Афви Байнулмилал (Amnesty International) рӯзи 21-уми сентябр аз кишварҳои ҷаҳон низ даъват кард, ки паноҳҷӯёни помириро ба Тоҷикистон ё Русия надиҳанд, "чун дар онҷо боздошт, шиканҷа, зиндонӣ ё нопадид хоҳанд шуд".
Мақомот ҳанӯз ба ин баёнияи Афви Байнулмилал вокуниш накардаанд.
Моҳи майи соли 2022, дар пайи амалиёти нерӯҳои давлат дар Хоруғ ва Рӯшон, даҳҳо кас кушта, захмӣ ва дастгиру зиндонӣ шуданд. Намояндагони ҳукумат онҳоро аъзои гуруҳҳои ҷиноӣ, вале созмону кишварҳои ғарбӣ фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ном мебаранд.
“Шиканҷа бо мушту калтаку барқ”
Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) бо чанд шоҳиди ҳодисаҳои моҳи майи 2022 дар ВМКБ суҳбат кардааст. Онҳо бозпурсӣ шуда, феълан дар хориҷа ҳастанд.
Ба шарти фош нашудани ном гуфтаанд, ки ҳангоми бозпурсӣ натанҳо нисбат ба худ, балки дар ҳаққи модару хоҳару ҳамсарашон дашном шунида, бо мушту калтаку барқ шиканҷа шуданд.
“Ҳама гуна шикоят дар бораи бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудаҳо бояд дақиқан таҳқиқ ва гумонбарон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд," – гуфтааст Афви Байнулмилал (Amnesty International).
Ончи бештар мояи ташвиши созмон шудааст, вазъи помириҳоест, ки дар хориҷа ҳастанд, аммо хавфи фиристодани онҳо ба Тоҷикистон ё Русуя вуҷуд дорад.
Дар бештар аз як соли охир даҳҳо зодаи вилояти Бадахшон ба таври мармуз аз Русия ба Тоҷикистон оварда ва дар мурофиаҳои, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, ноодилона ба муҳлатҳои дароз маҳкум шуданд. Мақомот бо нашри видеои дастгиршудаҳо гуфтанд, ки онҳо ихтиёрӣ баргаштанд. Чизе, ки наздиконашон қабул надоранд.
“Помириҳоро надиҳед”
Афви Байнулмилал (Amnesty International) мегӯяд, ҳоло бисёре аз паноҳҷӯёни помирӣ дар баъзе аз кишварҳои Аврупо ва ҷойҳои дигар “зери хатари ихроҷ ҳастанд”.
“Кишварҳое, ки помириҳоро маҷбурӣ ба Тоҷикистон мефиристанд, пояи асосии ҳуқуқи башар ва қонуни паноҳандагонро вайрон мекунанд. Ин қонун фиристодани шахсро ба ҷое, ки метавонад ба таъқиб ё нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дучор шавад, манъ мекунад,” – гуфтаанд масъулони созмон.
Онҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки вазъи ҳуқуқи одамонро дар Тоҷикистон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, назорат карда, дар ҷаласаҳои байнулмилалӣ ва минтақаӣ дар миён гузоранд ва ба ҳалли он бикӯшанд.
“Помириҳо бояд аз ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандиву сиёсии худ пурра истифода кунанд. Табъизи густурда алайҳи помириҳо бояд мустақилона ва аз рӯйи инсоф таҳқиқ карда шавад,” – гуфтааст Афви Байнулмилал (Amnesty International).
Бадахшон, эътироз ва саркӯб
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои истиқлол борҳо макони эътирози сокинон будааст. Мушкили ҷиддӣ соли 2012, пас аз кушта шудани раиси идораи КДАМ дар ВМКБ Абдулло Назаров, оғоз ёфт. Он вақт дар ҷараёни амалиёт дар Хоруғ, ба иттилои расмӣ, 23 низомӣ ва 21 мулкӣ кушта шуданд.
Саркӯби фаъолон дар Бадахшон баҳори соли 2022 ва пас аз эътироз дар Хоруғу Рӯшон сахттар шуд. Он вақт гуруҳе аз ҷавонон бо талаби таҳқиқи одилонаи марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини Роштқалъа ва истеъфои раиси шаҳри Хоруғу раиси вилояти Бадахшон ба кӯчаҳо баромаданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки дар амалиёти якмоҳа 29 узви гуруҳи ҷиноиро дар вилоят аз байн бурданд. Радиои Озодӣ номи 34 кушташударо гирд овард. Пайвандонашон гуфтанд, онҳо узви гуруҳи ҷиноӣ набуданд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати масоҳат бузургтарин минтақаи Тоҷикистон аст. Тақрибан 250 ҳазор аҳолӣ дорад.
Бахше аз мардум ба забонҳои маҳаллӣ, ки ба номи "забонҳои помирӣ" шинохта шудааст, суҳбат мекунанд. Аксарият пайрави шохаи исмоилии мазҳаби шиа мебошанд ва Шоҳзода Карим Оқохони чаҳорумро пешвои динии худ мешуморанд. Аҳолии минтақаҳои дигари Тоҷикистонро пайравони мактаби ҳанафии аҳли суннат ташкил медиҳанд.
Гуфтугӯ