Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15% афзоиши қимати барқ бинобар "вазъи ногувор"-и "Барқи тоҷик" (ВИДЕО)


Мақомоти вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки сар аз аввали моҳи оянда нархи истифодаи нирӯи барқ дар кишвар 15 дарсад афзоиш меёбад ва инро ба "вазъи ногувори Барқи тоҷик" рабт медиҳанд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 25-уми июн зимни суханронӣ дар иҷлосияи навбатии порлумони Тоҷикистон гуфт, ки "қарор аст аз 1-уми июл нархи истифодаи нирӯи барқ дар кишвар 15 дарсад афзоиш ёбад."

Ба таъкиди ҷаноби Нураилиев, боло бурдани нархи истифодаи нирӯи барқ барои беҳбуди вазъи молиявии ширкати "Барқи Тоҷик" кӯмак хоҳад кард. Зеро ба гуфтаи муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир вазъи молии ширкати "Барқи Тоҷик" хуб нест ва бо боло бурдани нархи истифодаи нирӯи барқ, мушкилоти ин ширкат метавонад то андозае рафъ гардад. Ҳоло як киловатт соат барои аҳолӣ ҳудуди 11 дирам муодили бештар аз 2 сент аст ва корхонаҳои саноатӣ бар ивази ҳар киловатт соат 30 дирам пардохт мекунанд.

Ҷамолиддин Нуралиев, ин ҳарфҳоро дар ҳошияи муаррифии созишномаи миёни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд барои тармиму бозсозии зеристигоҳи "Равшан" дар посух ба суоли бархе аз вакилони порлумон баён кард. Тибқи ин созишнома, ки аз сӯи вакилони порлумон бо аксарияти оро тасвиб гардид, Бонки исломии рушд барои бозсозии зерситгоҳи "Равшан", воқеъ дар қисмати ғарбии пойтахти Тоҷикистон маблағи беш аз 13 миллион доллар ихтисос медиҳад. Саҳми давлати Тоҷикистон дар иҷрои ин лоиҳа 1,5 миллион доллар аст.

Ба гуфтаи Ҷамолиддин Нуралиев, дар сурати бозсозии ин зеристгоҳ, аҳолии Турсунзода ва Шавҳринав дар фасли тобистон ва зимистон пурра бо нирӯи барқ таъмин хоҳад шуд. Ҳоло аҳолии ин минтақа 400 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва интизор меравад, то соли 2017 ба 485 ҳазор нафар расад.

Зеристгоҳи "Равшан" соли 1963 сохта шуда ва муддати 50 соли ахир таъмиру бозсозӣ нашудааст.

Тоҷикистон, ки дорои аксари захоири обҳои минтақа аст, бовуҷуди ин ҳамасола дар фасли сармо ба мушкили таъмини барқ барои аҳолӣ рӯ ба рӯ мешавад. Аммо дар фасли тобистон бо сабаби кам будани эҳтиёҷоти марбум бо барқ миқдори зиёди об аз обанборҳо партоб мешавад ва ҳам барқи истеҳсолӣ ба кишварҳои Афғонистону Қирғизистон фурӯхта мешавад.

Ахиран Усмоналӣ Усмонов, вазири энергетика ва захоири об гуфта буд, Тоҷикистон аз фурӯши барқи зиёдатиаш дар фасли тобистон ба кишварҳои ҳамсоя тариқи хати CASA-1000 умеди зиёд дорад. Чунки Тоҷикистон танҳо дар соли 2013 аз обанборҳояш ба миқдори 4 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ обро бидуни фоида сар додааст ва арсаи энержии кишвар аз набуди бозори фурӯши барқ тақрибан 120 миллион доллар зарар мебинад.

Ҳоло ширкати «Барқи тоҷик» ба Қирғизистон дар як шабонарӯз то 2 миллион ва ба Афғонистон то ба 4 миллион киловатт/соат нерӯи барқ мефурӯшад.

Ширкати «Барқи тоҷик» яке аз ниҳодҳои қарздортарини Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ба иттилои масъулони "Сангтӯда-1", "Барқи тоҷик" танҳо аз ин нерӯгоҳ 409 миллион сомонӣ қарздор аст. Тавре намояндагони ширкати "Сангтӯда-2" ҳам мегӯянд, тайи се соли охир қарзи "Барқи тоҷик" аз ин нерӯгоҳ ба 25 миллион доллар расидааст.

XS
SM
MD
LG