Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Тоҷикистон ба Рио кӣ меравад?


Ассамблеяи XIV КМОТ
Ассамблеяи XIV КМОТ

Дар Ассамблеяи XIV кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон натиҷаи фаъолияти дусолаи ин кумита натиҷагирӣ ва барномаи омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро-2016 тасдиқ шуд.

Дар Ассамблеяи XIV кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), ки рӯзи шанбеи 28-уми март дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи КМОТ баргузор шуд, фаъолияти ин кумита дар давраи солҳои 2013-2014 натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои солҳои 2015-2016 муайян шуданд.

Дар ин бора Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, маърӯза кард. Вай зикр намуд, “Бозиҳои XVII осиёӣ, ки тирамоҳи соли 2014 дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, барои варзишгарони тоҷик имтиҳони ҷиддие буд пеш аз муборизаҳо бароии роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия. Дар ин мусобиқот варзишгарони тоҷик 1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо 5 зина боло шуд ва ҷойи 23-юмро гирифт, ки натиҷаи беҳтарин дар Бозиҳои осиёӣ аз соли 1994 то кунун мебошад. Вале, мутаассифона, ин дафъа дар намудҳои боксу дзюдо, гуштини юнониву румӣ аз медалҳо бенасиб мондем”.

Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Зелимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар сабқати таэквон-до ВТФ байни мардон Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кг, Алишер Гулов дар вазни + 87 кг ва миёни занон Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни + 73 кг ба мунтахаби Тоҷикистон се медали биринҷӣ оварданд.

Баҳрулло Раҷабалиев афзуд, “имсол ва нимаи аввали соли оянда варзишгарони мо барои гирифтани роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд, ки ба 15 нафари онҳо аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ стипендияи ҳармоҳа ба маблағи аз 200 то 1000 доллар муқаррар шудааст. Мо аз варзишгаронамон дар намудҳои бокс, дзюдо, гуштии озод, таэквон-до ВТФ, гурзпартоӣ ва ғайра натиҷаҳои баландро чашмдорем. Вале Кумитаи миллии олимпӣ то ҳоло сарпараст надорад. Бинобар ин мо аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кардем, ки дар ҳалли ин масъала ба мо кӯмак кунанд”.

Дар ҷаласаи Ассамблея ҳисоботи Комиссияи назорату тафишоти КМОТ дар бораи фаъолияти молиявию хоҷагии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2014 тасдиқ шуд.

Дар ин ҷаласа, инчунин, "Барномаи мусоидат ба омодагии номзадҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти рохҳатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де–Жанейрои Бразилия ва ширкати ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин бозиҳо” ва Нақшаи кории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар соли 2015 баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.

Аҳтам Рустам Абдуллозода
Аҳтам Рустам Абдуллозода

Дар ин ҷаласа Аҳтам Рустам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, иброз дошт, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад, ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Ҳарчи бештар оммавӣ гардонидани варзиш яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон эътироф шудааст ва дастгирии давлатии ин соҳаи муҳим ҳамаҷониба таъмин карда мешавад.

Вале ҷаноби Абдуллозода аз камфаъолиятии бисёр федератсияҳои варзишӣ изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт, “дар айни замон на ҳамаи федератсияҳо барои оммавӣ гардонидани варзиш ва ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонон ба навъҳои гуногуни он ташаббус нишон медиҳанд. Роҳбарони баъзе федератсияҳо ҳатто дар чемпионати Тоҷикистон оид ба намудҳои худ, ки он бо маблағгузории мақомоти давлатӣ баргузор мешавад, ширкат намеварзанд. Имрӯз қисми зиёди федератсияҳо на танҳо суроғаи муайян, балки барнома ва нақшаи доимии фаъолият надоранд”.

Дар ҷаласаи мазкур Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, Зебуннисо Рустамова, раиси Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон, Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, Ибод Шарифӣ, муовини раиси Академияи миллии олимпии Тоҷикистон, Исматулло Хоҷаев, дабири кулли Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон, Дилбар Шарифова, раҳбари Спешиал Олимпикси Тоҷикистон ва Шодӣ Сафаров, раиси Ассотсиатсияи донишҷӯёни Тоҷикистон суханронӣ карда, ҷиҳати омодагии ҳамаҷонибаи варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Рио-2016, вусъати ҳамкориҳои Кумитаи миллии олимпӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва федератсияҳои варзишӣ таклифҳои судманд пешниҳод карданд.

Бояд гуфт, ки пеш аз оғози кори ҷаласа беҳтарин варзишгарон – Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Саидҷалол Саидов (ҳарду оид ба гуштии кураш) ва Ҷомӣ Латифов (муайтай), мураббиёни онҳо – Носир Бозоров ва Мирзо Ҷалилов барои дастовардҳояшон дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё дар Тайланд, доварони дараҷаи байналмилалӣ Вафоназар Алиназаров (таэкондо ВТФ), Ҳабибулло Нарзуллоев (гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ) ва Рамзӣ Шамиров (дзюдо) ба ҳайси беҳтарин ҳакамон дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ бо Ифтихорнома ва мукофоти молии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз гаштанд.

Инчунин раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров, раиси Федертсияи гуштии варзишӣ Саламшо Муҳаббатов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов ва дабири кулли Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон Исматулло Хоҷаев барои саҳми арзанда ҷиҳати рушди варзиш ва тарғибу ташвиқи ҳаракати олимпӣ дар кишвар бо Ифтихорномаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

XS
SM
MD
LG