Як нозири Маркази барқдиҳии "Шоҳмансур", ки худро Саидаброр Рӯзиев муаррифӣ кард, имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки панҷ моҳ аст, ки «Барқи тоҷик» маошаш надодааст ва ба қавли ӯ, дигар нозироне, ки дар навоҳии дигари пойтахт дар марказҳои барқдиҳӣ фаъолият мекунанд, музди кории худро дарёфт накардаанд.
Саидаброр Рӯзиев афзуд, «моҳи март маоши моҳи октябру ноябри соли гузаштаро доданд, ҳоло маоши панҷмоҳаамон дода нашудааст ва ҳар моҳ ваъда медиҳанд, ки моҳи дигар медиҳем, лекин моҳ нав мешаваду намедиҳанд.»
Як корманди дигари "Барқи тоҷик", ки дар ин ширкат ҳамчун ронанда фаъолият дорад хоҳиш кард, ки номаш бурда нашавад, зерои аз кор ронда мешавад, гуфт, беш аз 600 сомонӣ маош мегирад, лекин ҳамонро ҳам сари вақт ба онҳо намепардозанд.
Вай афзуд, ки ҳар моҳ вақте барои дарёфти маош муроҷиат кунанд, раҳбари раёсат «ҷоятро холӣ кун» посух медодааст:«Мо медонем, ки «Барқи тоҷик» қарздор аст, лекин мо ҳам бемаош кор карда наметавонем. Ба мо гуфтанд, ки дар моҳи май музди думоҳаи дигарро медиҳанд.»
Дар ҳамин ҳол Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки шикояти кормандоне, ки мегӯянд тайи чанд моҳ музди кории худро нагирифтаанд, асос надорад. Вай афзуд, ки ҳоло ҳамаи чораҳо ҷуста мешавад, ки кормандони ширкат ва марказҳои барқдиҳӣ дар шаҳру навоҳӣ бемаош намонанд.
Ин дар ҳолест, ки ширкати «Барқи тоҷик» яке аз ниҳодҳои қарздортарини Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ба иттилои масъулони "Сангтӯда-1", "Барқи тоҷик" танҳо аз ин нерӯгоҳ 409 миллион сомонӣ қарздор аст. Тавре намояндагони ширкати "Сангтӯда-2" ҳам мегӯянд, тайи се соли охир қарзи "Барқи тоҷик" аз ин нерӯгоҳ ба 25 миллион доллар расидааст, ва бинобар ин мушкилот, маоши чаҳормоҳаи коргаронашонро пардохт накардаанд.