Сомонаи арабии “Зовия” рӯзи 21 сентябр хабар дод, ки а Қатар қасд дорад, нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистонро бисозад. Бино ба гузориши "Зовия", кисосан ба пахши иттилооти иқтисодӣ аз кишварҳои халиҷи Форс машғул аст, ин мавзӯъ рӯзи 18 сентябр дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як ҳайати бонуфузи Қатар ба раҳбарии раиси Шӯрои мудирони ҳолдинги “Издон” шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
“Зовия” менависад, ки шайх Холид ибни Сонӣ дар ин дидор аз таваҷҷӯҳи зиёди сармоягузорони қатарӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва азми онҳо барои маблағгузорӣ ба ин кишвари Осиёи Марказӣ сӯҳбат карда, гуфтааст, онҳо омодаанд, то таҷруба вва донишҳои худ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар риштаи бонкдории исломиро бо Тоҷикистон дар миён гузоранд. Шайх Холид гуфтааст, таъсиси нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон метавонист як ибтикори бузурги дигар дар чорчӯби равобити қавии Қатар бо Тоҷикистон шавад. Шайх Холид тасмими давлати Тоҷикистон ба таҳияи қонунгузориҳои лозим барои роҳандозии бонкдории исломиро “фавқулодда мусбат” тавсиф кардааст.
Бино ба гузориши сомонаи “Зовия”, Эмомалӣ Раҳмон аз тарҳи таъсиси нахустин бонки исломӣ дар кишвараш пурра пуштибонӣ карда, ба муовини дувуми сарвазири Тоҷикистон (зоҳиран ба Давлаталӣ Саидов) супориш додааст, то масоили марбут ба ин масъаларо бо ҷониби Қатар ҳамоҳанг кунад. Раҳмон, бино ба ин манбаъ, аз мақомоти давлаташ хостааст, то дар роҳи таъсиси ин ниҳоди молии шариатӣ дар Тоҷикистон аз таҷрубаи давлати Қатар дар мавриди бонкдории исломӣ биёмӯзанд.
Сомонаи “Зовия” мегӯяд, интизор меравад, дар Тоҷикистоне, ки барои таъмини рушди иқтисодиаш сахт ба сармоягузории хориҷӣ ниёз дорад ва 7 миллион аз ҷамъияташ ҳам мусалмонанд, бонкҳои исломӣ бо суръат рушд кунанд.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонааш хабари мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мудири ширкати “Издон” ва матраҳ шудани масъалаи таъсиси нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистонро таъйид мекунад: “Шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ аз ҷумла иттилоъ дод, ки Давлати Қатар омода аст бо Тоҷикистон дар бахшҳои бонкдорӣ, суғурта, тандурустӣ ва ҳам дар татбиқи лоиҳаҳои судбахши кишвари мо иштироки фаъол дошта бошад. Ба иттилои ӯ сохтмон ва фаъол гардондани як бонк, ки бо низоми бонкдории исломӣ фаъолият хоҳад дошт, як шифохонаи муосир ва дигар корҳо аз иқдомҳое мебошанд, ки барои татбиқи амалиашон аз ҷониби Қатар аллакай тасмим гирифта шудааст.”
Бино бар ин манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон “изҳори бовар намуд, ки ҳолдинги "Издон", дигар ширкатҳои бонуфуз ва ҳам сохторҳои гуногуни ин кишвар барои сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон тасмимҳои судбахш хоҳанд дошт... Ҳарду ҷониб ба ташкил ва густариши ҳамкории мутақобилан судбахш ҳавасмандии амиқ зоҳир намуданд.”
Тоҷикистон ба ъхотири ҷалби сармояи бештар аз кишварҳои мусалмонӣ, бахусус аз кишварҳои сарватманди халиҷи Форс, ки асосан бо бонкҳои исломӣ кор мекунанд, имсол заминаоҳи қонунии таъсиси чунин бонкҳоро таҳия кард. Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон барои бори аввал "Қонун дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ дар Тоҷикистон"-ро тасвиб кард. Исмоил Талбаков, вакили порлумон зимни муарифии ин лоиҳаи қонун гуфт, ки ин марҳилаи наверо дар фаъолияти бонкдории Тоҷикистон боз мекунад ва ҳамзамон ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ муосидат кардаву барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар заминаи бештареро фароҳам меорад.
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллӣ дар он ҷаласаи порлумон гуфт, агар бонкҳои маъмулӣ дар фикри ба даст овардани фоида аз роҳи гирифтани фоизи ҳатмӣ бошанд, низоми бонкии исломӣ бештар барои ба даст овардани фоидаи муштариёнаш талош мекунад. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумон гуфт, ки бонкҳои исломӣ дар Чин ва бархе аз кишварҳои ғарбӣ фаъол ҳастанд ва зарурати фаъолияти ин гуна бонкҳо бо таваҷҷуҳ ба ҷомеаи мусалмонии Тоҷикистон он аст, ки шаҳрвандон метавонанд пасандозҳои худро бидуни шаку шубҳа дар ин бонкҳо бигузоранд ва ин амал барои рушди иқтисоди кишвар низ фоида меорад.
Ба фарқ аз бонкҳои маъмулӣ, ки тиҷораташон бар пояи гирифтани фоизи ҳатмӣ аз хидматрасониҳояш ба муштариён, аз ҷумла бар пояи фоизи қарз аст, дар бонки исломӣ, ки бар асоси меъёрҳои Шариат кор мекунад, фоиз ё рибо ҳаром ҳукм шудааст. Бонки исломӣ аз тариқи роҳҳои муҷозе, чун музораба, танҳо ба фоидаи шарикаш, ки аз бонк кумаки молӣ мегирад, шарик мешавад. Яъне дар бонкдории исломӣ ҳам фоида ва ҳам зарар байни бонк ва муштарӣ тақсим мешавад. Дар низоми бонкдории маъмулӣ бонк дар зарари муштарӣ шарик нест ва ҳатто дар сурати варшикаста шуданаш ҳам фоизи худро мерӯёнад.
Бонкҳои исломӣ бахусус дар пасманзари бӯҳрони иқтисодии соли 2008, ки як сабаби асосиаш қарзҳои бонкӣ гуфта мешуд, шӯҳрати зиёд пайдо карданд. Дар ҷараёни он бӯҳрон ба фарқ аз бонкҳои ғарбӣ, ки паиҳам варшикаста мешуданд, ягон бонки исломӣ дучори расвоӣ нашуд. Баъди он бӯҳрон бисёре аз бонкҳои ғарбӣ ҳам дар таркиби худ бахшҳои алоҳидае боз карданд, ки бо меъёрҳои бонкдории исломӣ кор мекунанд. Чунин шӯъбаҳои исломӣ ҳоло дар таркиби бонкҳои бузурге, чун “Дойче банк”-и Олмон ва бонкҳои бузургтарини Бритониё фаъолият доранд.
Дар Тоҷикистон қаблан бонки “Агроинвестбонк” бар асоси бонкдории исломӣ бо кумаки молии Бонки исломии рушд муддате як шӯъбаи алоҳидаи исломӣ дошт. Ҳоло “Тоҷиксодиротбонк” низ барои муштариёнаш хидматрасонӣ аз тари0қи бонкдории исломиро пешниҳод мекунад. Аммо як бонке ки ба сурати комил бар асоси меъёрҳои Шариат фаъолият кунад, то ҳол дар Тоҷикистони беш аз 90 дарсади аҳолиаш мусалмон вуҷуд надорад.