Додситони махсуси ИМА ва масъули санҷиши "дахолати Русия" ба интихоботи президентии Амрико дар соли 2016 Роберт Мюллер бо ҷамъоварии далелҳое машғул аст, ки эҳтимол дорад, дар асоси онҳо парвандаи "монеъ шудан ба адолати додгоҳӣ"-ро боз кунад.
Дар ин бора нашрияи амрикоии Politico бо истинод ба суханҳои сенатори демократ аз Калифорния Дайан Файнштейн дар суҳбат бо NBC иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи Файнштейн, худи додситони махсус масоили марбут ба самтҳои тафтишотро ошкор намесозад. Вале ба назари сенатор, иқрори ахири Майкл Флинн, розигии ӯ барои ҳамкорӣ бо муфаттишон ва эътирофи кормандони пешини ситоди интихоботии Доналд Трамп аз омодагиҳо барои боз кардани парвандаи "монеъ шудан ба адолати додгоҳӣ" хабар медиҳанд.
Мюллер баъди он ки Доналд Трам сардори Бюрои федеролии тафтишот (БФТ) Ҷеймс Комиро моҳи майи соли 2017 барканор кард, масъули парвандаи "дахолати Русия" таъйин шуд. Як моҳ пас Комӣ ҳангоми додани баёнот гуфт, ки Трамп ба ӯ фишор овард. Ба гуфтаи Комӣ, президенти ИМА аз ӯ хостааст, ки омӯзиши тамосҳои Флиннро бо шахсони расмии Русия қатъ кунад.
Президенти ИМА Доналд Трамп ахиран бори дигар изҳор дошт, ки миёни раҳбарони маъракаи интихоботии ӯ ва ҷосусҳои ҳукумати Русия ҳеч гуна созише вуҷуд надошт.
Пештар додситони махсус тасмим гирифт, яке аз аъзои калидии гуруҳи тафтишотӣ -- ҷосуси махсуси БФТ Питер Стрзокро ба далели паёмакҳое аз раванди санҷиш барканор кунад, ки метавонанд аз мавқеи интиқодии ӯ зидди Трамп дарак диҳанд.