Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Азизхоҷаевро озод кунед" Даъвати HRW аз Тоҷикистон, Амрико ва ИА


Абубакр Азизхоҷаев
Абубакр Азизхоҷаев

Созмони Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар хостори озодии Абубакр Азизхоҷаев, соҳибкори тоҷик, шуд, ки ҳафтаи гузашта ба ҷурми "барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ" ба дуним соли зиндон маҳкум шудааст. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар баёнияе, ки рӯзи 4 август дар Канада нашр кард, ҳукми Абубакр Азизхоҷаевро сиёсӣ номида ва аз Амрикову Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқи инсон даъват кардааст, барои озодии ӯ ва маҳбусони дигари сиёсӣ пофишорӣ кунанд.

Дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст, кишварҳои ғарбӣ ин имконро доранд, ки бо фишор болои ҳукумати Тоҷикистон мақомоти кишварро барои иҷрои масъулиятҳои байналмилалиашон водор намоянд. Дар ҳоле ки, бино ба изҳороти ин созмон, Азизхоҷев моҳи феврали соли ҷорӣ "баъд аз интиқоди яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон барои амалҳои фасоди тиҷорӣ” боздошт шудааст".

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, дар ҳоли ҳозир Абубакр Азизхоҷаев "қурбонии охирини ҷанги мақомоти Тоҷикистон бо дигарандешон аст". "Аммо ин метавонад охирин қурбонӣ набошад, агар шарикони байналмилалии Тоҷикистон алайҳи ин ва ба ин монанд беадолатӣ мухолифат накунанд. Ҳеч кас набояд барои танқид маҳкум ба зиндон бишавад," – гуфтааст Стив Свердлов, пажӯҳишгари кишварҳои Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch.

Ин дар ҳолест, ки Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, рӯзи 4 август дар нишасти хабарияш дар Душанбе гуфт, истифодаи ибораи "маҳбусони сиёсӣ" дар гузориши созмонҳои байналмилалӣ дуруст нест. Ӯ гуфт, "аз нигоҳи Кодекси ҷиноятии мо чунин чиз вуҷуд надорад. Барои мисол мегӯянд, ки фалонӣ намояндаи оппозитсия аст, ин на масъалаи ҳуқуқӣ, балки баҳои сиёсӣ аст."

Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, мурофиаи Абубакр Азизхоҷаев ба таври пӯшида сурат гирифта, наздиконаш танҳо 2 август аз ҳукми ӯ хабардор шудаанд. Масъулони додгоҳ рӯзи 2 август ба Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми Азизхоҷаев ҳафтаи гузашта содир шуда ва ӯ дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ба гуноҳаш иқрор кардааст.

Абубакр Азизхоҷаеви 60-сола моҳи феврали соли ҷорӣ боздошт шуда ва муҳокимааш дар охири моҳи июн, баъди чанд муддати муолиҷа дар бемористони касалиҳои руҳии Кӯктош, оғоз ёфта буд. Қабл аз боздошт давоми тахминан панҷ соли охир соҳибкор бо афрод ва ширкатҳои гуногун баҳсҳои додгоҳӣ дошт ва бештар аз ноодилона баррасӣ шудани аризаҳояш шикоят мекард.

Охири соли 2015 ӯ дар пайи баҳсе бо як бонки маҳаллӣ хонаи худро ҳам дар маркази Душанбе аз даст дод. Хешовандони Азизхоҷаев гуфта буданд, ки эҳтимол шарикони собиқи тиҷоратии ӯ хостаанд, барои халос шудан аз шикоятҳои соҳибкор кори ӯро ба дасти тафтишот супоранду худашро боздошт кунанд.

Исми Абӯбакр Азизхоҷаев бори аввал дар охирҳои солҳои 1980-ум ҳамчун як тоҷир ва ҳам як шахси фаъоли ҷамъиятӣ вирди забон шуд. Ӯ бо навгониҳо дар нашру табъи буклетҳои хос шӯҳрат баровард. Дар соли 1989 барои эҳёи забони тоҷикӣ ба “Фонди забони тоҷикӣ” беш аз 50 ҳазор рубл тақдим кард, ки барои он даврон як маблағи хеле бузург маҳсуб мешуд. Ширкати ӯ ҳамин тавр бори аввал дар ҳамкорӣ бо Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба истеҳсоли рақамҳои давлатии мошинҳо оғоз кардааст.

Соли 2010 дар авҷи маъракаи фурӯши пуштибонии Роғун ӯ эълон кард, ки бо маблағи як миллион сомонӣ саҳмия харида барои бунёди нирӯгоҳи азим саҳм мегузорад. Соли 2008 Азизхоҷаев барои пирӯзиашон дар мусобиқоти гуштии Бозиҳои олимпии Пекин ба Юсуф Абдусаломов 5 ҳазор доллари амрикоӣ ва баРасул Боқиев 3 ҳазор доллар тӯҳфа карда буд.

XS
SM
MD
LG