Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин сафари хориҷии Трамп аз Саудӣ шурӯъ мешавад


Президенти ИМА Доналд Трамп бо нахустин сафари хориҷии худ баъди шурӯи салоҳиятҳояш дар курсии президентӣ дар моҳи январ ба як қатор давлатҳои Ховари Миёнаву Аврупо сафар мекунад. Ин сафар дар пасманзари шиддатгирии бӯҳрони атрофи иртиботи эҳтимолии ӯ бо Русия сурат мегирад.

Маъмурияти Трамп гуфт, ки президент рӯзи ҷумъа нахуст ба Арабистони Саудӣ, баъдан ба Исроил, аз онҷо ба Итолиё, Ватикан ва Брюссел сафар карда талош мекунад бо муттафиқони аслии ИМА, бахусус дар Ховари Миёна, робитаҳои наздиктар барпо кунад.

Вале ин сафарро моҷароҳои баъди барканории Ҷеймс Комӣ аз маснади раиси Бюрои федеролии таҳқиқот, ки иртиботи эҳтимолии наздикони Трамп бо Русияро мавриди санҷиш қарор дод, соя афкандааст. Матбуот

Ман ба кори мардум кор надорам, вале мо бояд ба мудирияти хеле ва хеле хуби ин кишвар таваҷҷӯҳ кунем. Трамп

гуфт, ки Трамп моҳи феврал талош кард, ки ба Комӣ барои хатми таҳқиқи робитаҳои мушовири аввали амниятиаш бо Русия фишор оварад. Кохи Сафед инчунин бо иттиҳомоти дигари ахир муқобила мекунад, ки гуфтааст, дар ҷараёни музокироташ бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи 10 май Трамп маълумоти хеле махфии истихборотиро дар бораи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ихтиёри русҳо қарор дод.

Тибқи гузоришҳо, ин маълумот бо кӯмаки як ҷосуси исроилии воқеъ дар Сурия ба даст омадааст. Дар як таҳаввулоти дигар, ки эҳтимолан барои Кохи Сафед нохушоянд аст, вазорати адлия раиси собиқи Бюрои федеролии таҳқиқот Роберт Мюллерро масъули таҳқиқи иртибот бо Русия таъйин кард.

Худи Трамп дар як изҳороташ дар саҳифаи Твиттер худро қурбони “ҳамлаҳои ҳадафмандона” номид ва гуфт, ки ин ҳама боиси эҷоди ихтилоф дар ҷомеа мешавад. Вай гуфт, “фардо ман ба Арабистони Саудӣ, Исроил ва Рум мераваму дар нишасти Гурӯҳи ҳафтгона (ҳамоиши кишварҳои пешрафтаи иқтисодӣ) иштирок мекунам. Мо корҳои хубе анҷом медиҳем ва аз он ки тафриқае ба миён омадааст, нафратам меояд. Ман ба кори мардум кор надорам, вале мо бояд ба мудирияти хеле ва хеле хуби ин кишвар таваҷҷӯҳ кунем”.

Арабистони Саудӣ ва Исроил аз муттафиқони наздики ИМА дар Ховари Миёна мебошанд ва ин кишварҳо ҳам тарафдори хатми зудтари ҷанги шашсолаи Сурия мебошанд. Коршиносон инчунин мунтазири онанд, ки шояд Трамп дар заминаи тағйирот дар сиёсати ИМА дар ҷанги Исроилу Фаластин, бахусус дар робита бо мақоми баҳсбарангези Байтулмуқаддас ҳарфи наве бигӯяд.

3 май, Вашингтон
3 май, Вашингтон

Трамп ният дорад дар ҷараёни сафар бо президенти Фаластин Маҳмуди Аббос, попи Рум Франсиск ва дигарҳо мулоқот кунад.

Трамп дар Брюссел рӯзи 25 май бо ҳамкоронаш аз паймони НАТО мулоқот мекунад. Дар НАТО умедворанд, ки баъди интиқодҳои порсолааш пуштибонии бештарро аз ин паймони низомӣ ба намоиш мегузорад. Трамп борҳо танқид кардааст, ки муттафиқони дигар дар ин созмон дар хароҷоти НАТО саҳми камтаре доранд ва бор аслии ин масраотро ИМА ба дӯш дорад.

Баъди музокироти НАТО рӯзҳои 26 ва 27 май Трамп дар Сисилия дар нишасти кишварҳои Гурӯҳи ҳафтгона, ки ба он ИМА, Бритониё, Фаронса, Олмон, Итолиё, Канада ва Ҷопон шомиланд, иштирок хоҳад кард.

Рекс Тиллерсон, вазири хориҷаи ИМА, ки дар сафари хориҷӣ президентро ҳамроҳӣ мекунад, зимни сӯҳбаташ бо хабарнигорон дар Вашингтон рӯзи 18 май гуфт, ки ин сафар ба манзури намоиши мушорикати ИМА дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ мебошад.

“Раҳбарони зиёд, бахусус дар он нуқоти ҷаҳон, ки мо сафар мекунем, омода ҳастанд, бо Амрико дар заминаи мушкилоти зиёд дубора ба ҳам оянд”.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG