Онҳо зимни муроҷиат ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия, хостори муъайян намудани хатсайре шудаанд, ки Абдулвосит Латифов аз тариқи он ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.
Абдуқаюм Юсуфов, яке аз вакилони дифоъи Қорӣ Восит рӯзи душанбе ба «Озодӣ» гуфт, ки тибқи «Конвенсияи Кишинёв», дар ҳамкорӣ бо вакили дифои дигари Абдулвосит Латифов дар Русия Юлия Аксенова, ба фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоии Волгоград дар робита ба ин мавзӯъ муроҷиат намуданд.
Ба гуфтаи вакили мудофеи Абдулвосит Латифов, онҳо мехоҳанд маълум намоянд, ки дар рӯзҳои рабуда шудани зерҳимояашон, ӯ бо паспорти худ интиқол дода шудааст ё бо шиносномаи додарзодааш Муҳаммадрофӣ Содиқов? Абдуқаюм Юсуфов меафзояд, тақрибан ду ҳафта қабл бо ҳамин мазмун ба Идораи Фурудгоҳи байналмиллии Душанбе муроҷиат намудаанд.
"Вақте гуфта мешавад, ки Қорӣ Восит ба Тоҷикистон оварда шудааст, ӯро ҳатман бо шиноснома интиқол додаанд", мегӯяд вакил. "Аз рӯи иттилои мо, ҳангоми боздошти вай, шиносномаи додарзодааш Муҳаммадрофӣ Содиқов низ гирифта шудааст". Вакилони дифоъ аз ҳамин хотир дар фурудгоҳҳо ному насаби бародарзодаи Латифовро зикр кардаанд.
Дар посух ба номаи вакилони мудофеи Қорӣ Восит, идораи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе навиштааст, ки бо шиносномаи Муҳаммадрофӣ Содиқов ҳеҷ нафар вориди Тоҷикистон нашудааст. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе машварат додааст, ки ба номи ҳар ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар шакли ҷудогона муроҷиат намоянд.
Абдуқаюм Юсуфов мегӯяд, ки беш аз як моҳ аз рабуда шудани Қорӣ Восит дар ноҳияи Городишинои Волгоград мегузарад, вале мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар заминаи буду боши ӯ изҳори беиттилоӣ мекунанд. Додситонии Волгоград муддате пеш дар заминаи рабуда шудани Латифов аз қаламрави Русия парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Абдулвосит Латифов, ки як дача ё бӯстонсароҳои ноҳияи Городишинои Волгоградро иҷора гирифта зиндагӣ мекардааст. Аз рӯи иттилои ҳамсараш, вай рӯзи 20-уми октябр аз тарафи як гурӯҳ афроди мусаллаҳи ношинос рабуда шуд. Пас аз як ҳафтаи рабуда шудани Қорӣ Восит, модари ӯ Латофат Имомова ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фаҳмидааст, писараш феълан дар Душанбе ҳаст. Ӯ гуфт, ҳамон тавре ки огоҳ шудааст, Қорӣ Восит рӯзи 24-уми октябр, аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.
Вакили дифои Абдулвосит Латифов мегӯяд, ки ӯ то ба ҳол бо муваккилаш вонахӯрда ва аз маҳалли будубоши ӯ ҳам иттилое надорад.
Дар ҳамин ҳол ба муроҷиати расмии вакили мудофеи Қорӣ Восит ҳам Кумитаи амнияти миллӣ ва ҳам Додситонии кулли Тоҷикисон расман посух доданд, ки Абдулвосит Латифов ба Тоҷикистон интиқол дода нашудааст ва дар кадом пинҳонгоҳи вазорати умури дохила ва ё кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ намешавад. Сарҳанг Раҳматулло Нӯъмонов, сардори Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари нопадид ва гӯё ба Тоҷикистон интиқол ёфтани Абдувосит Латифов воқеият надорад.
Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, иттиҳомот алайҳи Абдулвосит Латипов асосан ба даврони баъд аз авфи соли 1999 рабт доранд. Қорӣ Восит аз рӯи моддаҳои 131 (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 181 (гаравгонгирӣ), 250 (тамаъҷӯӣ) ва 310 (таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешавад. Бино бар иттилои ин манбаъ, соли 2000 ӯ бо аъзои гурӯҳаш як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба гарав гирифта, дар ивазаш талаб кардааст, ки ҷонибдоронаш аз маҳбас озод шаван.
Як иттиҳоми дигар ба Исмоил Гулов, собиқ раиси ноҳияи Ваҳдат рабт дорад, ки солҳои 2000 ва 2001 ду маротиба ҳадафи сӯйқасди афроди мусаллаҳ қарор ёфта буд. Ин ҳамлаҳоро низ мақомот аз гурӯҳи Қорӣ Восит медонанд. Ҳамчунин як занро соли 2000 гӯё гурӯҳи Қорӣ Восит дуздида, бар ивази ӯ маблағ талаб кардааст ва ҳам яке дигар аз иттиҳомот ин аст, ки як нафарро дуздида, ба қатл расондаанд.