Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти Савченко ба Киев -"бомба"-и Путин барои Украина


Таҳлилгари масоили Украина Сергей Дорофеев мегӯяд, ки бозгашти Надежда Савченко ба Киев низоми сиёсии ин кишварро комилан тағйир хоҳад дод.

Баъди тахминан ду соли ҳабс халабони украинӣ Надежда Савченко рӯзи 25 май аз маҳбаси Русия озод ва дар ҳавопаймои президенти Украина ба Киев оварда шуд. Савченко дафъатан дар фурудгоҳи Борисполи канори шаҳри Киев дар баробари ҳаводоронаш қавл дод, ки муборизаашро зидди ҷудоиталабони рӯ ба Маскав идома хоҳад дод. Шароити озодшавии Савченко баъди он имконпазир шуд, ки Маскав барои табдили ду низомии руси дар ҷангҳои шарқи Украина боздоштшуда розӣ шуд.

Дар бораи бозгашти Савченко ба Украина ва эҳтимолияти ба чолиш кашондани сиёсати Украина шореҳи телевизиони “Настоящее время” Сергей Дорофеев сӯҳбат мекунад.

Радиои Озодӣ: Сергей, бигӯед, чаро, ба назари шумо, Путин розӣ шуд, ки Савченкоро маҳз дар ҳамин шабу рӯз озод кунад?

Сергей Дорофеев: Ман ҳоло намехоҳам ҳадсзанӣ кунам, чунки шароити воқеии озодшавии Савченкоро танҳо чанд нафар дар ҳукуматҳои Маскав ва Киев медонанд. Пеш аз ҳама бигӯем, ки ин озодшавӣ неву як табдил аст, табдили Савченко бо ду ҷосуси рус Ерофеев ва Александров. Ин табдил метавонист чанд рӯз пештар ё дертар баргузор мешуд. Худи ин ҳодиса ба ҳеҷ сурат тасодуфӣ нест. Путин бешубҳа аз рангу бӯю табиати сиёсати Украина хеле хуб огаҳ аст. Вай хеле хуб медонад, ки Надежда Савченкоро раъйдиҳандагони зиёд тарафдорӣ мекунанд. Надежда сиёсатмадори касбӣ нест, вале ман махсус ин истилоҳро истифода кардам. Ҳоло дар Украини мизони хастагӣ аз сиёсатмадорон хеле боло рафтааст. Вақте ба ҷомеа як шахси ҷасур, қаҳрамон, матин ва ба қавлаш содиқ ворид мешавад, ҳамаи дигарҳоро таҳти соя қарор медиҳад. Надеждаро ҷавоб дода, Путин дар Украина як бомбаи вақтро сар медиҳад. Дирӯз аллакай ин чиз дида шуд, вақте Савченко нахост аз Юлия Тимошенко гулдаста гирифта ӯро ба оғӯш кашад, ҳарчанд Савченко аз ҳизби “Батковшина”-и Тимошенко мебошад. Ва Тимошенко ҳам барои озодшавии Савченко саҳм гузоштааст. Вай гуфт, ”мову шумо чандон одамҳои наздик нестем, ки аз дасти шумо гул гирам”. Айнан чунин фосилагириро мо дар қасри президент ҳам мушоҳида кардем. Вай ба худи Порошенко ҳам якпаҳлӯ нигоҳ мекард. Айни замон, ӯ низомиёнеро, ки аз Донбасс омаданд, хеле гарму самимӣ ба оғӯш кашид. Ҳарфи он таҳлилгарон дуруст аст, ки табдили Савченко ва Ерофееву Александров танҳо як бахши маҷмӯи муомилоти Киеву Маскав аст. Эҳтимолан, ба наздикӣ мо шоҳиди таҳаввулоте дар робита бо Донбас шавем. Ҳоло дар ҳамин шабу рӯзи озодшавии Надежда дар шарқи Украина хушунатҳо афзоиш ёфт. Як чизи муҳими дигар ин аст, ки президент Петро Порошенко, ки барои озодии Савченко хеле заҳмат кашид, як дипломат ва миёнарави олӣ аст ва медонад, ки Ғарб аз ӯ чӣ мехоҳад. Бешубҳа, бозгашти Надежда обурӯи Порошенкоро боло мебарад. Вале агар бархе фикр кунанд, ки бо бозгардони Надежда ба Украина Порошенко ҷоиза гирифт, бояд донанд, ки ин танҳо як бахши масъала аст. Дар асл ин як санги вазнин аст. Чунки бо бозгашти Савченко бисёриҳо бозгардони боздоштшудаҳои дигарро аз зиндонҳои Русия интизор мешаванд ва ваъдаи Порошенкоро ҳам дар ин бора аллакай шуниданд. То куҷо ҳукумати Украина аз ӯҳдаи ин кор мебарояд, инро вақт нишон медиҳад.

Радиои Озодӣ: Савченко ҳамчун як қаҳрамони миллӣ ба Украина баргашт. Ӯ хеле бо лаҳни шадид ва қотеона ваъда дод, ки барои Украина омода аст ҷонашро фидо кунад. Мавқеи сиёсии ӯро шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Сергей Дорофеев: Агар манзури шумо таҷрибаи сиёсиву сиёсатмадории Савченко бошад, пас бояд гуфт, ки ӯ комилан бетаҷриба аст. Надежда як халабон аст. Кор дар фазои осмон ва дар арсаи сиёсӣ қобили қиёс нест. Бешубҳа, парвозҳои сиёсии ӯро дар замин муттафиқони имрӯзааш халалдор мекунанд, инҳо ҳамаи онҳоеанд, ки ҳанӯз ӯ ба арсаи сиёсӣ по нагузошта, рақибаш мебинанд. Путин ҳам инро хеле хуб мефаҳмад ва Савченко ҳам бо барномаи худ ба ватан баргашт, барномае, ки аз пешниҳоди сиёсатмадорони имрӯза фарқ мекунад. Вай бо муомилаю гуфтумонҳо, бо дасисабозиҳои пасипардаӣ машғул намешавад, коре, ки бисёр сиёсатмадорони имрӯза, нахоҳанд ҳам, мекунанд. Надежда низоми мавҷудаи сиёсиро мешиканад ва инро ҳам дар Киев ва ҳам Маскав хуб дарк мекунанд. Ҳеҷ як сиёматмадоре, ки мехоҳад обрӯ гирад, намехоҳад, ки дар сояи Савченко бимонад. Маълум нест, ки худи Савченко омода мешавад, ки кабинаи ҳавопайморо ба долонҳои Рада ё Маҷмаи парлумонии Аврупо табдил диҳад. Таърих гувоҳ аст, ки шахсиятҳои зиёди қавиву қаҳрамон ва дорои пуштибонии ҷомеа натавонистанд худро дар сиёсат намоиш диҳанд. Табиати сиёсати Украина вижагиҳои худро дорад, инро фаромӯш намекунем, ҳоло мо ниятҳои Надеждаро ҳам намедонем. Аз ҳамин хотир, бояд интизор шуд. Як чиз мусаллам аст, ки ҳамин тағйирот барои Надежда мушкил мегузарад.

Радиои Озодӣ: Баъзе таҳлилгарони ғарбӣ ҳоло мегӯянд, ки Надежда базудӣ худи президент Порошенкоро ба чолиш кашонда, метавонад курсии ӯро ишғол кунад. Назари шумо ба ин чист?

Сергей Дорофеев: Надежда Савченко барои ҳар як сиёсатмадори украинӣ як чолиш мешавад. Як вижагии муҳити сиёсии Украина ин аст, ки ҷомеа аз сиёсатмадорони украинӣ ба ин ҳолате, ки ҳоло доранд, хаста шудааст ва Надежда ҳам бо кӯлвори худ ё як рисолати худ меояд. Бозгашти Савченко ба ҳама бозингарон ва ҳамаи онҳое, ки дирӯз ӯро самимона ва ё рӯидилакӣ мебӯсиданду пешаш таъзим мекарданд, чолиш аст. Ҳама чиз аз худи Надежда вобаста аст, ки то куҷо метавонад худро ба даст гирад ва раъйдиҳандагонашро ноумед накунад. Ҳоло ӯ як қаҳрамон ва як рамз аст. Оё ӯ метавонад бо ҳамкоронаш дар арсаи сиёсӣ бо дандони тез сӯҳбат кунад, намедонем. Аслан худи лаҳни сӯҳбатҳои Надежда ҳам дар ҷараёни мурофиаҳо ва ҳам баъди бозгашташ хеле шадид аст. Вай гӯё бо теғ мебурад. Рафтори ӯ ба он маъно аст, ки барои ҳеҷ як муомила бо гурӯҳҳои сиёсӣ омода намешавад. Ҳамин ростгӯиву нотарсиаш, ки аз ҷониби раъйдиҳандагон хеле хуб қабул мешавад, барои ҳамкоронаш дар арсаи сиёсӣ хуш намеояд. Ҳоло бояд мушоҳида кард, ки Надежда чӣ мегӯяд, дар кадом ҳолат хомӯш аст ва аз ҳамин ҳаракатҳои ӯ мебинем, ки посухи ин ҳама саволҳо чист.

XS
SM
MD
LG