Пайвандони полковник Аннадурдӣ Аннасаҳедов мегӯянд, ки тайи 14 сол дар бораи ӯ иттилое надоштанд ва фақат моҳи феврали соли равон аз онҳо хостанд, ки ҷасадашро аз сардхона бигиранд. Сабаби марги афсари мақомоти амниятӣ барои хешу табораш тоҳол мармӯз боқӣ мемонад. Онҳо танҳо огаҳ шуданд, ки ӯ тайи ин солҳо дар маҳбас барои маҳбусони сиёсӣ, воқеъ дар минтақаи Ободон Теппа нигаҳ дошта мешуд.
Аннадурдӣ Аннасаҳедов алҳол ягона нафарест, ки сарнавишташ баъд аз ҳукми зиндон дар робита ба гӯё даст доштанаш дар сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳури пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов маълум шудааст. Тақдири даҳҳо маҳбуси дигар номаълум боқӣ мемонад. Пайвандони полковники амният мегӯянд, ки ӯ комилан бегуноҳ буд ва қурбони тавтеъа аз сӯи Туркманбошӣ шудааст
Субҳи 25-уми ноябри соли 2002-юм дар маркази шаҳри Ашқобод намоиши эътирозӣ доир шуд. Тазоҳургарон баъд аз талаби баргузории интихоботи озоду демократӣ зуд ба хонаҳои худ баргаштанд – он сол мӯҳлати навбатии президентии Сафармурод Ниёзов ё Туркманбошӣ ба поён мерасид. Аммо баъд аз намоиши эътирозӣ расонаҳои ҷаҳонӣ аз сӯиқасд ба ҷони Туркманбошӣ хабар доданд - афроди номаълум ба қатори мошинҳое, ки раисҷумҳурро то ба коргоҳаш ҳамроҳӣ мекард, тир кушоданд.
Раисиҷумҳур дар ин ҳамла осеб надид ва гузашта аз ин, дар бораи вуқӯи ин ҳодиса дар дафтари кориаш хабар ёфт. Сафармурод Ниёзов ҷаласаи фаврии ҳукуматро даъват кард ва баъзе аз созмондиҳандагони сӯиқасдро ошкор намуд.
Дар ҷаласа аз собиқ вазири умури хориҷӣ Борис Шихмуродов, муовини пешини вазири кишоварзӣ Сафар Иқлимов, раҳбари собиқи Бонки марказӣ Худойбердӣ Оразов ва собиқ сафири Туркманистон дар Туркия ва раҳбари Ҳизби мухолифи ҷумҳурихоҳон Нурмуҳаммад Ҳанамов чун созмондиҳандагони сӯиқасд ном бурда шуд.
Ҳама ин афрод пешвоҳои мухолифин буданд, ки аз кишвар бадарға шудаанд. Туркманбошӣ бошад то даргузашташ дар моҳи декабри соли 2006 дар садри кишвар боқӣ монд.
Аз беш аз 60 нафаре, ки дар робита ба сӯиқасд ба ҷони Туркманбошӣ гумонбар мешуданд, 56 нафарашонро бо ҳукми додгоҳ ба зиндон фиристоданд. Бештари онҳо, аз ҷумла, Аннадурдӣ Аннасаҳедов, ба ҳабси абад маҳкум шуданд, камтарин мӯҳлати маҳрумият аз озодӣ 12 сол буд. Миёни муҷримон беш аз 10 шаҳрванди хориҷӣ, асосан аз Русия, Туркия ва Гурҷистон ҳам буданд.
Аннадурдӣ Аннасаҳедов баъд аз хатми факултаи забонҳои хориҷии ДонишгоҳиТуркманистон чанд сол дар мактаби Кумитаи амниятии миллӣ ё КГБ-и Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳрҳои Минск ва Маскав таҳсил карда буд. Баъдан чанд сол дар сафоратхонаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Чину Афғонистон кор карда, то соли 1997 корманди ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия буд.
Баъд аз бозгашти Аннадурдӣ Аннасаҳедов ба Туркманистон Сафармурод Ниёзов ӯро раиси бахши зиддикашф (контрразведка)-и Кумитаи амниятии миллии Туркманистон таъин кард. Дар ин мақом ӯ то рӯзе боқӣ монд, ки дар китобҳои таърих чун "рӯзи сӯиқасди ноком ба ҷони Туркманбошӣ" ва дар зеҳну афкори мардум чун саҳнасозии раисиҷумҳур барои саркӯбии мухолфон ва идомаи раёсаташ сабт шудааст...