Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Бритониё: Скрипал бо маводи фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шуд. ВИДЕО


Полиси Бритониё расман хабар дод, ки ҷосуси рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия ба эҳтимоли ғолиб бо маводе заҳролуд шудаанд, ки хусусияти фалаҷкунии асаби инсонро дорад.

Қаблан расонаҳо бар пояи манбаъҳо гуфтанд, ки ҷосуси рус бо маводи фентанил заҳролуд шуд, аммо полис ин фарзияро рад кард.

Марк Роулӣ, раҳбари бахши мубориза бо терроризми полиси Бритониё дар изҳороти шоми 7 марти худ аз исми маводи хосе ном набуд ва танҳо гуфт:

“Ман тасдиқ мекунам, ки ҳамла ба ду нафари осебдида аз пеш ва махсус тарҳрезишуда буд ва мо онро ҳамчун кӯшиши куштор арзёбӣ мекунем”.

“Ҳеҷ як кӯшиши куштор дар ҳудуди Бритониё бемуҷозот намемонад”

Вазири умури дохилии Бритониё Амбер Радд аз ин пеш гуфт, ки муфаттишон дар заминаи заҳролудшавии Скрипал маълумоти иловагӣ ба даст овардаанд. “Мо дар бораи ин мавод маълумоти бештар дорем. Имрӯз полис изҳороти иловагӣ медиҳад, то ки мавзӯъ рӯшантар шавад”, гуфт ӯ рӯзи чоршанбе.

Рӯзи 5 март маълум шуд, ки дар Бритониё бо нишонаҳои заҳролудшавӣ собиқ ҷосуси низомии Русия Сергей Скрипали 66 ва Юлия - духтари 33-солаи ӯ пайдо шуданд. Ҳардуи онҳо дар бемористон дар утоқи муолиҷаи интенсивӣ ё босуръат дар ҳолати сангин ба сар мебаранд. Заҳролудшавӣ эҳтимолан рӯзи 4 март рух додааст: падару духтари ҷабрдида дар назди як маркази тиҷоратии шаҳри Солсбери пайдо шуданд.

Сергей Скрипал кист?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Дар вокуниш ба ин ҳодиса вазири умури хориҷии Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, ки мақомот ба тавсеаи таҳримҳо дар нисбати мақомот ва ширкатҳои русӣ пофишорӣ хоҳанд кард.

“Ҳеҷ як кӯшиши куштор дар ҳудуди Бритониё бемуҷозот намемонад”, гуфт вазире, ки бомавқеи шадидан нисбати Русия маъруф аст.

Кремл гуфтааст, ки дар бораи эҳтимоли заҳролуд шудани Скрипал ҳеҷ иттилое надорад. Дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод. “Ман, мутаассифона, ҳеҷ вокунише карда наметавонам, чунки мо ҳеҷ иттилое надорем. Шумо медонед, ки дар кадом шароит ӯ ба Ғарб рафт, яъне бар асоси кадом амал ва қарор. Ман инро такрор намекунам”, гуфт Песков.

Сергей Скрипал, полковник ё сарҳанги бознишастаи истихбороти низомии Русия мебошад ва дар соли 2006 ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Бритониё ба 13 сол зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ ба он муттаҳам мешуд, ки шахсияти шуморе аз ҷосусҳои махфии Русия дар Аврупоро ба Созмони истихборотии Бритониё MI-6 додааст. Сергей Скрипал барои он маълумот, ки аз оғози солҳои 1990-ум додааст, 100 ҳазор доллар дарёфт карда буд.

Скрипал дар моҳи декабри соли 2004 дар Маскав боздошт ва дар моҳи августи соли 2006 “барои хиёнати бузурги ҷосусӣ” ба 13 сол зиндон маҳкум шуд. Хадамоти федералии амнияти Русия иддао дорад, ки вай солҳои 90-ум, замоне ки дар артиш хидмат мекард, бо MI-6 ҳамкориро оғоз карда буд.

Бемории Скрипал ҳодисаи заҳролудшавӣ ва марги ҷосуси собиқи ФСБ дар Лондон дар соли 2006 Александр Литвиненкоро ба ёд меорад. Мақомоти тафтишотии Бритониё дар пай Андрей Луговой, узви порлумони Русияро дар заҳролуд кардани Литвиненко дар як меҳмонхона дар маркази Лондон гунаҳкор карданд.

Таҳқиқот гуфт, ки Литвиненко заҳри полониум 210-ро бо чой нӯшонда шудааст. Аммо Маскав натиҷаҳои ин тафтишро дорои ангезаҳои сиёсӣ номид. Худи Андрей Луговой ва шарики ӯ Дмитрий Ковтун даст доштани худ дар марги мармузи Литвиненкоро рад карданд.

Бисёре аз коршиносон дар Русия ва Бритониё хавф доранд, ки Скрипал охирин қурбонии талоши террор аст. Аммо Игор Сутягин, ки дар ҳоли ҳозир дар Муассисаи хадамоти салтанатии Бритониё дар Лондон кор мекунад, ба “Ассошиэйтед Пресс” гуфтааст, далелҳои кофӣ барои ангушти ишораи Бритониё ба Маскав вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG