Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад


Фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа.
Фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа баъди солҳо интизориҳо, қарор аст охири соли ҷорӣ хатти нави парвоз ба истифода дода шавад. Барои расидан ба ин ҳадаф маъмурият тавонист бо қарзи бонкҳои маҳаллӣ қитъаи зарур барои парвозҳои ҳавопаймоҳоро таъмир кунад.

Фурудгоҳе, ки ҳафтае панҷ парвоз анҷом медиҳаду муҳимтарин бахши муштариёнаш – муҳоҷирони кории роҳӣ ба самти Русия мебошанд, умедвор аст, тадриҷан фаъолияти ҳамаҷонибаашро дубора барқарор мекунад. Мақоми фурудгоҳи Қӯрғонтеппа, ки дар 8-километрии ин шаҳр дар ҳудуди ноҳияи Бохтар ҷойгир аст, “навъи 2” ва “байналмилалӣ” буда, феълан ба фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав парвозҳо анҷом медиҳад.

Баъди муддати тӯлонии қарздории фурудгоҳ аз Кумитаи андоз, ниҳоят маъмурият тавонист 4 миллион сомонӣ (муодили 500 ҳазор доллари амрикоӣ) қарз дарёфт карда, ба таъмиру навсозии қитъае аз хатти парвоз бипардозад. Аз ҳаҷми умумии 2285 метр хати парвоз то охири соли ҷорӣ қарор 165 метри роҳ таъмир ва ба истифода дода шавад. Ин хат, ки дар забони маъмурияти маҳаллӣ ҳамчун хатти аввали парвоз арзёбӣ мешавад, аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуда, тавони хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳои хориҷиро ҳам хоҳад дошт.

Бекмурод Тағаймуродов, муовини раиси фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 24 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Барои 165 метр 4 миллион сомонӣ харҷ шудааст, аз банкҳо қарз гирифтем, худи президент гуфта буд, талаб кард, ки бо талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад. Ҳоло корҳо рафта истодаанд. Аллакай бо ду ширкати дигари Русия шартномаҳо имзо шудаанд.”

Манзури ӯ ширкатҳои "Сибирские авиалинии” ва “Уральские авиалинии“ –аст, ки дар саросари Русия парвозҳо анҷом медиҳанд ва хизматрасонии онҳо аз ширкатҳои дигар, назири “Аэрофлот”, як андоза фарқ мекунад.

Масъулин мегӯянд, як монеаи бозсозии дубораи фурудгоҳи Қӯрғонтеппа дар набуди маблағ ва қарздории он аз Кумитаи андоз буд. Ба қавли Тағаймуродов, қарзе, ки аз солҳои гузашта мондааст, ҳар моҳ дар ҳудуди 50 ҳазор сомонӣ пардохт мешавад ва тадриҷан кормандони ба рухсатии бемузд рафтаи фурудгоҳ ҳам дигарбора ба кор даъват мешаванд.

Маҳмадрасул Исмоилзода, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Бохтар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло беш аз 90 дар сади корҳои сохтмонӣ анҷом шудааст. Вай гуфт, “соҳилмустаҳқамкунии дарёи Вахш идома дорад, чунки 14 метри ин хатти парвоз аз болои дарё мегузарад. Қарор аст ин тарҳ рӯзи 31 декабр ба истифода дода шавад”.

Фурудгоҳ баъди бефаъолиятии солҳои 2010-ум корро тадриҷан аз сар гирифт. Дар ин 6 соли охир гаҳ-гоҳе парвозҳо қатъ мешуд ва кормандон ба рухсатии бемузд фиристода мешуданд. Замоне ин фурудгоҳ 90 дар сади муҳоҷирони кории минтақаи Қӯрғонтеппаро ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Самара мерасонд.

Фурудгоҳи Қӯрғонтеппа аз соли 1969 сохта шуда, дар ҳудуди ноҳияи Бохтар ҷойгир аст. Ин фурудгоҳ ҳавопаймоҳои худиро надорад ва дар заминаи шартнома бо ширкатҳои ҳавопаимоӣ кор мекунад.

XS
SM
MD
LG