмилалӣ аз ҷониби Чин бори авал аст, ки садо медиҳад. Чин як сармоягузори аслӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон аст. Соҳибкорони ин кишвар дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намудаанд ва ширкатҳои чинӣ низ истихроҷи конҳои тиллои Тоҷикистонро дар даст доранд.
Гардиши солонаи молу коло миёни ин ду кишвар ба 2 миллиард доллар баробар аст.