Рустам Раҳматзода, рӯзи 5-уми июл, дар рӯзи таъин шуданаш ба раҳбарии ширкати «Барқи Тоҷик» ба Радиои «Озодӣ» гуфт, аз рӯи огаҳии қаблие, ки бо вазъи ширкат дорад, қарзҳои он бояд таҳқиқ шаванд:
«Механизми пайдо шудани қарзҳоро, ки воқеиянд ё қалбакӣ бояд муайян кунем. Шояд қарзҳо дар пайи нархҳои ғайривоқеӣ пайдо шудаанд ва ҳам роҳҳои дигари ба вуҷуд омадани қарз вуҷуд дорад, ки шахсан мехоҳам таҳқиқ кунам».
Рустам Раҳматзода, ки рӯзи 5-уми июл ба вазифаи раиси Ширкати "Барқи Тоҷик" таъин шуд, дар гузашта муовини раиси шаҳри Душанбе, сипас раиси ноҳияи Айнӣ ва аз моҳи январи соли 2013 раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд буд.
«Барқи тоҷик» - ширкати ягонаи энержии оби Тоҷикистон бо вуҷуди истеҳсоли 20 миллиард киловат соат бузургтарин қарздор низ ба ҳисоб меравад. «Барқи тоҷик» то 1 майи соли равон аз неругоҳи Сангтуда - 1 417,6 млн. сомонӣ (ҳудуди $84 млн. доллар), аз Сангтӯда – 2 то охири соли 2013 133 млн. сомонӣ ($27,8 млн.) ва андоз беш аз 400 млн. сомонӣ қарздор аст. Қисмати умдаи кормандонаш то панҷ моҳ аст, ки маош нагирифтаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ду ҳафтаи қабл як барномаи пуштибонӣ аз «Барқи Тоҷик» - ро рӯи даст гирифт, ки тибқи он, ҳудуди 170 миллион қарзи ширкатро бахшад ва ҳамчунин ба хотири раҳо кардани ширкат аз вазъи ногувор қимати барқро ҳам 15 дарсад афзуд.
Шодӣ Шабдолов, узви Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва мухобироти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, бо иваз кардани раҳбарияту ҳайати кормандони «Барқи Тоҷик» намешавад вазъро ислоҳ кард:
«Барқ туҳфа нест, мол аст. Мол арзиш дорад. Арзиши аслӣ дорад ва арзише, ки барои бозор муайян мешавад. Агар аз нархи бозор паст фурӯхта шуд, муфлис мешавад. Корхонаро ба таври сунъӣ муфлис карда истодаанд»
Барканории раиси ширкати "Барқи Тоҷик" бо муовинонаш
Аз хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд, ки рӯзи 5-уми июл Назарзода Аслиддин Гулмурод аз вазифаи раиси ширкати
саҳомии ҳолдингии «Барқи Тоҷик» барканор шуд. Сабаби барканории Назарзода Аслиддин ба кори дигар гузаштанаш шарҳ дода шудааст.
Ҳамчунин Раҳматзода Рустам Мирзо ба вазифаи раиси нави ширкати «Барқи тоҷик» таъин карда шуд. Раҳматзода Рустам Мирзо то ин замон раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд буд, ки бо фармони раиси ҷумҳур рӯзи 5-уми июл аз ин вазифа сабукдуш шуд.
Дар пайи тағйироти кадрӣ дар ширкати «Барқи Тоҷик» муовини якум ва муовини раиси ин ширкат - Маҳмудзода Мирзо ва Сулаймони Қосим бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа сабукдуш шуданд.
Ҳамакнун Ҷамшед Бобоев ва Баҳром Азимов муовинони нави Раҳматзода Рустам Мирзо, раиси нави ширкати «Барқи Тоҷик» таъин шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ки ин таъинотро имрӯз, 5 июл, дар ҷаласаи ҳукуматӣ эълон кард, ҳамчунин дастур дод, ки тамоми кормандони «Барқи Тоҷик» аз аттестатсия гузаронида шавад, то маълум шавад, ки онҳо ҷавобгӯи вазифаи ишғолкардаи худ ҳастанд, ё хайр. Вай таъкид кардааст, ки сифату самараи кори «Барқи тоҷик» ва вазъи иқтисодию молиявии ин ширкати бонуфуз бояд баланд бардошта шавад.
5 раис ва ботлоқи қарз
Раиси ҳамакнун барканоршудаи «Барқи Тоҷик» - Назарзода Аслиддин Гулмурод (Аслӣ Назаров) ҳудуди як сол пеш дар моҳи июл ба курсии раиси
вақти ин ширкат Абдулло Ёров нишаста буд. Абдулло Ёров ҳам дар давраи раисӣ аз ҷониби расонаҳо ва ҷомеа ва ҳам дар доираи коршиносон интиқод мешуд. Бо таъини Назарзода Аслиддин Гулмурод дар моҳи июли соли 2013 гуфта мешуд, шояд бо роҳбарии ин шахс «Барқи тоҷик» миёни худро рост карда ба рӯи мардум бо чеҳраи кушод менигарад.
Чунки нафарони наздик ба ин ширкат аз Назарзода Аслиддин Гулмурод, ки номзади илмҳои техникӣ аст як «мутахассиси варзида» ва «ба соҳа ошно» ном мебурданд. Аммо ҳамон вақт таҳлилгарон мегуфтанд, гумон аст бо донистани соҳа мушкилоте, ки чанд роҳбар боз онро ҳал накардааст ин номзади илм ҳал кунад. Аз фаъолияти як соли ахири «Барқи тоҷик» бармеояд, ки бо вуҷуди пардохти марҳила ба марҳилаи аз ҷумла нерӯгоҳи Сангтуда-2 ва Сангтуда-1 ин қарзҳо кам намешаванд ва бар зами ин кормандони ин ниҳод ҳам аз нагирифтани маоши чанд моҳаи худ шикоят карданд.
Раҳматзода Рустам Мирзо ҳамакнун панҷумин раиси ширкати "Барқи Тоҷик" аст. Қабл аз Назарзода Аслиддин Гулмурод Абдулло Ёров, Шарифхон Самиев ва Санъат Раҳимов «Барқи Тоҷик»-ро роҳбарӣ карданд.
Тайи 16 соли охир «Барқи Тоҷик» муваффақиятҳои маҳдуд, вале мушкилоти азим дошт. Мушкили аслӣ камбуди барқ аст ва ин ниҳод то ҳол натавонистааст талаби аҳолиро бо барқ таъмин кунад. Мушкили дигар қарзҳои рӯ ба болои ширкат аст.
"Барқи Тоҷик": соли ... 2014 лимити барқ ... 2018 се ширкати хусусӣ
«Барқи Тоҷик» ҳудуди 150 нерӯгоҳи хурду миёнаву бузургро дар ихтиёр дорад, ки солона дар марзи 20 миллиард киловат-соат барқ истеҳсол мекунанд. Коршиносон мегӯянд, агар ҳар киловат – соат ба ҳисоби миёна дусентӣ фурӯхта шавад, ҳудуди 300 миллион доллар ба даст меояд, ки бояд эҳтиёҷоти соҳаро бароварда созад.
Тоҷикистон дар ҳар фасли сармо ба лимити шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ мешавад. Дар аксари манотиқ, ба истиснои пойтахт, шаҳри Душанбе ва чанд шаҳри муҳими саноатӣ, аз моҳи октябр то апрелу май дар шабонарӯз ба мардум ҳамагӣ 4 ило 5 соат барқ медиҳанд. Дар оғози баҳор ин лимит ба далели кам шудани оби обанборҳои нирӯгоҳҳо боз ҳам шадидтар шуда, то ҳадди як ё ду соат дар шабонарӯз мерасад.
Аз соли 2011 ба ин сӯ ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи 7,2 млн. еврои Бонки Осиёии Рушд барномаи таҷдиди сохтори «Барқи Тоҷик»-ро пиёда мекунад, ки аз ҷониби ширкати Corporate Solutions пиёда мешавад. Таҷдиди сохтор се марҳала - тиҷорикунунӣ (2011 - 2013), рақобат (2014 - 2015) ва хусусигардонӣ (2016 -2018) – ро дарбар мегирад.
Дар ниҳоят «Барқи Тоҷик» дар се ширкат хусусӣ гардонида мешавад, ки яке бо истеҳсол, дигарӣ, интиқол ва саввумӣ, фурӯши барқ машғул хоҳанд буд.