Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бастрикин гуфт, Русия муҳоҷиронро ба ҷанг мефиристад, "то кам шаванд"


Александр Бастрикин
Александр Бастрикин

Раиси Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, дар бештар аз ду соли охир қариб 10 ҳазор муҳоҷирро ба артиши ин кишвар ҷалб кардаанд. Маълум нест, чӣ қадари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд.

Александр Бастрикин рӯзи 27-уми июн дар як Нишасти байнулмилалӣ дар Санкт-Петербург гуфтааст, муҳоҷиронро барои он ба ҷанг дар Украина мефиристанд, ки "худашон Русияро тарк кунанд".

"Медонед, мо ҳиллаеро ёфтем, ки муҳоҷирон оҳиста-оҳиста аз Русия бираванд," – иқтибос овардааст "РБК" аз қавли Бастрикин.

Вай афзудааст: "Мо ба иҷрои муқаррароти Конститутсия ва қонунҳои худ шуруъ кардем. Тибқи он, шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, бояд худро дар қайди ҳарбӣ гузоранд ва ҳангоми зарурат дар амалиёти махсуси низомӣ (Русия ҷангро дар Украина чунин меномад) ширкат кунанд."

"Беш аз 30 ҳазор нафареро дастгир карданд, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, вале намехостанд худро дар қайди ҳарбӣ гузоранд," - гуфтааст Бастрикин. Ба қавли ӯ, бо масъалаи дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ гузоштани муҳоҷирон муфаттишони Кумитаи тафтишотии Русия машғул ҳастанд (чунин кор ба салоҳияти Кумитаи тафтишот дохил намешавад - Р.О.).

Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, пайваста дар бораи ба майдони ҷанг бурда шудани зодагони Осиёи Марказӣ гузориш мерасад. Ҳукумати Тоҷикистон, Узбекистон ва кишварҳои дигари минтақа бидуни ёдовар шудан аз ҷанги Русия дар Украина аз сокинон хостаанд, ки ба "ҷанги бегона" нараванд, чун зархаридӣ арзёбӣ мешавад ва ҷазо дорад.

Теъдоди дақиқи зодагон ё шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷанги Украина ҷалб шудаанд, маълум нест. Танҳо исми бештар аз сад нафари онҳо пас аз фавт ё дар асорат дар Украина расонаӣ шудааст. Мақомоти Тоҷикистон то ин дам танҳо сад мавриди ҷалби маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг тасдиқ карданд.

Александр Бастрикин, ки аз соли 2011 ба ин сӯ раёсати Кумитаи тафтишоти Русияро ба уҳда дорад, борҳо ба зидди муҳоҷирон изҳорот дода, аз сахттар кардани қонуни муҳоҷират пуштибонӣ намудааст.

Изҳороти охири ӯ дар пасманзари сахттар шудани санҷиши муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа Тоҷикистон, садо дод. Ин вазъ баъди ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” дар наздикии Маскав пеш омад. Мақомоти Русия ба гумони даст доштан дар ҳодисаи моҳи март чанд зодаи Тоҷикистонро дастгир карданд. Ҳамаи онҳо хоҳони бозбинии қарори додгоҳ шуданд, вале посухи рад гирифтанд.

XS
SM
MD
LG