Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкдории исломӣ ба Тоҷикистон меояд


"Тоҷиксодиротбонк" - яке аз пешоҳангони низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон
"Тоҷиксодиротбонк" - яке аз пешоҳангони низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ба зудӣ заминаҳои қонунии таъсиси низоми бонкдории исломӣ таҳия хоҳад шуд. Таҳлилгарон мегӯянд, чунин низом барои кишваре ки 97 дарсади аҳолиаш мусалмон аст, як амри табиист.

Дар Тоҷикистон омодагиҳо барои роҳандозии низоми бонки исломӣ ҷараён дорад ва ҳукумат низ лоиҳаи қонунеро дар ин замина таҳия кардааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ҷомеаи мусалмонии Тоҷикистон гуфта мешавад, ҷонибдорони чунин низом дар ин кишвар бисёранд. Ин аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Имконпазирии ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон” бо ширкати масъулон ва кормандони ҳама бонкҳои Тоҷикистон давраҳои омӯзиши баргузор мекунад.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 30-юми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ҷорӣ кардани низоми бонкдории исломӣ рушди ин соҳа ва бештар гардидани сармоя ба иқтисоди кишвар аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонунро дар робита ба ташкили бонкҳои исломӣ рӯи даст дорад ва бо тасвиби ин қонун дар шуморе аз бонкҳои кишвар низоми исломӣ таъсис дода мешавад.

Ҷаноби Қурбонов мегӯяд: «Дар сурати таъсис ёфтани бонкҳои исломӣ дар Тоҷикистон ва пайдо шудани ҳамкорӣ аз ҷониби соҳибкорон ҳам ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд ва ҳам сармояи хориҷӣ бештар мегардад.»

Абдуғаффор Қурбонов
Абдуғаффор Қурбонов
Ҳамзамон, ба қавли сухангӯи Бонки миллӣ, сабаби дигари ба низоми бонкдории исломӣ гузаштани Тоҷикистон ба бӯҳрони молӣ гирифтор шудани бонкҳои кишварҳои Аврупо буд. Зеро агар ба таърихи бӯҳрони молии чанд соли пештар нигарем, ба бонкҳои исломӣ таъсири камтар кард.

Тавре гуфта мешавад дар низоми бонкии исломӣ ҳангоми қарз гирифтани соҳибкорон аз он фоиз ситонида намешавад. Аммо аз даромаде ки соҳибкор ба даст меорад, тибқи шартнома, як ҳиссааш ба бонк дода мешавад. Аммо дар сурати муфлис шудани соҳибкор бонки исломӣ низ ба ин зарари молӣ шарик мешавад ва чун дар бонкҳои «дунявӣ» ҳаққи ситондани молу мулки соҳибкорро дар ивази қарзаш надорад.

Ҳадаф - сармояи дунёи Араб?

Баҳром Шарипов, таҳлилгари риштаи бонкдории Тоҷикистон мегӯяд, азбаски бештари ҷомеаи Тоҷикистон мусалмонанд, намехоҳанд пасандози худро дар бонкҳои низомашон муқаррарӣ гузоранд, бинобар ин ҳукумати Тоҷикистонро лозим омад низоми бонкдорияшро тағйир диҳад. Ҳамзамон ба қавли ин таҳлилгари тоҷик, сармоядорони кишварҳои араб, ки имкон доранд ба Тоҷикистон сармояи бузург гузоранд, танҳо дар сурати ҷорӣ шудани низоми бонкии исломӣ ба чунин ҳамкорӣ алоқа нишон медиҳанд. Ин аст, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон талош дорад, то ба қонунгузории бонкдориаш тағйирот ворид намояд.
Баҳром Шарипов мегӯяд: «Бо мақсади кӯмак ба хонаводаҳое, ки суннатиянд ва пасандози худро дар бонкҳои муқаррарӣ гузоштан намехоҳанд, ҳукумат тасмим гирифт, то низоми бонкҳои исломиро ба роҳ монад. Ҳоло қонун дар ин росто дар арафаи қабулшавист. Алаккай аз бонкҳои калонтарини Тоҷикистон дуяш - Агроинвестбонк ва Тоҷикисодиротбонк дар ин ҷода чор сол боз кор карда, мутобиқ будани хизматрасонии молиявии исломиро омӯхта баромаданд ва ин натиҷаҳои хуб ҳам додааст.»

Азбаски «фоиз» дар бонкҳои исломӣ амали нораво дониста мешавад, бинобар ин бонк низ ҳамеша шавқманди фоида дидани шарики кораш аст. Дар низоми бонкдории муқаррарӣ ё аврупоӣ бошад, баръас, дар ҳар сурат риск пурра бар дӯши соҳибкор аст, ки бояд фоизи бонкро пардохт кунад. Ҳатто дар сурати муфлис ё банкрот шудани соҳибкор ё нафари қарзгиранда моликияти он ба монанди хона, мошин гарав гирифта мешавад.

Аммо ин дар ҳолест ки тибқи талаботи бонкдории исломӣ, агар нафаре хоҳад пасандози худро дар бонк гузорад ва бонк ба мушкили молӣ рӯ ба рӯ шуда, имкони бозпас додани пасандози муштарии худро надошта бошад, мизоҷ низ дар шикастҳои бонк шарик мешавад ва ҳаққи даъвои бозпас гирифтани пасандозашро надорад. Дар бонкҳои низоми аврупоӣ бошад баръакс дар ҳама маворид муштариён метавонанд маблағи худро талаб намоянд. Ин аст ки ба назари иддае аз соҳибкорон дар низоми бонкии исломӣ таваккал бештар ба назар мерасад.

Риск дар бонки исломӣ кам нест

Бежан Расулов, ки чун соҳибкори хурд бо чандин бонкҳо ҳамкорӣ дорад, мегӯяд аз хизматрасонии бонкҳои исломӣ истифода накардааст, аммо аз он ки бидуни супоридани фоиз ё гарав мондани хонаву мошин имкони маблағ гирифтан ҳаст, хуб ба назар мерасад. Вале барои онҳое, ки пасандоз кардан мехоҳанд, албатта, «таваккал»-и хеле зиёд талаб мекунад.
Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон
Ба бовари Бежан Расулов, агар бонкҳои маъмулӣ бо фоизҳои камтар ба мизоҷон ҳамкорӣ кунанд, шояд беҳтар аз низоми бонки исломӣ ҳам бошад вале: «Ҳоло мо имкон дорем, ки бидуни мондани гарав давоми ду рӯз аз бонкҳо қарз гирем, аммо албатта, бо фоизи баланд. Аз 22 то 40 фоиз. Агар бонкҳои дигар нишондоди фоизи худро камтар кунанд кор ҳам барои соҳибкорон осон мегардад ва ҳам бонкҳо низ муштариёни худро аз даст намедиҳанд. Ман пештар чизеро гарав монда, баъд қарз мегирифтам. Ҳоло бошад фаъолияти соҳибкорӣ доштанам худ кофист, ки бонкҳо бароям қарз диҳанд.»

Феълан дар Тоҷикистон 17 бонки комил ва 987 муассисаи қарздиҳии хурду бузург, бо шумули бонкҳои Эрон, Русия, Олмон ва Қазоқистон амал мекунанд.
XS
SM
MD
LG