Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҳам бонкҳои исломӣ хоҳанд кушод


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои ҷорӣ кардани низоми бонкдории исломӣ қабл аз ҳама ба Бонки исломии рушд такя хоҳанд кард.

Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон дар анҷоми ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд ба хабарнигорон гуфт, ки дар яке аз нишастҳо заминаҳои ҳуқуқии бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Вай афзуд,ин иқдом ба ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва хусусӣ ба кишвар мусоидат хоҳад кард: «Роҳандозии бонкдорӣ ё молияи исломӣ дар Тоҷикистон қабл аз ҳама ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва дастрасии бахши хусусӣ ба маблағҳои таъсири мусбат мерасонад. Аз ин хотир, мақомоти дахлдори Тоҷикистон ҳоло дар пайи омӯзиши лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии роҳандозии молияи исломӣ ҳастанд ва мо умед дорем, ки бо дастгирии бевоситаи Бонки исломии рушд мо ба дастовардҳо ноил мешавем.»


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
Линки мустақим



Дар ҳамоиши Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд дар Душанбе дигарбора сар задани ин баҳс далели талошҳои амиқи ҳукумати Тоҷикистон ба татбиқи низоми бонкдории исломӣ дар ин кишвар буда метавонад. Худи Бонки исломии рушд, ки аз соли 1973 ба ин сӯ барои ҷорӣ кардани низоми бонкдории исломӣ мекӯшад ва бино ба иттилои раҳбаронаш, маблағи оинномавиаш аз 2 миллиарди ибтидоӣ ба 150 миллиард доллар расидааст, намунаи барҷастаи бонкдории исломӣ шумурда мешавад.


Аз иқдоми Тоҷикистон меҳмони олиқадри ин ҷаласа - Аҳмад Муҳаммад Алӣ, президенти Бонки исломии рушд - низ ҷонибдорӣ карда, гуфт, кишварҳои назири Кувайт ва Малайзия, ки бештар аз низоми бонкдории исломӣ кор мегиранд, соли гузашта ҳудуди 50 дарсад рушд доштаанд ва рушди кишвари дигар – Индонезия дар як сол 20 дарсад афзуда, акнун ними низоми бонкдориашро бонкҳои исломӣ ташкил медиҳад: «Аз ин хотир, мо дар ин ҷаласа қарор кардем, ки ба кишварҳои моили ҷорӣ кардани низоми бонкдории исломӣ кумаки фаннӣ пешниҳод кунем. Ҳамчунин бо Бонки ҷаҳонӣ ва Бунёди байналмилалии асъор шартнома бастаем, ки аз кӯшиши кишварҳое, ки мехоҳанд ба ин низом гузаранд, пуштибонӣ кунанд. Дар кулл, дар тамоми ҷаҳон таваҷҷӯҳ ба низоми молияи исломӣ хеле афзудааст.»

Тоҷикистон аз соли 1996 узви Бонки исломии рушд аст ва то имрӯз бо кумакҳои молии ин ниҳод 23 созишномаро бо маблағи 200 миллион доллари ин бонк амалӣ кардааст. Тоҷикистон дар нишасти Душанбе барои панҷ тарҳи нав боз 30 миллион доллар ваъдаи кумак ба даст овард.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, Қазоқистон ва Қирғизистон – ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ - ҳанӯз чанд сол пеш низоми бонкдории исломиро ҷорӣ карда, аммо ба натиҷаи мусбате даст наёфтаанд.


Шариф Раҳимзода
Шариф Раҳимзода
Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, молияи исломӣ ҳам аз бонк ва ҳам аз мизоҷаш ахлоқи баланди исломиро тақозо мекунад ва як мусулмон дар баробари иҷрои фароизи динӣ масъулияти бештар ҳис мекунад, то ҳам қарзро ба мӯҳлати муайяншуда баргардонад ва ҳам дар ҳолатҳои нокомӣ вазъи мизоҷашро фаҳмад.

Собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ба далели мазҳабитар шудани як қишри бузурги ҷомиа зарурати ҷорӣ кардани чунин низоме дар Тоҷикистон низ пеш омадааст: «Як иддае ҳаст, ки пул доранд, аммо намехоҳанд аз он рибо, яъне фоиз гиранд, як иддаи дигар пул надоранд, аммо майл ба қарзи фоизнок надоранд, зеро хилофи шариат аст. Дигар ин ки низоми бонкдории исломӣ дар тамоми ҷаҳон роиҷ шуд. Ҳатто Сити Банки Амрико як шӯъба кушод, албатта, ҳадафаш ҷамъ овардани маблағ аст, на риояи шариат. Аз ин хотир, ҳукумати Тоҷикистон ҳам ҳоло ба ин расидааст, ки низомро ҷорӣ кунад. Як рӯз бояд шурӯъ кунем.»

Гуфтугузорҳо дар бораи низоми бонкдорӣ ё молияи исломӣ дар ҳолест, ки масъулин мегӯянд, соли панҷум аст, ки Тоҷикистон барои ҷорӣ кардани ин низом омодагӣ мебинад ва ҳатто таҳияи лоиҳаи қонуни низоми бонкдории Тоҷикистон низ дар Бонки миллӣ дар марҳалаи анҷомёбист. Ба қавли онҳо, як теъдод мутахассисони тоҷик курсҳои дарозмуддати омӯзиши низоми бонкдории исломӣ дар Малайзияро хатм кардаанд, аммо ҳеҷ яке аз ниҳодҳои зидахл мушаххас намегӯяд, ки ин низом дар Тоҷикистон кай ва чӣ гуна роҳандозӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG