Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми Амрико Ҳаррисро интихоб мекунанд ё Трампро?


Дар Амрико, ки 5-уми октябр интихоботи президентӣ дорад, тақрибан 80 миллион нафар аз ҳоло раъй додаанд, чун қонун ба онҳо чунин иҷоза додааст.

Имрӯз охирин рӯзи корзори интихоботӣ аст ва фосила байни Камалла Ҳарис, муовини раиси ҷумҳур ва номзади Ҳизби демократ ба мақоми президент ва Доналд Трамп рақиби ӯ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ бисёр кам аст.

Камала Ҳаррис дар назди ҳаводоронаш гуфт, “барои оянда бояд ҳамеша мубориза бурд. Муборизаи мо ҳоло барои ҳамин аст, барои ояндаи Амрико.”

Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ гуфт, “интихоботи рӯзи 5-уми ноябр, рӯзи озодии Амрико ном хоҳад гирифт. Мо озод мешавем.”

Интихоботи Амрико чӣ гуна сурат мегирад ва раҳбари нав аз чӣ гуна ҷойгузини Ҷой Байден, раиси ҷумҳури феълӣ мешавад? Раиси ҷумҳурро дар Амрико мардум мустақим интихоб намекунанд. Баръакс онҳо аз байни 538 нафар аз ҳайати интихоботӣ ба яке аз онҳо раъй медиҳанд ва ин фард аз номи раъйдиҳандагон раиси ҷумҳурро бармегузинанд. Ҳар як иёлат ҳайати мушахасси интихоботӣ дорад. Ҳайати интихоботии аёлати Калифорния, ки сераҳолитарин аёлати Амрикост бештар аз ҳама, яъне 57 нафар аст. Камтарин аз аёлати Вайоминг ва се нафар аст, чун аҳолиаш кам аст. Яке аз номзадҳо ҳадди аққал бояд 270 раъйи ҳайатҳои интихоботиро ба даст оранд, то пирӯз шаванд.

Агар нисфи бештар аз раъйдиҳандагони Амрико ба ягон номзад ҳам раъй диҳанд, вале инҷо нақши ҳайати интихоботӣ ва овозҳои онҳо муҳим аст. Масалан дар интихоботи соли 2016 дар Амрико Ҳилларӣ Клинтон се миллион раъйи бештар ба даст овард, аммо Трамп пирӯз шуд.

Азбаски иёлатҳои Амрико ба тарафдорони демократҳо ва ҷумҳурихохон тақсим мешаванд, дар ин байн нақши аёлатҳое муҳим аст, ки на ба ҷумҳурихоҳон майл доранд ва на ба демократҳо.

Тарғиботи номзадҳо ҳам дар ин иёлот сахт мешавад ва имсол майдони муборизаи Ҳаррис ва Трамп, иёлотҳои Пенсилвания, Ҷорҷиа, Мичиган, Висконсин, Невада, Аризона ва Каролинаи Шимолӣ буд.

Ҳайатҳои интихоботии ин иёлот 93 нафаранд, ки панҷяки тамоми орои ҳайатҳои интихоботиро ташкил медиҳад.

Гузоришро инҷо тамошо кунед:

Ҳаррис ё Трамп? Раъйдиҳандагони Амрико президент интихоб мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Дар интихоботе, ки фосилаи раъйҳо байни номзадҳо бисёр кам аст, раъйи ангуштшумор метавонад, интихоботро ба нафъи яке ҳал кунад.

Бисёре аз раъйдиҳандагон дар Амрико пеш аз рӯзи боз шудани ҳавзаҳои интихобот дар рӯзи 5-уми ноябр раъй медиҳанд. Ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демократҳо мардумро ташвиқ мекарданд, ки қабл аз рӯзи интихобот раъй бидиҳанд.

Бисёре аз иёлатҳо иҷоза медиҳанд, ки қабл аз рӯзи интихобот ҳам баргаи раъйро ба қуттӣ биандозед ва аз тариқи почта фиристед. Соли 2020 ба сабаби пандемияи COVID-19 бештар аз 100 миллион нафар пешакӣ раъй доданд, ки рекордӣ буд.

Трамп, ки он замон бохт, бе ягон далеле иддао мекард, ки раъйдиҳӣ аз тариқи почта қобили боварӣ нест ва дар интихобот тақаллуб сурат гирифтааст.

Аввалин натиҷаҳои ғайрирасмии интихоботро соати 8-и шом ба вақти соҳилҳои ғарбии Амрико эълон мекунанд. Умдатан расонаҳои Амрико бар асоси пешбиниҳои худ мегӯянд, кӣ пирӯз шудааст.

Натиҷаҳои расмӣ баъди чанд рӯз эълон мешавад ва фақат баъди он номи раиси ҷумҳури 47-уми Амрикоро эълон мекунанд, ки ҳамаи иёлот натиҷаҳоро расман тасвиб намоянд.

XS
SM
MD
LG