Ин ҳафта номи яке аз фармондеҳони собиқи ИНОТ Абдулвосит Латипов, маъруф ба «Қорӣ Восит», зимни хабарҳо оиди рабуда шуданаш аз Русия диққати бисёриҳоро ба худ кашид. “Рӯ задан”-и ӯ дар боздоштгоҳе дар Душанбе, қазияи раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Маҳмадрӯзӣ Искандаровро ба ёд овард, аммо гуфта мешавад Қори Восит, ки ин ҳама сол дар Русия пинҳон шуда буд, дар заминаи ҷиноятҳои сангин боздошт шудааст.
Бархе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ талош доранд, ӯро як мухолифи сиёсии давлат ҷилва диҳанд, вале бархи дигар бар инанд, ки ӯ як ҷинояткор беш нест. Аммо дар ҳоле ки ҳеҷ кадом аз ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии кишвар боздошт ва интиқоли ӯ ба Душанберо расман тасдиқ намекунад ва қазия мармуз боқӣ мемонад, ин ҳадсу гумонҳо низ идома пайдо кардаанд.
Абдулвосит Латипов ҳанӯз моҳи декабри соли 2010 дар шаҳри Волгогради Русия бо дархости мақомоти Тоҷикистон, ки ӯро барои даст доштан дар як силсила ҷиноятҳои вазнин муттаҳам мекарданд, боздошт шуда буд. Аммо додгоҳи шаҳри Волгоград моҳи майи соли равон ӯро ба будубоши ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия
муттаҳам ва ба ихроҷ маҳкум кард. Моҳи август Додгоҳи Олии Русия ҳукми додгоҳи Волгоградро ғайриқонунӣ эълон кард ва 15 октябр Латифов аз боздоштгоҳ ба шарти хориҷ нашудан аз маҳалли зист озод гашт. Ин озодӣ панҷ рӯз давом кард.
Наздикони Абдулвосит Латипов мегӯянд, 20 октябр як гурӯҳи ниқобпӯш вориди манзили ӯ дар шаҳри Волгоград шуда, дасту даҳонашро баста, ӯро бо худ бурданд.
Ҳикматуллоҳ, аз нафароне, ки шоҳиди ин ҳодиса буд, мегӯяд, тақрибан соати чори бегоҳ афроди мусаллаҳи ниқобпӯш ба хона зада даромаданд: «Дасту даҳонамонро баста, чунон заданд, ки беҳуш шудем. Қорӣ дар берун рӯи харак нишаста, бо телефон сӯҳбат мекард. Дар хона ману як ҳамроҳи дигарам будем. Тақрибан соати 6. 30 ба худ омадам. Рафиқам ҳам дар хонаи дигар беҳуш хоб буд. Бинем, дарро аз берун маҳкам карда, баромада рафтаанд. Дигар чизе намедонем.»
Пас аз ин ҳодиса расонаҳо аз истирдоди Қорӣ Восит ба Душанбе хабар пахш карданд.
Ҳукумат дар ин замина вокуниш нишон надод, ҳарчанд вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Абдулвосит Латиповро раҳбари як гурӯҳи террористӣ унвон мекунанд, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Эрону Афғонистон ва Покистон омӯзиши низомӣ дида, дар 25 амали террористӣ ва шаш диверсия алайҳи русҳо ва сарбозону афсарони фирқаи 201- и Русия даст доштааст. Бино ба иттилои ин манбаъ, аз дасти ин гурӯҳ собиқ додситони кулли Тоҷикистон, Нурулло Ҳувайдуллоев, 19 марзбони рус ва 4 корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ваҳдат дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон кушта шудаанд.
Аммо бар пояи Қонуни авфи соли 1999 дар рӯйхати 5 ҳазор размандаи авфшудаи ИНОТ номи Абдулвосит Латипов ва бақия узви гурӯҳи ӯ низ ворид шуд. Ҳамчунин дар гузашта расонаҳо номаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ба нашр расонданд, ки мегуфт, бар пояи авфи соли 1999, боздошт ва пайгарди қонунии ӯ қатъ гашта, дар ин маврид ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода шудааст.
Зимнан вақте Қорӣ Воситро боздошт карданд, расонаҳои Русия танҳо дар бораи ҷиноятҳои замони ҷанги шаҳрвандии ӯ навиштанд. Аммо агар ҷиноятҳои Қорӣ Восит авф шуда бошад, ҳоло чаро боздошту интиқоли ӯ ба Душанбе муҳим шудааст? Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон, ду ниҳоди масъули ҷустуҷӯ ва истирдоди ҷинояткорон аз кишварҳои хориҷ мекӯшанд, истирдоди Қорӣ Воситро ба Тоҷикистон инкор кунанд ва дар қазияи ӯ камсухан бошанд.
Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба таври куллӣ иттиҳомоти ӯро чунин хулоса кард: «Ӯ бо баъзе ҷиноятҳо, аз ҷумла бандитизм ва одамрабоӣ ҷустуҷӯ мешавад. Дар Русия қарор дошт, аз ин хотир, дар шаҳри Волгоград боздошт шуд. Иттиҳомоташ бандитизм, одамдуздӣ ва чанд ҷинояти вазнини дигар аст.»
Дар шӯъбаи байнулмилалии Додситонии кулли Тоҷикистон умуман аз ироаи маълумот худдорӣ карданд, ба он далел, ки ҳоло тафтишот идома дорад ва иттиҳомоти ниҳоӣ ҳанӯз омода нестанд.
Дар ҳамин ҳол, аз манобеи наздик ба ҳукумат ба мо маълум шуд, ки иттиҳомоти Абдулвосит Латипов асосан ба даврони баъд аз авфи соли 1999 рабт доранд. Қорӣ Восит аз рӯи моддаҳои 131 (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 181 (гаравгонгирӣ), 250 (тамаъҷӯӣ) ва 310 (таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешавад. Бино бар иттилои ин манбаъ, соли 2000 ӯ бо аъзои гурӯҳаш як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба гарав гирифта, дар ивазаш талаб кардааст, ки ҷонибдоронаш аз маҳбас озод шаван.
Як иттиҳоми дигар ба Исмоил Гулов, собиқ раиси ноҳияи Ваҳдат рабт дорад, ки солҳои 2000 ва 2001 ду маротиба ҳадафи сӯйқасди афроди мусаллаҳ қарор ёфта буд. Ин ҳамлаҳоро низ мақомот аз гурӯҳи Қорӣ Восит медонанд. Ҳамчунин як занро соли 2000 гӯё гурӯҳи Қорӣ Восит дуздида, бар ивази ӯ маблағ талаб кардааст ва ҳам яке дигар аз иттиҳомот ин аст, ки як нафарро дуздида, ба қатл расондаанд.
Ҳикматуллоҳ, хешованди Абдулвосит Латипов мегӯяд, то ба ҳол мақомоти тафтишотии шаҳри Волгоград ӯ, ҳамсари Қорӣ Восит ва дигар шоҳидонро даъват карда, мавриди пурсиш қарор медиҳанд. Ба қавли ӯ, онҳо маълум карданианд, ки кӣ Қорӣ Воситро рабудааст. Аммо вакили дифои ахирӣ Шӯҳрат Қудратов бо такя ба манобеи худ мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташ дар яке аз ҳуҷраҳои пинҳонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ ва шояд шиканҷа мешавад.
Агар Абдулвосит Латипов ба чунин ҷиноятҳои вазнин муттаҳам мешавад, чаро тарафи Тоҷикистон натавонист Русияро водор кунад, ки ин шахсро бо роҳи расмию қонунӣ ба Тоҷикистон таслим кунад?
Юлия Аксенова, вакили дифоъи Абдулвосит Латипов дар Волгоград мегӯяд, Русия наметавонист Абдулвосит Латифовро бо роҳи қонунӣ ба Тоҷикистон истирдод кунад, аз ин хотир, ҳоло ба ин суол бояд ҳукумати Русия посух гӯяд: «Ҳоло мақомоти дахлдор тафтишот бурда истодаанд. Ин кӯшиши рӯшанӣ андохтан ба ин масъала аст, ки чӣ рух додааст. Аммо ҳам қонунгузории Русия ва ҳам хартияҳои байнулмилалие, ки Русия имзо кардааст, ба истирдоди Латипов мухолифат мекунанд, зеро тибқи қоидаи 9 – и дастури Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ӯ таҳти ҳимояи Додгоҳи Аврупо қарор дорад. Яъне Додгоҳи Аврупо дастур додааст, ки Латипов ба Тоҷикистон дода нашавад. Аммо ҳоло бояд натиҷаҳои тафтишотро мунтазир шавем. Дигар чизе аз ин беш гуфта наметавонам.»
Дар ҳоли таъйиди истирдоди Қорӣ Восит ба Душанбе аз сӯи мақомоти Тоҷикистон, суоли дигаре халқ мешавад, ки чаро Русия бо вуҷуди уҳдадориҳояш дар назди Додгоҳи Аврупо, ӯро ба Тоҷикистон таслим кард?
Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи Абдулвосит Латипов дар Душанбе мавриди муомилаи миёни ҳукуматҳо қарор гирифтани қазияи нафари таҳти ҳимояташро баъид намедонад: «Барои ҳукумати Тоҷикистон ҳоло Латипов ҳамчун нафаре лозим шудааст, ки сирру асрори мухолифинро гӯё медонад. Ин як бозии сиёсӣ аст, вагарна ҳукумат ин қадар кӯшиш намекард, ки ӯро аз Русия истирдод кунад.»
Расонаҳои давлатӣ қаблан навишта буданд, ки Абдулвосит Латипов яке аз муҳофизони шахсии Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ ноиби сарвазир ва яке аз раҳбарони пешини Иттиҳоди мухолифони тоҷик буд. Дар ин замина ҳадс зада мешавад, ки Қорӣ Восит барои он муҳим шудааст, ки метавонад, дар фишор сари Тӯраҷонзода истифода шавад. Аммо ҷаноби Тӯраҷонзода зимни як сӯҳбат ба РО гуфта буд, ки Қорӣ Восит ҳеҷ гоҳ муҳофизи шахсии ӯ набуд.
Ба қавли ӯ, Қорӣ Восит яке аз фармондеҳони собиқи мухолифи ҳукумат буд, ки пас аз хатми ҷанг дар қисми низомии Вазорати дифоъ, воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат ифои вазифа мекард. Вай афзуд, муҳофизони ӯро замони муовини сарвазир буданаш Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъин карда буд. Яке аз муҳофизони собиқи ҷаноби Тӯраҷонзода, ки ҳоло дар як ниҳоди қудратии Тоҷикистон кор мекунад, гуфт, Абдулвосит Латипов воқеан ҳеҷ гоҳ дар дастаи муҳофизони Тӯраҷонзода набудааст, аммо афзуд ӯ, чанде пеш як муҳофизи собиқи ин шахс Убайдулло Ғафуров низ аз Русия рабуда шуд, ки мумкин аст, ду ҳодиса бо ҳам рабте дошта бошанд.
Дар гузашта, чанд тани дигар, ки узви гурӯҳи Қорӣ Восит буданд, низ ба Тоҷикистон истирдод шуда буданд. Яке аз онҳо 18 сол ҳукм гирифт ва якеи дигар аз додгоҳ озод шуд. Сарнавишти Қорӣ Восит чӣ хоҳад буд, суоли оянда аст.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!