Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

120 ҳазор маҳбус дар зиндонҳои Осиёи Марказӣ (ИНФОГРАФИКА)


Як созмони байналмилалӣ шумори зиндониён дар 5 кишвари Осиёи Марказиро ҳудуди 120 ҳазор нафар ва танҳо маҳбусони зиндонҳои Тоҷикистонро 9317 нафар баршумурдааст.

Бино ба омори ICPS - Маркази байналмилалии омӯзиши зиндонҳо, дар ҳоли ҳозир дар маҳбасҳои 5 кишвари Осиёи Марказӣ ҳудуди 120 ҳазор нафар адои ҳукм мекунанд. Ин созмон ҷамъи зиндониён дар саросари дунёро беш аз 10 миллион нафар ҳисоб кардааст.

Бино ба гузориши Маркази байналмилалии омӯзиши зиндонҳо, аз нигоҳи шумори зиндониён дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал Қазоқистон меистад. Дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳову боздоштгоҳҳои Қазоқистон 48 684 нафар адои ҳукм мекунанд. Дар бораи теъдоди маҳбусон дар маҳбасҳои Узбакистон омори дақиқе вуҷуд надорад, вале ин созмони байналмилалӣ, ки масоили зиндонҳо ва зиндониён дар кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, теъдоди зиндониён дар Узбакистонро тақрибан 42 ҳазор нафар баршумурдааст.

Дар зиндонҳои Туркманистон, бино ба ин манбаъ, феълан 10 953 нафар, дар маҳбасҳову боздоштгоҳҳои Қирғизистон 9 827 нафар адои ҳукм мекунанд. Теъдоди аз ҳама ками зиндониён – 9317 нафарро Маркази байналмилалии омӯзиши зиндонҳо дар маҳбасҳову боздоштгоҳҳои Тоҷикистон баршумурдааст.

Маҳбусони яке аз зиндонҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Маҳбусони яке аз зиндонҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон дар соли 2014 шумори зиндониёну боздоштшудаҳо дар ин кишварро беш аз 10 ҳазор нафар эълон карда гуфта буданд, ки аз ин шумор тақрибан 8500 нафараш маҳкум ба зиндон шуда, ҳудуди 1500 нафари дигар дар боздошт қарор доранд. Бино ба ин омор, дар зиндонҳои Тоҷикистон ду сол пеш 307 зан ва 61 ноболиғ низ адои ҳукм мекарданд.

Вале дар моҳи октябри соли 2014 дар Тоҷикистон ба муносибати солгарди 20-уми тасвиби Қонуни асосӣ як қонуни афв қабул шуд, ки ба гуфтаи мақомот, бар асоси он, ҳудуди 2000 нафар аз маҳбасҳо озод шуданд.

Интизор меравад, тирамоҳи соли ҷорӣ ба муносибати солгарди 25-уми истиқлоли Тоҷикистон дар ин кишвар боз як қонуни афви саросарӣ таҳия шавад. Дар сурати тасвибаш ин алакай 15-умин қонуни афв дар 25 соли истиқлоли Тоҷикистон хоҳад шуд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ садҳо нафар, аз ҷумла мухолифини сиёсии низомҳои ҳоким дар ин минтақа ҳам ба далоили сиёсӣ ба зиндонҳо афканда шудаанд. Аммо мақомоти Осиёи Марказӣ вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои худро ҳамеша рад мекунанд.

Аммо дар миёни кишварҳои дунё аз лиҳози шумори маҳбусон Ийолоти Муттаҳидаи Амрико бо 2 миллиону 240 ҳазор зиндонӣ дар ҷои авваъл, Чин бо 1 миллиону 640 ҳазор маҳбус дар ҷои дувум қарор дошта, дар паҳнои Шӯравии собиқ мақоми аввалро Русия бо 681 ҳазор зиндониаш дар даст дорад.

Бино ба омори расмии ФСИН – Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия, ҳудуди 28 ҳазор аз маҳбусони маҳбасҳои ин кишварро хориҷиён ташкил медиҳанд. Аз ҷумлаи чоряки ин маҳбусони хориҷӣ, ё 7786 нафар, бино ба омори соли 2015, зодагони Тоҷикистон будаанд. Тоҷикон дар Русия аксаран бо ҷароиме марбут ба қочоқи маводи мухаддир ваё тақаллуби аснод маҳкум ба зиндон мешаванд. Гуфта мешавад, нисфи зиндониҳои тоҷик дар зиндонҳои Русия маҳз бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддири сохти Афғонистон маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG