Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Алиф Сармоя" барои шаробу қимор қарз намедиҳад


Абдулло Қурбонов
Абдулло Қурбонов

Беш аз ним сол боз дар Тоҷикистон як муассисаи молие фаъолият дорад, ки бар пояи меъёрҳои бонкдории исломӣ ба муштариёнаш қарз медиҳад. Қарзи бефоиз, ки шояд бисёриҳо боварашон наояд. Пас "Алиф Сармоя" аз куҷо фоида мегирад?

Дар Тоҷикистон моҳи апрел як муасиссаи нави молӣ ба кор шурӯъ кард, ки яке аз самтҳои аслии кораш қарз додан бар тибқи усулҳои бонкдории исломист. Сандуқи қарзии «Alif Capital” (“Алиф Сармоя”), ки гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик таъсис додаанд, тақрибан 500 ҳазор доллар аст.

Дар бораи фаъолияти «Алиф сармоя» ва ҳам ояндаи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон сӯҳбате доштем бо Абдулло Қурбонов, мудири иҷроияи ин муассисаи молӣ.

Бонки Исломӣ қарз медиҳад, аммо на ба ҳама
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:08 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Шумо яке аз аввалин муассисаҳои қарздиҳандаи молӣ астед, ки бар асоси қоидаҳои мутобиқ ба бонкдории исломӣ ва мувофиқ ба шариат қарз медиҳед. Дар Тоҷикистон ин чизи нав аст, мардум зиёд огаҳ нестанд. Дар ин ҳолат пайдо кардани мизоҷ мушкил нест ва ё шумо аз ҳоло мизоҷи кофӣ пайдо кардаед?

Абдулло Қурбонов: Ростӣ, мо худро ҳамчун муассисаи маблағгузории исломӣ муаррифӣ намекунем. Пеша кардани бонкдории исломӣ, аввалан, барои виҷдони худи мо, кормандони ташкилот аст. Хушбахтона ба наздики Қонуни бонкдории Исломӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва мо мунтазирем, ки дар ояндаи наздик дастурамалҳо аз тарафи Бонки Миллӣ низ тайёр мешавад, ки ба тамоми ташкилотҳои қарзӣ имкониятҳои васеътар медиҳад, ки ба бонкдории исломӣ машғул шаванд. То он замон, миқдори маҳдуди хизматрасониҳои бонкдории исломиро метавон пешниҳод кард. Дигар ин ки пайдо кардани мизоҷ барои қарз додан дар Тоҷикистон мушкил нест, хоҳ маблағгузории исломӣ бошад ё ва маблағгузории анъанавӣ. Сабаб дар он аст, ки дар соҳаи бонкии Тоҷикистон маблағ нисбатан камчин аст. Талабот ба маблағгузорӣ зиёд ва пешниҳодаш камтар мебошад. Аммо ин соҳа дар Тоҷикистон зуд рушд ёфта истодааст. Аз рӯи маълумоти Бонки миллӣ, сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзӣ аз аввали соли равон аллакай зиёда аз 20 фоиз афзоиш ёфтааст, ки нишонаи хуб аст.

Радиои Озодӣ: Метавонед гӯед, ки дар кадом соҳаҳо маблағгузорӣ кардаед ва миқдори хурдтарине, ки мизоҷон аз шумо метавонанд дархост кунанд, чӣ қадар аст?

Таҷрибаи бонкдории исломиро "Агроинвестбонк" оғоз карда буд
Таҷрибаи бонкдории исломиро "Агроинвестбонк" оғоз карда буд

Абдулло Қурбонов: Дар ҳоли ҳозир, 72% маблағгузориямон ба соҳибкорон равона шудааст, 19% барои маблағгузории истеъмолӣ, ва 9% барои хариди хона. Соҳибкороне, ки мо маблағгузорӣ мекунем, аз соҳаҳои гуногун меоянд, бархе бо тиҷорат машғуланд, ва бархе бо истеҳсолот. Албатта, яке аз шартҳои муҳим он аст, ки фаъолияти соҳибкор бояд ба шартҳои ахлоқӣ ва динӣ ҷавобгуй бошад - мо он фаъолиятҳоеро, ки бо машрубот, тамоку, қимор, бозиҳои саргармкунанда ва дигар молу хизматрасониҳое, ки ба саломатии инсон ё бо арзишҳои умумиинсонӣ мухолифат мекунанд, маблағгузорӣ наменамоем. Аксарияти маблағгузорие, ки мо мекунем, аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ то 50 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Аммо, дар баробари ин, мо қарзҳои хурди истеъмолӣ дар ҳамкорӣ бо баъзе мағозаҳо низ медиҳем - масъалан мағозаи мебели «Килим», мағозаи ҷавоҳироти «Тоҷик-Кристал», мағозаи молҳои техникии «Синон», ва якчанде дигар. Дар ҳолати харидорӣ кардани молҳо аз ин мағозаҳо, мизоҷ метавонад аз Алиф-Сармоя маблағгузорӣ гирад, ва дар давоми муҳлати муайян метавонад, онро бе пардохти ягон фоизи иловагӣ баргардонад. Чунин қарзҳои хурд аз 1000 сомонӣ то 50 000 сомонӣ низ мавҷуданд.

Мушорака ва мурабаҳа - ба ҷои фоиз

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо дар Тоҷикистон ин суолро мекунанд, ки худи бонкдории исломӣ чӣ гуна амал мекунад, вақте бонк аз қарзи додааш фоиз намегирад, пас фоидаи бонк аз куҷо меояд?

Абдулло Қурбонов: Дар бонкдории исломӣ хизматрасониҳои маблағгузории гуногун мавҷуданд, ва ҳар яке даромад ва хавфҳои бонкии ба худ хос дорад. Дар як кунҷи ин спектр, маблағгузории мушорака аст, ки дар он мизоҷ ва бонк якҷоя маблағгузорӣ мекунанд, ва чун шарики якдигар, фоидаву зарарро бо ҳамдигар тақсим мекунанд. Дар дигар кунҷи ин спектр, маблағгузории мурабаҳа аст, ки дар асоси он, моле ки мизоҷ мехоҳад харидорӣ кунад, барояш бонки исломӣ харидорӣ мекунад, баъдан фоидаи худро илова карда ба мизоҷ мефурӯшад. Дар ин ҳолат, бонк мисли миёнарави тиҷорӣ амал мекунад.

Радиои Озодӣ: Ба фикри шумо, бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон оянда дорад?

Абдулло Қурбонов: Бонкдории исломӣ дар тамоми ҷаҳон рушд ёфта истодааст, ва Тоҷикистон истисно нест. Дар соли равон, активҳое, ки ба принсипҳои молияи исломӣ ҷавобгӯ ҳастанд, зиёда аз 2 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Тибқи пешгӯии ширкати аудиторӣ ва машваратии Ernst & Young, ин рақам то соли 2018 ҳар сол, ба ҳисоби миёна, 19.7% афзоиш меёбад. Ба назари банда, сабаби асосие, ки бонкдории исломиро дар ҷаҳон ва дар Тоҷикистон ҷолиб мекунад, он аст, ки принсипҳои молияи исломӣ ба принсипҳои ахлоқии умумибашарӣ такя мекунанд ва мизоҷро на ҳамчун манбаи даромад, балкӣ ҳамчун шарик меҳисобад. Дигар он аст ки, ҳар як амалиёти бонкии исломӣ ҳатман бояд ба ягон актив пайваста бошад - яъне ягон мол харида шавад ё истеҳсол шавад. Ин низом пайдо шудани ба қавле, «пуфакҳо»-и сунъии иқтисодиро, ки дар охир ба бӯҳронҳои иқтисодӣ мубаддал мегарданд, мушкилтар мекунад, ва барои рушди устувори иқтисодиёт кӯмак мекунад.

Радиои Озодӣ: Кормандони муассисаи шумо, оё усулҳои бонкдории исломиро хондаанд ва ё таҷрибаи ин корро доранд?

Абдулло Қурбонов: Бале, ба аксарияти кормандони муассиса насиб гашта буд, ки собиқаи кории бонкӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷӣ кишвар пайдо кунанд. Кормандони роҳбарикунанда, пеш аз баргаштан ба Тоҷикистон, дар донишгоҳҳои Бритониёи кабир таҳсил гирифтаанд ва дар Лондон дар соҳаи молиявӣ, аз он ҷумла дар бонки швейтсарии UBS ва ширкати молиявии Oliver Wyman, кор мекарданд. Баъд аз баргаштан ба ватан, ва пеш аз таъсис додани «Алиф-Сармоя», дар «Ориёнбонк» ва ширкати байналмиллалии аудитории BDO собиқаи кории дохилӣ низ гирифтанд. Соҳаи молияи исломиро дар донишгоҳи INCEIF, воқеъ дар Малайзия - худ яке аз марказҳои бонкдории исломӣ, ва тибқи дарсҳои ETHICA, институти бонкдории исломӣ воқеъ дар Дубай, омӯхтааст.

XS
SM
MD
LG