Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 миллион доллари Чин дар "Агроинвестбонк" дармонд


Бинои асосии "Агроинвестбонк" дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бинои асосии "Агроинвестбонк" дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Чин дар Тоҷикистон як сол боз наметавонад полоишгоҳи бузурги нафтро бунёд кунад. Чун маблағҳои ширкати Dong Ying Heli Investment and Development Co. Ltd, ки барои бунёди полоишгоҳ равона шуда буданд, дар «Агроинвестбонк»-и Тоҷикистон дармондааст. Бунёди ин полоишгоҳ дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара шурӯъ шуда, ба далели банд мондани сармояҳои ширкат сохтмонаш як сол боз ба анҷом намерасад.

Ифтитоҳи полоишгоҳи нафт ду бор ба таъхир афтод

Айни замон ин мушкил дар сатҳи ҳукумат баррасӣ мешавад. Пагоҳ дар як маҷлис дар ҳукумат маҳз ҳамин масъала баррасӣ мешавад ва аз натиҷааш маълумот хоҳем дод

Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар намояндагии ин ширкати чинӣ дар Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, “гап дар бораи тақрибан 12 миллион доллар меравад. Ин пулест, ки дар суратҳисоби ширкат дар “Агроинвестбонк” гузошта шудааст”.

Қарор буд, сохтмони ин полоишгоҳи нафт дар Минтақаи Озоди Иқтисодии Данғара як сол қабл анҷом шуда, ба кор оғоз кунад. Аммо, бинобар камбуди сармоя, борҳо муҳлати оғози фаъолияти он ба таъхир меафтад. Нахуст мақомот гуфта буданд, ки дар моҳи марти имсол сохтмони ин корхона ба анҷом мерасад. Баъдан муҳлати анҷоми сохтмон то 30-юми июн тамдид шуд. Вале боз ҳам ин рӯз фаро нарасид.

"Ин масъала дар сатҳи ҳукумат баррасӣ мешавад"

Амиралӣ Шарифов, роҳбари дастгоҳи маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии Данғара, рӯзи 6-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бо тасдиқи онки ба далели банд мондани сармояҳо дар “Агроинвестбонк” сохтмони полоишгоҳи нафт ба таъхир афтод, гуфт, “айни замон ин мушкил дар сатҳи ҳукумат баррасӣ мешавад. Пагоҳ дар як маҷлис дар ҳукумат маҳз ҳамин масъала баррасӣ мешавад ва аз натиҷааш маълумот хоҳем дод”.

Полоишгоҳи нафтро дар ноҳияи Данғара ширкати муштараки Тоҷикистону Чин бо номи «ТК-oil» бунёд мекунад. Ин ширкати муштараки Тоҷикистону Чин аст, ки 10 дарсади саҳмияҳояш ба ширкати «Ҳасан ва Ко» ва боқимонда 90 дарсади саҳмияҳояш ба ширкати чинии Dong Ying heli Investment and Development Co. Ltd тааллуқ дорад.

Ширкати «Ҳасан ва Ко» ягона ширкатест, ки дар вилояти Хатлон ба полоиши нафти мавзеи «Бештентоқ» машғул аст. Тоҷикистон аз ҷиҳати таъминот бо сӯзишворӣ мустақилият надорад ва 90 дарсади маводи сӯхтро аз Русия мегирад. Агар ин полоишгоҳ ба кор мепардохт, кишвар метавонист нисфе аз эҳтиёҷоти дохилиро бо сӯзишвории худӣ таъмин кунад.

"Метавонад бизнесро ба гирдоби худ бикашад"

Ин танҳо тарҳе нест, ки дар Тоҷикистон ба далели муфлис шудани бонкҳо дар ду соли охир дучори бунбаст шудааст. Танҳо дар як бонки муфлисшудаи "Тоҷпромбонк" сармояи 253 ширкат дармондааст, ки то ҳанӯз маблағҳои худро бозпас гирифта наметавонанд. Дар сурати фурӯши амволи ин бонк низ нахуст пули амонатгузорон ва танҳо баъдан ширкатҳо пардохт карда хоҳанд шуд.

Айни замон "Агроинвестбонк" ба дорандагони кортҳои бонкаш 500 сомонӣ дар як рӯз «лимит» муқаррар карда, пардохти маблағҳоро тариқи низоми Visa комилан қатъ намудааст.

Таҳлилгарон ва нозирони умури бизнес дар Тоҷикистон мегӯянд, буҳрони бонкӣ кори ширкатҳоро дар кишвар дучори бунбаст кард ва агар ба ин буҳрон хотима дода нашавад, "метавонад бизнесро ба гирдоби худ бикашад".

Илҳом Алиев, роҳбари Утоқи бозаргонии Амрико дар Тоҷикистон гуфт, вақте сармоягузорон ба Тоҷикистон меоянд, ҳатман ба кори низоми бонкӣ аҳамият медиҳанд. Ӯ гуфт, "барои сармоягузорони хориҷӣ кори муътадили бонкҳо ва дастрасӣ ба сарчашмаҳои молиявӣ ниҳоят муҳим аст. Онҳо ба ин чиз аҳамият медиҳанд".

БҶ: Бонкҳои Тоҷикистон боз ба ёрӣ ниёз доранд

Давлати Тоҷикистон низ дар оғози соли равон талош кард, бо нашри векселҳо ва ихтисоси 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба "Тоҷиксодиротбонк" ва 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ "Агроинвестбанк" ин ду бонкро аз вартаи касодшавӣ наҷот диҳад. Ду бонки дигар «Тоҷикпромбонк» ва «Фононбонк», ки аз кумаки давлат маҳрум монданд, муфлис эълон шуданд ва айни замон таракаи амволи ин бонкҳо идома дорад.

Бо вуҷуди кумакҳои давлат Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши охираш навишт, бо ин ёриҳо буҳрони бонкӣ дар Тоҷикистон анҷом наёфтааст ва бонкҳои тиҷоратӣ боз ба кумаки иловагии молии давлат эҳтиёҷ пайдо хоҳанд кард.

Банд мондани пулҳои ширкати чинӣ дар "Агроинвестбонк" низ ҳокист, ки вазъи молии ин бонк пас аз кумаки давлат ба эътидол наомадааст. Айни замон "Агроинвестбонк" ба дорандагони кортҳои бонкаш 500 сомонӣ дар як рӯз «лимит» муқаррар карда, пардохти маблағҳоро тариқи низоми Visa комилан қатъ намудааст.

XS
SM
MD
LG