Созмон дар гузориши нави худ аз назари озодиҳо ба Тоҷикистон аз 100 хол танҳо 5 хол дод. Гузориши “Озодиҳо дар ҷаҳон 2024. Зиёни афзоянда аз интихоботи ғайриқонунӣ ва низоъҳои мусаллаҳона” (Freedom in the world 2024. The Mounting Damage of Flawed Elections and Armed Conflict) рӯзи 29-уми феврал нашр шуд.
"Озодиҳо дар Тоҷикистон дар соли 2023 бо сабаби талошҳои давомдори саркӯби озодии баён ва табъйизи ҷомеаи помириҳо боз ду зина поин рафт," – гуфт Кетрин Грот (Cathryn Grothe), муҳаққиқи Freedom House.
"Таъсири бад расонд"
Ӯ назарашро дар бораи вазъи Тоҷикистон ба таври хаттӣ ба Радиои Озодӣ фиристод. Мегӯяд, дар даҳ соли охир – аз 2013 то 2023 – раванди уфти якбораи нишондодҳои озодӣ дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
"Ин ҳолат ба ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои маданӣ таъсири бад расонда, ҳосили раҳбарии президенти худкома Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз соли 1992 қудратро дар даст нигоҳ медорад," – шарҳ дод Кетрин Грот.
Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз назари худро ба гузориш баён накардаанд, аммо дар гузашта созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсонро ба нигоҳи ғаразомез ва якҷониба гунаҳкор намуда буданд.
Аз ҷумла, мақомот будани зиндониҳои сиёсиро аз ҳисоби мухолифону тарафдорони онҳо ва блогерону журналистони маъруф рад карда, мегӯянд, онҳо барои ҷиноятҳои мушаххас ҷазо гирифтаанд. Ҳарчанд худи маҳкумшудаҳо, пайвандон ва тарафдорон парвандаи онҳоро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд.
Муҳаққиқони Freedom House ё Хонаи Озодӣ мегӯянд, пас аз саркӯби эътирозгарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2022 ҳабси даҳҳо нафар, аз ҷумла дастикам ҳашт журналисту блогер, озодиҳои маданӣ таҳти ҳамлаи афзоянда қарор гирифтанд.
"Мақомот журналистону блогеронро, ки назарашонро ба шакли хаттиву шифоҳӣ баён мекунанд, таҳдид ва таъқиб карданд. Чанд журналист соле аз он пеш боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ҳабс шуданд, чун мақомот саркӯби матбуоти озод ва сензураи матбуотро идома доданд,” – гуфта шудааст дар гузориш.
Ба қавли муаллифон, чунин бархӯрд бо матбуот боис ба он шудааст, ки мардуми одӣ ҳам дар Тоҷикистон акнун барои пешгирӣ аз таъқиб талош мекунанд дар баёни андеша эҳтиёткор бошанд.
"Чораҳои бештар барои саркӯби помириҳо"
Кетрин Грот ба вазъи бештар бадшудаи камшуморон ё ақаллиятҳои помирӣ ҳам таъкид кардааст. Вай мегӯяд: “Ҷомеаи помириҳо дар соли 2023 бо табъйизи сангинтар рӯбарӯ шуд ва мақомот чораҳои бештарро барои саркӯби помириҳо рӯйи даст гирифтанд.”
Мақомот дар Тоҷикистон пештар гуфта буданд, ки бо мавқеи созмонҳои байнулмилалӣ розӣ нестанд, ки помириҳоро чун ақаллияти миллӣ ва динӣ муаррифӣ мекунанд.
“Помириҳои мусалмон пайрави исмоилия ва як ақаллияти мавриди таъқиби густарда дар Тоҷикистон ҳастанд ва барои озодиҳои диниашон соли 2023 бо маҳдудияти сангинтар рӯбарӯ шуданд. Мақомот макони онҳоро маҳдуд карда, чанд нафарро барои ташкили намозгузорӣ дар дохили хонаашон ҷарима шуданд. Ба иловаи ин маҳдудияти озодиҳои динӣ, фаъолони помирӣ ва шаҳрвандон бо ҳабсу таъқибҳои худсарона рӯбарӯ шуданд ва шумори афзояндаи помириҳо аз тарси таъқиб рӯ ба фирор оварданд,” – афзуд Кетрин Грот.
Моҳи августи 2023 мақомот тасдиқ карданд, ки дар ним соли гузашта фаъолияти панҷ созмони иҷтимоиро дар Бадахшон барҳам додаанд ва сабабаш, ба қавли онҳо ин буд, ки гуё “бо гуруҳҳои ҷиноӣ робита доштанд”.
Дар бораи баргузории амалиёти саркӯби эътирозҳо дар ин вилоят ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, чунин амалиёт “омили таҳкими амният” ва ҳабсу боздоштҳо “роҳи пешгирӣ аз ҷурму ҷинояти зидди ҷомеа ва шахсони мансабдори ВМКБ” мебошад. Вале фаъолони помирӣ ва ҳам мухолифони ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, мақсади амалиёт саркӯб кардани дигарандешон ва норозиён буд.
Freedom House ё Хонаи Озодӣ мегӯяд, ҷанги идомаёбандаи Русия дар хоки Украина, ки ба он ду сол пур шуд, ба саросари Осиёи Марказӣ ҳам таъсир гузошт.
Иқтисоди Тоҷикистон аз даромади муҳоҷирон дар Русия ҳамоно вобастагии сахт дорад. Дар пайи муноқишаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мизони адоват боло рафт ва амнияти сокинони ҳарду тараф осеб дид. Музокираҳои байни Душанбе ва Бишкек тамоми соли 2023 идома кард, ҳарчанд то охири сол равобити дипломатии байни ду кишвар сард монд.