Торномаи Aviation Republic, ки хабарҳои хоси соҳаи ҳавопаймоиро пайгирӣ мекунад ва марбут ба ширкати консалтингии Skytrax аст, ширкати Tajik air−ро ба қатори 23 ширкати бадтарини ҳавопаймоӣ дар ҷаҳон шомил кардааст. Аммо масъулони ширкати ҳавопаймоии Tajik air мегӯянд, баҳогузории ширкатҳои хориҷӣ дар нисбати онҳо мунсифона ва одилона нест. Мунаввар Муллоҷаев сухангӯи ширкати Tajik air дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 2 сентябр гуфт, аз муштариёнашон ҳамеша барои хидматрасонии хуб ташаккур мешунаванд ва намедонанд, чаро ба ширкати онҳо чунин баҳогузорӣ шудааст. Вай гуфт, “гоҳо мешавад, ки ҳавопаймоҳо дер моянд ва ё шароити боду ҳаво муосид нест ва парвозҳо ба таъхир мефтад. Аммо мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки парвозҳо сраи вақт бо сифтаи баланд анҷом дода шавад. Ман намефаҳмам дар кадом асос ба ширкати мо ин хел баҳои ноодилона гузоштаанд”,− гуфт Муллочаев.
Вале дар гузориши ин торнамо сабаби ба феҳристи "бадтаринҳо" шомил шудани Tajik air дар мушкилоти марбут ба сифати хидматрасонӣ, порки ҳавопаймоҳо ва рух додани нуқсонҳои техникӣ ҳангоми парвоз шарҳ дода шудааст. Дар садри ширкатҳои муваффақи ҳавопаймоӣ асосан ширкатҳои Осиёӣ, назири Qatar Airways, Asiana Airways, Singapore Airlines ва Cathay Pacific Airways қарор гирифтаанд. Унвони бадтарин ширкати ҳавопаймоии дунё насиби Air Koryo-и Кореяи Шимолӣ шудааст.
Аз ҳавзаи кившарҳои Осиёи Миёна дар қатори ширкатҳои бадтарини ҳавопаймоии дунё дар баробари Tajik air−и Тоҷикистон, аз ширкати Turkmenistan Airline-и Туркманистон ҳам ёд шудааст, ки ҳарду танҳо бо "ду ситора" (аз 5 ситораи дараҷаи олӣ) баҳогузорӣ шудаанд. Ба навиштаи таҳлилгарони ин торнамо, ҳавопаймоҳои ин ширкатҳо ҳангоми парвоз зуд-зуд дучори нуқсони техникӣ мешаванд ва ба ин иллат парвозҳо ҳам ба таъхир меафтанд. Бори охир моҳи апрели соли равон ҳавопаймои Boeing-737-и Тоҷикистон, ки аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти Маскав парвоз мекард, маҷбур шуд дар шаҳри Қизилурдаи Қазоқистон нишасти изтирорӣ анҷом диҳад. Аз рӯи нақша ҳавопаймои Boeing-737-и Тоҷикистон, ки аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти Маскав парвоз мекард, мебоист дар соати 7:38-и субҳ дар фурудгоҳи шаҳри Қизилурдаи Қазоқистон нишаста, маводи сӯхт мегирифт. Аммо дар соати 7:30 ронандагони ин ҳавопаймо ба маъмурияти фурудгоҳ паём доданд, ки ҳавопаймо бо мушкили фаннӣ рӯбарӯ шудааст ва бояд билофосила биншинад.
Вале матбуот дар бораи қаҳрамониҳои халабонҳои ин ширкат ҳам гузоришҳо пахш кардааст. Дар як ҳодисаи соли 2013 ҳайати халабонҳои ҳавопаймои “Боинг-737-400” хатсайри Маскав – Хуҷанд, ки субҳи рӯзи 24-уми май ба таври изтирорӣ ба майдони ҳавоии Хуҷанд фуруд омада аз вуқӯи садамаи эҳтимолӣ пешгирӣ карданд. Дар ин ҳавопаймо, ҳамроҳ бо мусофирону ҳайати ҳавонавардон 100 нафар нишаста буд. Аз ҷумла, 10 нафарашон кӯдак буданд. Мақомоти вилояти Суғд ин қаҳрамонии халабонҳоро қадрдонӣ карданд. Баъдан коршиносон ҳам гуфтанд, ки ҷилавгирӣ аз фоҷеа ба хотири таҷрибаву омодагии касбии ин халабонҳо даст додааст.
Коршиносон мегӯянд, ки мушкили ширкати Tajik Air ва боз ҳам тангтар шудани мавқеи он дар фазои Тоҷикистон ба чанд омил, аз ҷумла қарзи ин ширкат дар назди чанд ниҳод дар ҳаҷми 110 миллион сомонӣ иртибот мегирад. Масъулини «Тоҷик Эйр» дар гузашта гуфтаанд, ки мушкилоти иқтисодии ширкат аз соли 2009 дар пайи берун шудани ширкатҳои кунунии «Фурудгоҳи Душанбе», «Ширкати нафтрасон» ва «Тоҷикаэронавигатсия», ки ҳамагӣ дар тобеияти «Тоҷик Эйр» буданд, оғоз шуд. Парки ҳавопаймоҳо коҳиш ёфта кормандонаш ихтисор ё ба ширкати рақиби "Сомон Эйр" гузаштанд. Дар баробари пешрафти қобили мулоҳизаи ширкати рақиби хусусии «Сомон Эйр» ин ширкати давлатӣ мавқеи пешинаи худро аз даст дод. Ҳоло ширкати Tajik Air соҳиби 36 ҳавопаймо ва чархбол аст, ки аз ин теъдод 15 адад дар парвозанд. Соли 2011 Tajik Air ду ҳавопаймои бароҳати Боинг-737-300 ва МА-60-ро харидорӣ кард. Аммо баъд аз садамаи МА-60, ҳавопаймои тавлиди Чин ширкат аз истифодаи ин навъи ҳавопаймоҳо даст кашид.