Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ: Парвиз Давлатзода сафири Тоҷикистон дар Чин шуд


Парвиз Давлатзода
Парвиз Давлатзода

Рӯзи 29 март сафирони нави Тоҷикистон дар Чину Саудӣ ва Гурҷистону Арманистон таъин шуданд.

Парвиз Давлатзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 29 март бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сафири фавқулода ва мухтори кишвар дар Чин таъин шуда, ба ҷои ӯ Музаффар Ҳусейнов омадааст. Ҳусейнов то ибтидои моҳи март дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Узбакистон ифои вазифа мекард.

Мақоми сафири Тоҷикистон дар Чин аз моҳи январ боз холӣ буд. Сафири собиқ Рашид Олимов баъд аз даҳ соли кораш дар моҳи январи соли ҷорӣ аз ин мақом озод ва дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой шуд. Ӯ дар ин мақом барои се соли оянда намояндаи Русия Дмитрий Мезентсевро, ки аз июни 2012 дабири кулли Созмони Шанхай буд, иваз кард.

Заробиддин Қосимӣ
Заробиддин Қосимӣ

Заробиддин Қосимӣ, ки тақрибан як сол пештар ба раъси Оҷонси давлатии "Ховар" омада буд, бо қарори ҳукумат аз мақомаш барканор ва сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ таъин шудааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки аз фазои журналистика ба дипломатия қадам задан масъулияташро дучанд кардааст.

Вай гуфт, фориғуттаҳисли факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад ва замони дар дафтари матуботи президент ва ахиран ҳамчун раиси Оҷонсии "Ховар" кор кардан "барои корҳои дипломатӣ мусоидат карданд". Заробиддин Қосимӣ бо шурӯи нооромиҳо дар Вазорати дифои кишвар масъулияти раҳбари дафтари матуботро бар дӯш дошт. Баъдан дар дафтари матуботи президенти Тоҷикистон фаъолияти намуда дар тобистони соли гузашта раиси Оҷонсии "Ховар" таъин шудааст.

Инчунин, имрӯз Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия, ҳамзамон намояндаи кишвар дар Арманистон ва Зоҳир Саидов сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон таъин шудаанд. Имомуддин Сатторов дар як сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, аз ин ба баъд тамоми талошҳоро барои боз ҳам беҳтар кардани робитаи Тоҷикистону Арманистон харҷ хоҳад кард. Ӯ афзуд, “пеш аз ҳама Арманистон яке аз ҷумҳуриҳои Шӯравии собқи буд ва мо аз гузашта бо мардуми арман равобити хуб доштем ва дорем. Албатта, дар марҳилаи ҳозира талош мекунем, то муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодӣ хубтар шаванд.”

Имомуддин Сатторов
Имомуддин Сатторов

Оқои Сатторов дар посух ба ин суол, ки оё идораи ду намояндагии Тоҷикистон дар хориҷ барояш мушкил пеш нахоҳад овард, гуфт, ӯ дар ин замина алакай таҷруба дорад. “Вақте сафири Тоҷикистон дар Олмон будам, ҳамзамон намояндаи кишвар дар Лаҳистону Ҷумҳурии Чех будам. Албатта кор зиёд мешавад, аммо ин масъулият ва онро на фақат ман, балки корпуси дипломатӣ иҷро мекунад. Кӯшиш мекунем, ба боваре, ки мо доранд, сазовор бошем,” – афзуд ӯ.

Тағйироти кадрӣ дар мақомҳои баланду миёнаи ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи январ ба ин сӯ идома дорад. Аммо то кунун ин тағйирот бештар ба ҷойивазкунии ҳамон як гурӯҳи мансабдорони собиқадори ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаштани онҳо шабоҳат дошт.

Аз пурсарусадотарин мавридҳои таъиноти кадрии имсола интисоби рӯзи 2 феврали додситони кулли собиқ Шерхон Салимзода, аз курсии раиси Иттифоқҳои касаба ба мақоми раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир буд. Генерал Рустам Назаров, ки 16 сол боз, аз рӯзи таъсиси ин Оҷонсӣ бо ҳамагӣ чанд моҳ фосила дар соли 2004, ки курсии ӯро ба генерали ҳоло зиндонӣ Ғаффор Мирзоев (Ғаффор-Седой) дода буданд, раҳбари ин идора буд, раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон таъин шуд.

Дигар мавриди пурсарусадо дар тағйироти кадрии имсола таъини духтари президент Озода Раҳмон ба мақоми раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ дар таърихи 27 январ буд.

XS
SM
MD
LG