Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии як донишманди қирғиз баъди норозигӣ ба кори мақомот


Жоомарт Қарабоев.
Жоомарт Қарабоев.

Корманди пешини Академияи илмҳои Қирғизистон Жоомарт Қарабоев 2 июн барои бозпурсӣ ба Кумитаи амнияти миллии он кишвар бурда шудааст.

Созмони ҳомии ҳуқуқи "Кылым Шамы" хабар дод, ки сабаби даъвати Қарабоев ба бозпурсӣ маълум нест. Вале ба гуфтаи масъулони созмон, ӯ ахиран норозигии худро ба кори академия баён ва "аз иштирок дар ташхиси як қатор парвандаҳо худдорӣ карда буд".

Кумита то ҳол бозпурсии собиқ корманди академияро шарҳ надодааст ва талошҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳам барои гирифтани назари наздикон ва вакили дифои Қарабоев дар ин замина бенатиҷа буданд.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ Гулшайир Абдирасулова, Қарабоев борҳо гуфтааст, ки Академияи миллии илмҳои Қирғизистон натиҷаи ташхиси парвандаҳои ҷиноиро бо хости хадамоти махсуси кишвар пешниҳод мекунад.

Худи Қарабоев қаблан гуфта буд, парвандаҳои ҷиноиро дар Қирғизистон шахсоне ташхис мекунанд, ки мутахассиси соҳа нестанд. Ӯ ҳамчунин мақомотро танқид мекард.

XS
SM
MD
LG