Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷосусҳои кишварҳои ИДМ-ро Русия тарбия мекунад


Раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки кишвараш ба омода кардани хизматчиёни амниятӣ барои хадамоти ҷосусии кишварҳои узви Иттиҳодияи давлатҳои мустақил идома хоҳад дод.

Раиси ҷумҳури Русия, Владимир Путин, рӯзи 10 июл дар машварати сарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти ҷосуси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Маскав гуфт, «мо парвариши кадрҳоро барои хадамоти махсус ва ниҳодҳои амниятии дӯстонамон дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил идома додаем ва шуморо бовар медиҳам, ки дар оянда низ идома хоҳем дод."

Путин афзуд, ки дар ин замина Маскав талабот ва хоҳиши кишварҳои узви ИДМ-ро ба назар мегирад.

Президент Путин, бино бар хабари ИТАР-ТАСС, дар ин нишаст таъкид бар ин кардааст, ки дар назди мақомоти амниятӣ доираи васеи вазифаҳои сангин дар амри таъмини суботу амният, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромарзӣ ва муҳоҷирати ғайриқонуниву терроризм қарор дорад: "Мо дар як марҳилаи дар ҳоли табодул қарор дорем ва ин масоил ба таври хоси худ фишороваранда аст.»

Вай таъкид кардааст, ки ҳамкории муштарак дар бахши амният танҳо дар он сурат борвар хоҳад шуд, ки агар мо нерӯҳои худро дар якҷоягӣ тақвият бахшем.

Изҳороти президенти Русия дар ҳоле садо медиҳад, ки садҳо нафар аз кормандони хадамоти ҷосусӣ ва ниҳодҳои амниятии аксари кишварҳои пасошӯравӣ дар омӯзишгоҳҳои махсуси Русия таҳсил мекунанд. Дар ҳоле ки таҳсилу бозомӯзии онҳо дар муассисаҳои таълимии Русия аз тарафи бисёриҳо падидаи мусбат шумурда мешавад, бархе аз коршиносон мегӯянд, ин кадрҳо баъд аз бозгашт ба кишварҳои худ мумкин аст, бо назардошти манфиатҳои Маскав амал кунанд. Таҳсили онҳо дар Русия баъдан барояшон имкон медиҳад, ба шаҳрвандии ин кишвар даст ёбанд. Ҳамон гуна ки даҳҳо корманди амнияти миллии Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтанд ва аз ин кишвар нафақаи бознишастагӣ мегиранд.

Дар бахши дигар аз суханони худ раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки ҳамоҳангӣ дар доираи созмони ЕврАзЭС, хусусан бо оғози кори Иттиҳоди иқтисодии он, боз як муҳити солимро барои ҳамкории якҷояи ниҳодҳои амниятии кишварҳои ИДМ фароҳам меорад:

«Иттиҳоди иқтисодӣ аз 1 янври соли 2015 ба фаъолият шуруъ хоҳад кард ва заминаи иловагӣ ва беҳтар дар амри ҳамкории таъмини амнияти иқтисодӣ хоҳад буд ва мо умедворем, ки шумо дар ин роҳ саҳми муҳим хоҳед гузошт.»

Ба қавли Путин, кишварҳои узви Ҷомеаи мутаракулманофеъ ҳамчунин дар соҳаи ҳарбӣ низ ҳамкорӣ доранд ва дар ҳоли ҳозир системаи ягонаи дифои зиддиҳавоӣ миёни Русия ва Беларус ба анҷом расида, дар ояндаи наздик бо Қазоқистон ва Арманистон ба роҳ монда хоҳад шуд, ки дар оянда як ситемаи ягонаи минтақаӣ дар доираи паймони амнияти дастиҷамъӣ (ОДКБ) дар Аврупои Шарқӣ, Қавқоз ва дар Осиёи Марказӣ ҳосил хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG