Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Васваса"-и тиллокобӣ. Даҳҳо муҳоҷири депортшуда дар Шугнов. ВИДЕО


Даҳҳо муҳоҷири кории тоҷик баъди ихроҷ аз Русия барои худ дар мавзеи Шугнови ноҳияи Ховалинг кор пайдо кардаанд. Дар ҳоли ҳозир тақрибан 200 шаҳрванди депортшудаи Тоҷикистон дар мавзеи Шугнов хайма зада, аз субҳ то шом тилло ҷустуҷӯ менамоянд. Онҳо ҳар грамм тиллои ёфтаи худро ба давлат мефурӯшанд.

"Рӯзе мешавад, ки ҳеҷ чиз намеёбем"

Ширкатҳо низ маълумоти ҳаҷми истихроҷи тиллоро намегӯянд, чунки тиқби қонун ин маълумоти махфӣ аст. Аммо ин кори даромаднок аст.

Ҷӯяндагони ин метали гаронбаҳо онро ба таври дастӣ истихроҷ мекунанд: сангу шағалро канда, дар об мешӯянд. Барои дарёфти як зарра тилло даҳҳо кубометр сангу шағал шустушӯ мешавад.

Ҷумъахон Холов, сокини 35-солаи Кӯлоб, рӯзи 5-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ баъди ихроҷ шудан аз Русия ба ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг омад, то пул кор кунад. Ҷумъахон мегӯяд, зиндагиаш дар чаҳор соли ахир миёни Шугнову Кӯлоб тақсим шудааст.

"Одатан аз охири моҳи май тиллокобӣ шуруъ мешавад ва то охири октябр идома мекунад. Рӯзе мешавад, ки то ду грамм тилло меёбем. Аммо рӯзе мешавад, ки ҳеҷ чиз пайдо намекунем", - нақл кард ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Кор дар инҷо аз Русия дида, мушкилтар аст"

Кони тилои Шугнови ноҳияи Ховалинг аз қадимтарин конҳои тилои Тоҷикистон буда, дар 300-километрии ҷануби Тоҷикистон воқеъ аст. Ҳарчанд мақомот миқдори истихроҷи тиллоро дар ин кон эълон намекунанд, соли 2015 гуфта буданд, ки истихроҷи тилло ҳудуди 10 сад афзоиш ёфтааст. ​

Абдулмаҷид Тешаев, як сокини солдидаи Ховалинг, солҳо боз дар ин минтақа ба тиллокобӣ машғул аст. Ӯ гуфт, дар як ҳафтаи ахир барояш муяссар шуд, ки як грамм тилло пайдо кунад. "Имрӯз корам омад кард ва тилло ёфтам. Ҳолате мешавад, ки дар як ҳафта чанд ҷойро меканӣ, ҳеҷ тиллое нест", - гуфт ӯ.

Ҷӯрахон Талбаков бо ташвиқи муҳоҷирони собиқ ба Шугнов омадааст. Аммо ба ин кор чандон дилгарм нест. Ӯ мегӯяд, ки муҳоҷирати корӣ барояш сабуку беҳтар буд. "Кори инҷо каме мушкил аст. Ҳоло як сол зиёдтар шуд, ки ба муҳоҷират нарафтам ва дар инҷо кор карда зиндагии хонаводаро пеш мебарам", - афзуд ӯ.

Маълумоти махфии тилло

Дар канори тиллошӯён истихроҷи саноатии тилло низ ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар инҷо чанд ширкат кор мекунанд, бархеашон давлатӣ ва баъзеи дигар хусусӣ ҳастанд. Ширкатҳо низ маълумоти ҳаҷми истихроҷи тиллоро намегӯянд, чунки тиқби қонун ин маълумоти махфӣ аст.

Зимистон дар ин мавзеъ чанд метр барф меборад. То барфи аввал ширкатҳо шабурӯз кор мекунанд. Регу шағали тиллодорро мошинҳои азим то таҷҳизоти шағалшӯи мекашонанд. Тилло дар зарфҳои вежа такшин мешавад df ба гуфтаи муттахасисон бо чунин шакли истихроҷ? то 8 дарсади тилло талаф меёбад.

Чин ба конҳои тиллои Тоҷикистон часпидааст

Дар Тоҷикистон то кунун 130 кони тилло кашф шудааст. Ҳаҷми истихроҷи тилло дар кишвар сол ба сол меафзояд. Соли 2012 дар Тоҷикистон 2,5 тонна тилло истихроҷ шуд. Соли гузашта ҳаҷми тиллои истихроҷшуда ба 5 тонна расид. Имсол дар нақша аст ҳаҷми истихроҷи тилло боз 25 дарсад бештар шавад.

Аз ҳама бештар муҷаввизи истихроҷи тиллоро дар конҳо ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин ба даст меоранд. Новобаста ба шакли моликият, ҳамаи тиллои истихроҷшуда дар Тоҷикистонро Бонки миллӣ харидоррӣ мекунад, ки дар хазинаи тиллоиву асъории кишвар нигоҳдорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG