Дар қатъномае, ки рӯзи 7-уми июн қабул шудааст, 35 узви порлумон аз кишварҳои гуногуни Иттиҳодияи Аврупо гуфтаанд, аз боздошти афзояндаи ҳомиёни ҳуқуқ, мухолифони давлату хешовандонашон ва маҳдудияти озодии баёну ҳуқуқи мазҳабӣ дар Тоҷикистон бисёр нигарон ҳастанд.
Дар ин қатънома аз ҳукумат хоста шудааст, вақте чеҳраҳои сиёсиро муҳокима мекунанд, бар тибқи қонунҳои Тоҷикистон ва ӯҳдадориҳои байналмилалиаш муҳокимаи онҳоро шафофу одилона баргузор намоянд ва барои собит намудани иттиҳомот ва ё гуноҳи онҳо далелу бурҳони возеҳу қотеъ нишон бидиҳанд.
Муаллифони қатънома, дар ин санад аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овардаанд, ки Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, Маҳмадалӣ Ҳаит, Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар 12 аъзои дигари раёсати ҳизбро озод кунад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 2-уми июн Саидумар Ҳуссайнӣ ва Маҳмадалии Ҳаит, муовинони раиси ҳизб ба зиндони якумрӣ ва 11 узви дигари раёсати ҳизбро аз 2 то ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Аксари онҳо бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ, барангехтани адовати милливу нажодиву мазҳабӣ, қатлу терорризм, талош барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ, ва ошӯби мусаллаҳона гунаҳкор дониста шудаанд.
Додситонӣ, мегӯяд аъзои раёсати ҳизб дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон даст дорад, аъзои ҳизб мегӯянд, ки иттиҳомот беасосанд.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноатро соли 2013 ба гуноҳҳои сангин аз ҷумла, сӯистифода аз мақом ва таҷовуз ба номус гунаҳкор донистанд ва ба 29 соли зиндон маҳкум карданд. Худаш мегӯяд, ки бегуноҳ аст ва ӯро барои азмаш ҷиҳати таъсиси як ҳизби нави сиёсӣ дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ба зиндон андохтанд.
Вакилони Порлумони Аврупо ҳамчунин ба ҳукумат ҳушдор додаанд, парвандаи Бузургмеҳр Ёров вакили дифои аъзои раёсати ҳизби наҳзат қатъ кунад ва ҳукми Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Зайд Саидовро беэътибор намояд. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ки ӯро барои ҳимояти Зайд Саидов зиндонӣ карданд, таҳқиқи парвандаи Бузургмеҳр Ёров идома дорад.
Дар қатъномаи вакилони Иттиҳодияи Аврупо сарнавишти Абубакр Азизхоҷаев, тоҷир ва як мунтақиди ҳукуматро, ки бо иттиҳоми “барангехтани адовати милливу мазҳабӣ” боздошт шудааст, ёдовар шуда ва аз ҳукумат хостаанд, таъқиби ҷиноии ӯро хотима диҳад.
Дар қатъномаи вакилони Порлумони Аврупо ҳамчунин омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҳамчун баҳона барои қатъи фаъолияти мухолифони давлат, маҳдуд кардани озодии баён истифода накунад ва ба ҳуқуқи бунёдии мардум дар кишвар эҳтиром бигузорад. Порлумони Аврупо ҳамаи афроди боздоштшударо "маҳбусони виҷдон" номидааст.
Вакилон гуфтаанд, азбаски ҳамкорӣ миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон муҳим аст ва ҳамкории ду тараф солҳои ахир вусъат ёфтааст, ин қатъномаро қабул карданд ва мехоҳанд, то ин санад ба раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо, Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал ва ҳукумати Тоҷикистон расонида шавад.
Айни замон рӯзи 9-уми масъалаи мазкур дар ҳаштумин муколамаи Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баррасӣ шудааст. Тоиво Клар, раиси ҳайати аврупоӣ дигарбора нигаронии ҷиддии Иттиҳодияи Аврупоро дар робита ба зиндонӣ кардани мухолифони давлат ва вакилони дифои онҳо таъкид кардааст.
Қатъномаи порлумони Иттиҳодияи Аврупо идомаи вокунишҳои байналмилалӣ ба зиндонӣ кардани 14 –узви раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ аст.
Сафорати Амрико ҳам рӯзи 9 июн гуфт, ба зиндон маҳкум шудани аъзои раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ "садои мухолифонро дар Тоҷикистон хомӯш мекунад." Ба гуфтаи сафорат, “ин ва дигар воқеаҳо, ки вақтҳои охир суръат гирифтаанд, садои мухолифинро сокит менамоянд ва ба ширкати озод дар раванди рушди демократӣ дар Тоҷикистон монеа эҷод менамоянд.
Аз ин пештар Дейвид Кайе, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодии баёну эътиқод, низ зимни як баёнияи расмӣ гуфт, ҷазои сахт ба раҳбарони мухолифони давлат, нишондиҳандаи босуръат маҳдуд шудани озодии эътиқод дар Тоҷикистон аст".