Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор моҳи бемаошии коргарони "Сангтӯда-2"


Коргарони нерӯгоҳи Сангтӯда-2. Акс аз бойгонӣ.
Коргарони нерӯгоҳи Сангтӯда-2. Акс аз бойгонӣ.

Беш аз сад нафар кормандони тоҷики ширкати «Сангоб»-и Эрон, ки ба сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда- 2 машғул буданд, аз он шикоят доранд, ки чор моҳ мешавад маош нагирифтаанд.

Ба таъкиди коргарон, онҳо сар аз моҳи декабри соли гузашта то ба ҳол маош нагирифтаанд. Дар ҳамин ҳол, Толиб Мирзоев, муҳосиби ширкати «Сангоб» рӯзи 18-уми апрел дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» бо тасдиқи ин хабар гуфт, воқеан ин ширкат ҳоло имкон надорад маоши кормандонашро пардохт кунад.

Ҷаноби Мирзоев афзуд: «Мо низ ҳамчун коргар аз роҳбариятамон талаби падохти маошамонро дорем. Аммо роҳбарият мегӯяд, ки дар суратҳисоби мо ба далели қарздории ширкати «Барқи тоҷик», пул нест. Воқеан ҳам ман ҳамчун муҳосиб тасдиқ мекунам, ки дар суратҳисоби мо пул нест, чунки «Барқи тоҷик» пули барқеро ки «Сангтӯда-2» истеҳсол мекунад, пардохт намекунад.»

Ба таъкиди Толиб Мирзоев, ширкати эронии «Сангоб», ки ба сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» машғул аст, бояд пулашро аз ҳисоби фурӯши барқи истеҳсолшуда ба «Барқи тоҷик» бигираду ҳамчунин ба кормандонаш маош диҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ширкати «Барқи тоҷик» аз нерӯгоҳи «Сангтуда-2» беш аз сад миллион сомонӣ, муодили 25 миллион доллар қарздор мебошад. Мирзоев афзуд, ки то моҳи декабри соли 2013 «Барқи тоҷик» ба суратҳисоби онҳо каму беш маблағ медод, ки аз ин ҳисоб ширкат маоши кормандонашро пардохт мекард, аммо ҳоло инро ҳам намедиҳад.

Аммо ин танҳо нерӯгоҳи «Сангтуда-2» нест, ки аз он ширкати «Барқи тоҷик» барои барқи истеҳсолшуда, қарздор аст. «Барқи тоҷик» ҳамчунин аз нерӯгоҳи муштараки Тоҷикистону Русия «Сангтӯда-1» низ дар ҳаҷми 409 миллион сомонӣ қарздор аст.

Чарха ё турбинаи аввали нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" дар авоили моҳи сентябри соли 2011 бо иштироки раҳбарони Тоҷикистону Эрон фаъол шуд.
Пас аз се моҳи давраи озмоишӣ, дар 22-декабри ҳамон сол ин нерӯгоҳ ба тавлиди неруи барқ шурӯъ кард ва 30-юми декабр хатҳои интиқоли барқ ба ин нерӯгоҳ васл шуданд ва нерӯ ба шабакаҳои кишвар интиқол ёфт.

Ин нерӯгоҳ дар ҷануби Тоҷикистон бо 180 миллион доллар сармояи Эрон ва 40 миллион доллар саҳми худи Тоҷикистон сохта шуда, тайи 12 соли аввали фаъолияташ дар ихтиёри ҷониби Эрон қарор хоҳад гирифт. «Сангоб» ширкати паймонкори асосии бунёди неругоҳи «Сангтӯда-2» интихоб шудааст.
XS
SM
MD
LG