Пештар, 11-уми декабр Кумисюни Амрико дар бахши озодии дин дар гузорише аз Департаменти давлатии ин кишвар хост, ки Тоҷикистонро барои нақзи давомдор ва дағалонаи озодиҳои динӣ дигарбора ба унвони кишвари мавриди нигаронии хос бишиносад ва ба зидди мансабдорон баъзе таҳримҳо ҷорӣ кунад.
Пойгоҳи “Forum18” бо таъкид ба ин ки Тоҷикистон мисли озодии баён озодиҳои диниро низ маҳдуд мекунад, ҳамчунин ба эҷоди фазои тарс, маҷбур кардани имомхатибҳо ба хондани хутбаҳои мақомот, контроли шадиди фаъолият ва шумораи масоҷид, зиндониёни эътиқодӣ, нақзи озодиҳои диниву эътиқодии исмоилиён дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, маҳдудиятҳо дар пӯшидани либосҳои мазҳабӣ (аз ҷумла ҳиҷоб) ва гузоштани риш, маҳдудиятҳои қонуни танзими ҷашну маросим ва мавридҳои зиёди нақзи Қоидаҳои СММ ишора кардааст.
Нигаронӣ аз баста шудани хонаҳои намозгузорӣ дар Бадахшон
Ба фарқ аз гузоришҳои пешини ин пойгоҳ, имсол дар мавриди нақзи ҳуқуқҳои диниву эътиқодии камшуморон ё аққалияти мазҳабии исмоилиён дар ВМКБ таъкид шудааст. Аз ҷумла ин пойгоҳ гуфтааст, ки мақомот 26-уми июл халифаи исмоилӣ дар Хоруғ, Музаффар Давлатмирови 59-соларо боздошт ва ба панҷ соли зиндон маҳкум кардааст.
Ҳамчунин ин пойгоҳ гуфтааст, ки мақомот дар пайи ҳаводиси моҳи майи ин минтақа, ҳамаи хонаҳои намозгузорӣ дар минтақа ва Маркази таълимии исмоилиро, ки соли 2018 дар Хоруғ боз шуда буд, бастааст.
Ҳарчанд фаъолони мазҳабии исмоилӣ аз суҳбати ошкоро бо расонаҳо худдорӣ мекунанд, аммо як манбаъ, ки пештар дар Кумитаи рушти ҷамоатхонаҳои исмоилиён, як ниҳоди расмии мазҳабии исмоилиён кор мекардаст, бидуни бурдани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз ҳаводиси моҳи май як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст.
“Аз ҷумла Барномаи омӯзиши муаллимони синфҳои болоӣ (Secondary Teacher Education Programme) қатъ гардид, ки аз сӯйи Институти таҳқиқоти исмоилӣ сарпарастӣ мешуд, гузоштани намози ҷумъа дар манотиқе, ки ҷамоатхона надоштан дар хонаҳо манъ карда шуд, баргузории маҳфилҳои фарҳангиву мазҳабӣ дар ҷамоатхонаҳои Душанбеву Хоруғ низ манъ шуд, танҳо намозгузорӣ иҷоза ҳасту халос. Ҳамчунин, ҳоло пеш аз намоз хондани хутбаҳои дарбаргирандаи панду насиҳат ва даъватҳо расм шуд, ки то ин вақт собиқа надошт”,- гуфт ин манбаъ.
"Дарси Ахлоқ ва маърифат манъ шуд"
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло фаъолияти Шӯрои Консули миллии исмоилӣ (Ismaili National Council) дар Тоҷикистон комилан лағв шудааст ва дар шумораи кормандон ва фаъолиятҳои Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо низ коҳиш сурат гирифтааст.
Пештар аз ҳаводиси моҳи майи соли 2012, дарси “Ахлоқ ва маърифат”, ки дар тавофуқ бо Вазорати маорифи Тоҷикистон дар мактабҳои миёнаи давлатӣ барои исмоилиён омӯхта мешуд, манъ гардида буд.
Дар мавриди ҳуқуқҳои мазҳабии исмоилиён моҳи апрели соли гузашта гузоришгари вижаи СММ дар умури озодиҳои динӣ, Нозила Қонеъ, зимни сафараш ба Тоҷикистон ва боздид аз ВМКБ изҳори нигаронӣ кард.
Гузоришгари СММ, пас аз ин сафар, дар як суҳбати вижа бо Радиои Озодӣ дар мавриди ҳуқуқи исмоилиҳо гуфт, ки “он маълумоте, ки мо дар даст доштем, бар асоси мушоҳидаҳои бевоситаамон дар Бадахшон тасдиқи худро ёфтанд”.
Ҳукумат ин гузоришҳоро "ғайривоқеӣ" мехонад
Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша интиқоди созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалиро рад мекунанд ва мегӯяд, ки ин гузоришҳо ғайривоқеӣ таҳия мешаванд. Ҳукумат фишор ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҷумла озодиҳои динниро эътироф намекунанд ва онро ба мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ рабт медиҳанд.
Кумитаи дини Тоҷикистон бар ин аст, ки арзёбии вазъи фазо ва озодиҳои динӣ аз ҷониби ниҳодҳои босалоҳиятро ҳамеша пайгирӣ мекунад, аммо на ҳамаи он арзёбиҳо баёнкунандаи воқеияти вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонанд.
Дар як посухи катбӣ ба суолҳои Радиои Озодӣ ин ниҳод мегӯяд, ки “далоили дар гузоришҳои пойгоҳи “Форум 18” зикршуда ҳам дар бештари маврид асоснок нестанд. Масалан, дилхоҳ санҷиши нақшавӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ ҳамчун “фишор” баҳо дода мешавад, ки саҳеҳ нест. Гузашта аз ин, ин пойгоҳ дар аксар маврид аз сарчашмаҳои хабарие истифода мекунад, ки мавриди эътимод нестанд. Ҳамин аст, ки ба вазъи умумии таъмини ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон якҷониба баҳо дода мешавад”.
Кумитаи дин вазъи озодиҳои динӣ дар кишварро “дар сатҳи хуб” дониста, таъкид кардааст, “сокинони кишвар бидуни монеа эҳтиёҷоти динии худро бароварда мекунанд”.
Коршиносон мегӯяд, дар маҷмуъ вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон “дар сатҳи миёна аст”.
Рустам Азизӣ, таҳлилгари масоили динӣ мегӯяд “дар маҷмуъ вазъи озодиҳои диниро метавонем ба таври миёна арзёбӣ кунем. Чун бо вуҷуди баъзе аз мушкилот ё нуктаҳои сӯйитафоҳум ба таври умум, он маҳдудиятҳои воқеии сангине, ки дар кишварҳои дигар ба вуҷуд меояд, нест. Масъалаи дигар ин аст, ки то ҳанӯз дар сатҳи ҷомеа низ, мо бархӯрдҳо ё низоъҳои иҷтимоии ношӣ аз масоили диниро ба таври густарда надидаем. Яъне ҳолатҳои хушунат нисбат ба аққалиятҳо нест, агар низоъҳо дар сатҳи шахсиро сарфи назар кунем”,-мегӯяд, Азизӣ.
Аммо Азизӣ бо таъкид ба наҳваи таҳияи гузоришҳои ниҳодҳои байналмилалӣ ва посухҳои ҷониби Тоҷикистон, мегӯяд, ки аз соли 2016 ба ин сӯ на шеваи эродҳои тағйир ёфту на ҷавобҳои расмиву ғайрирасмии ҷониби Тоҷикистон.
“Дар ин гузоришҳо ҳам ҷониби интиқод ва ҳам ҷониби посух бо ду забони мухталиф суҳбат мекунанд ва талоши фаҳмидани мавқеи ҳамдигар, чандон баръало ба назар намерасад. Вале агар ба муҳтавои ин интиқодҳо бингарем бештари онҳо хеле ҷиддӣ нестанд, ки қобили иҷро ё қобили татбиқ набошанд”,- бовар дорад Рустам Азизӣ.
Ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди пазируфтани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ҳамеша аз сӯйи ниҳодҳои байналмилаӣ барои маҳдудиятҳо дар бахши ҳуқуқи башар интиқод мешавад.
Дар гузашта Шамил Ҳакимов, як созмони масеҳии “Шоҳидони Яҳво” барои 8 сол зиндонӣ шуда буд, моҳи майи соли 2023 баъди беш аз 4 сол аз зиндон раҳо шуд. Бар асоси қонуни афв сеюним сол аз ҳукми зиндони ӯро кам карданд. Созмонҳои байналмилалӣ Ҳакимовро “зиндонии эътиқодӣ” меномиданд ва масъулони “Шоҳидони Яҳво” гуфта буданд, ки ӯ танҳо барои ақидаи динияш боздошту зиндонӣ шудааст.
Тоҷикистон як кишвари мусалмоннишин аст. Аммо дар кишвар шахсони то 18-сола ҳаққи ба масҷид рафтанро надоранд ва дар солҳои ахир рӯҳониёни маъруф аз минбари масоҷид дур карда шуданд
Гуфтугӯ