Ин нукта дар гузориши солонаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА дар мавриди озодиҳои динӣ дар ҷаҳон нашр шудааст. Гузориши 24-саҳифаӣ рӯзи 26-уми июн аз ҷониби котиби давлатӣ Энтони Блинкен дар Вашингтон муаррифӣ шуд.
Номи Тоҷикистон ин навбат ҳам дар гурӯҳи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” ҳаст. Далелашро муаллифон “ба нақзи шадиди озодиҳои динӣ” вобаста донистаанд.
Дар гузориш омадааст, дар Тоҷикистон мардум аз баррасии озоди мавзуъҳои динӣ парҳез мекунанд, чун намехоҳанд мавриди азияту озор қарор гиранд.
Бори аввал нест, ки ҳукумати Тоҷикистон барои маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабиву анҷоми фаризаҳои динӣ танқид мешавад, вале президент Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсати ҳукуматаш дар бархӯрд бо масоили динӣ ҳимоят мекунад.
Аз ҷумла, ӯ рӯзи 9-уми марти имсол, дар остонаи моҳи Рамазон, гуфт: “Дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд.”
Каме омор
Дар Тоҷикистон 90 дарсади аҳолӣ мусалмон ва асосан пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд. 4 дарсад исмоилӣ буда, аксарашон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастанд. Бахши асосии намояндагони дини насрониро пайравони калисои православӣ ташкил медиҳанд. Дар кишвар 4058 ташкилоти динӣ, аз ҷумла 66 созмони ғайримусалмонӣ номнавис шудааст.
Муаллифони гузориши Департаменти давлатии Амрико мегӯянд, доираи фаъолияти ин созмонҳо ҳам сахт назорат мешавад.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2023, ба қавли вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, дар Тоҷикистон 195 нафар ба иттиҳоми ифротгароӣ ва терроризм ва узвият дар созмонҳои мамнуъ боздошт шуданд. Айни замон, созмони “Форум 18”, ки озодиҳои диниро пайгирӣ мекунад, ҳисоб кардааст, ки соли гузашта дастикам 19 нафар барои озодии виҷдон ё эътиқод ба зиндон рафтаанд.
Фишор болои исмоилиҳо
Муҳаққиқони амрикоӣ аз фишор ба ҷомеаи исмоилиҳо баъд аз саркӯби эътирозҳои соли 2022 дар ВМКБ, бастан ва ё ба ихтиёри давлат додани муассисаҳои вобаста ба Бунёди Оқохон, манъи ибодати дастҷамъӣ дар хонаҳои сокинони вилоят чун намунаҳои фишор болои ин камшуморони мазҳабӣ дар Тоҷикистон таъкид кардаанд.
Ҳоло, бар асоси ин гузориш, дари ду маркази исмоилӣ дар Душанбе ва Хоруғ боз мемонад, вале ба ҷуз намозгузорӣ дигар ҳаққи роҳандозии фаъолиятҳои маърифативу фарҳангиро надоранд.
14-уми июни соли 2023 бо қарори Додгоҳи олӣ вебсайти хабарии Pamir Daily News баста ва экстремистӣ номида шуд, дар ҳоле ки хабарҳои он барои бозтоби таҳаввулот дар ВМКБ ва ҳодисаҳои поймолкунии ҳуқуқи сокинонаш тамаркуз кардааст.
“Ин амалҳо барои аз байн бурдани мухолифони сиёсӣ ва тақвияти назорат бар ин минтақаи норозӣ нигаронида шудаанд,” -- гуфтаанд таҳлилгарони умур ба муаллифони гузориш.
Парвандаи Таҳмина ва Фарзона
Гузориш аз қарори баъди панҷ сол аз зиндон озод кардани Шамил Ҳакимови 72-сола, як узви созмони мамнӯи “Шоҳидони Яҳува” ёдовар шудааст. Муаллифон мегӯянд, кормандони сафорат аз мақомоти тоҷик чанд бор хостанд, ки ӯро озод намоянд ва вақте озод шуд, биноии як чашмашро аз даст дода буд.
“Шоҳидони Яҳува” аз соли 2007 мамнуъ буда, соли 2021 экстремистӣ унвон шудааст ва як мояи норизоияти ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки ақидаи он ба даст гирифтани силоҳ ва хидмат дар артишро манъ мекунад.
Гузориш инчунин аз шаш соли зиндони имомхатиби Кӯшониён Абдуҳаннон Усмонов барои манъи таҳсили духтараш, ҳашт сол зиндони раҳбари салафиҳо Муҳаммадӣ Муҳаррамов, норӯшаниҳои атрофи сабтиноми ҷомеаи зардуштиён аз ҷониби Абдуқодир Талбаков ёдовар шудааст.
Гузориш бо такя ба "Форум 18" қазияи Фарзона Сиддиқова ва Таҳмина Авлиёқуловаро мисол овардааст. Ин ду узви “Шоҳидони Яҳува” аввал боздошт шуда, сипас барои намоиши ошкори эътиқоди динии худ аз рӯи моддаи “барангехтани адовати динӣ” ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Ба навиштаи манбаъ, додгоҳи Тоҷикистон ба ҳуқуқшиноси украинӣ иҷозаи ҳимоят аз ҳаққи ин занон ва ҳам имкони бозбинии ҳукмро дар Додгоҳи олӣ надод ва Сиддиқоваю Авлиёқулова 600 доллар ҷарима шудаанд.
“Мурофиа бо нақзи фаровони муқаррароти додгоҳӣ ҷараён гирифт” ва ин нахустин чунин парвандаи маъмурӣ нисбат ба аъзои “Шоҳидони Яҳува” буд, гуфтааст ин созмон.
“Қонуни дин бояд бозбинӣ шавад”
Муаллифони гузориш аз сафари Гузоришгари вижаи СММ дар умури озодиҳои мазҳабӣ ва эътиқод ёдовар шудаанд, ки гуфтааст, қонун дар бораи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон бояд бозбинӣ шавад.
Нозила Қонеъ дар поёни сафари даҳрӯзааш ба Тоҷикистон рӯзи 20-уми апрели соли 2023 гуфт: “Ман аз мақомот даъват мекунам, ки берун аз нигаронии худ дар бораи экстремизм, терроризм ва барангехтани адоват нигоҳ кунанд ва тасаввуроти худро дар саҳми мусбати дин ва эътиқод дар ҳаёти ҳамоҳанг ва пурғановати ҷамъиятӣ боз намоянд. Дин ё эътиқод ба танҳоӣ омили ҷиддии хатарро барои ҳаёти иҷтимоӣ эҷод намекунад: он метавонад ба таври фаъол дар рушд, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат намояд.”
Гуфтугӯ