Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Қорӣ Восит: “Ӯро афроди ниқобпӯш аз хона бурданд”


Фирӯза Мирҳамидова мегӯяд, шавҳарашро баъд аз панҷ рӯзи раҳоӣ аз боздоштгоҳи муваққат афроди ношинос рабудаанд.

Дар тафсилоти ҳодисаи рӯзи 20 октябр Фирӯза Мирҳамидова дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ аз шаҳри Волгоград гуфт, ки ин ҳодиса дар як хонаи берунишаҳрӣ ё “дачный домик” рух дод, ки Абдулвосит Латипов ва чанд хешаш иҷора гирифта буданд.

  • Ман шахсан шоҳиди ин ҳодиса нашудам, чунки аз Тошканд дар роҳ ба Волгоград будам ва рӯзи 21 октябр ба хона расидам. Аз рӯи он чи ки хешу табораш нақл карданд, дар хона се нафар буданд, аз ҷумла шавҳари ман. Ӯ дар боғча буд. Тақрибан соатҳои 16 ба вақти маҳаллӣ мардони ношиноси ниқобпӯши мусаллаҳ ба ин манзил зада даромада, дасту пои ҳамаро бастанд, чашму даҳонашонро бо скотч маҳкам карданд ва дарро аз болояшон қулф карда баромада рафтанд.

Ӯ мегӯяд, ки баъди тақрибан ду соат, ки онҳо тавонистанд озод шаванд, диданд, ки Абдулвосит нест ва инчунин як паспорти дохилии Тоҷикистон ба номи ҷиянаш ҳам нопадид шудааст. "Эҳтимоли мо ин аст, ки шояд Латиповро бо ҳамин паспорти ҷиянаш Муҳаммадрофӣ Содиқов бурдаанд", гуфт ин зан. Баъди он ки онҳо дасту пояшонро озод карданд ва азбаски забони русиро хуб намедонистанд, ба адвокат телефон карда дар бораи ин ҳодиса хабар доданд, то ки ӯ баъдан додситонро ҳам дар ҷараён гузорад.Ҳамсари Абдулвосит Латипов дар идома гуфт, ки баъди ин шавҳараш комилан бедарак шуд ва ӯ дигар намедонад, ки дар куҷо ҷустуҷӯяш кунад. “Ман аз рӯзи бозгаштам 21 октябр то ҳол ҳамроҳ бо хешу табори шавҳарам дар ба дари мақомоти тафтишотӣ гашта, дар бораи ҳодисаи гузашта баёнот медиҳем”. Вай гуфт, бори охир садои шавҳарашро ҳамон рӯзи 20 октябр тақрибан соатҳои 14 рӯз шунидааст.

  • Вай гуфт, ман ба пешвозат омодагӣ мебинам. Мехоҳам, ки як бузро кушта худоӣ кунем. Гуфт, чӣ омода кунем? Гуфтам, биё, шашлик мепазем. Хешовандонаш гуфтанд, ки ӯ ҳамон рӯзи 20-ум рафта бозорӣ кард ва табъаш ҳам хуш буд.

Дар ҳамин ҳол, вакили дифои Латипов Юлия Аксенова дар сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Волгоград гуфт, ки дар бораи нопадидшавии нафари зерҳимояташ ба мақомоти дахлдори Русия, яъне додситонӣ, Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ҳамчунин, суди Аврупо огаҳинома фиристодааст. Суди Аврупо ҳукм кардаст, ки Русия набояд ба ҳеҷ сурат Латиповро аз қаламраваш ба ҷои дигар интиқол диҳад.


Ба нақли вакили дифоъ, боздошти Латипов соли 2010 аз рӯи дархости Тоҷикистон сурат гирифтааст. Латиповро ба даст доштан дар 25 амали террористӣ муттаҳам мекунанд, ки боис ба марги беш аз 40 нафар шудааст. Гурӯҳи зери раҳбарии ӯ ҳамчунин дар қатли собиқ додситони кулли Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев ва куштори 19 марзбони рус ва чаҳор корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ваҳдат дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон муттаҳам мешавад.

Ба гуфтаи Хадамоти амниятии Русия, аъзои гурӯҳи Абдулвосит Латифов дар солҳои ҷанги дохилӣ дар урдугоҳҳои ҳудуди Эрон ва манотиқи марзи миёни Афғонистону Покистон омӯзиши низомӣ гирифтааст. Расонаҳои русӣ менависанд, ки Абдулвосит Латипов аз соли 1997 то 2001 муҳофизони яке аз раҳбарони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода буд. Вале ҷаноби Тӯраҷонзода қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари рабти Латипов ба худро бепоя ва беасос хонд ва гуфт, Абдулвосит Латипов ҳеҷ гоҳе аз ҷумлаи муҳофизони ӯ набудааст. Аз рӯи иттилои вакили дифоъ, ӯ давоми 10-11 соли охир дар Русия ба сар бурда, ҳеҷ гоҳ ба Тоҷикистон нарафтааст.


4 маи соли 2012 додгоҳи ноҳияи Марказии Волгоград Латиповро дар нақзи муқаррароти муҳоҷират айбдор кард ва ӯро дубора боздошт карданд. Дар натиҷа, 21 августи имсол ин қарори додгоҳи ноҳиявӣ аз ҷониби Додгоҳи олии Русия дар Маскав лағв шуд, вале то замони расидани ин қарор аз Маскав ба додгоҳи ноҳияи Марказии Волгоград Латипов дар боздошт буд. 15 октябри соли ҷорӣ бо қарори расмии додгоҳ Латиповро бо шарти набаромадан аз қаламрави шаҳр озод карданд. Аз рӯи нақли вакили дифоъ, аз рӯи қонун ӯ бояд дар суроғаи зикршуда сабти ном шуда, шумораи телефони сабтшударо истифода мекард.

  • Рӯзи 20 октябр вай ба ман телефон карда гуфт, ки наздаш ҳамсару духтараш меоянд ва ӯ суроғаи зисташро дигар мекунад. Аз рӯи муқаррарот, ман бояд ин хабарро ба додситон мерасондам. Вале соати шаши бегоҳи ҳамон рӯз хешовандони Латипов ба ман телефон карда гуфтанд, ки ҳамин ҳодиса рӯй дод ва онҳо намедонанд, ки ӯ дар куҷо буда метавонад. Вақте ман ба додситон телефон карда ин хабарро расондам, ӯ гуфт, ки имрӯз рӯзи шанбе аст ва ман дар ҳудуди шаҳр нестам. Зиёда аз ин, гуфт ӯ, ман дигар бо масъалаҳои экстрадитсия сару кор надорам. Ин мушкили ман нест, гуфт прокурор.

Юлия Аксенова мегӯяд, ки бардошти ӯ ин буд, ки дар органҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳеҷ касе дунболи Латипов гаштанӣ нест. “Ин дар ҳолест, ки шахси санадҳоро имзокарда бояд таҳти назари полис бошад ва агар ӯ нопадид шуд, онҳо масъули пайдо кардани ӯ ҳастанд”, гуфт вакил. Вай гуфт, ки роҷеъ ба маҳалли буду боши нафари зерҳимояташ ҳеҷ иттилое надорад.


Аз рӯи иттилои манобеи радиои Озодӣ, Абдулвосит Латипов тақрибан се рӯз пеш ба Тоҷикистон оварда шуда, ҳоло дар ихтиёри сохторҳои қудратӣ қарор дорад. Вале айни замон, дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин хабарро рад карда, роҷеъ ба маҳалли буду боши ин шаҳрванди Тоҷикистон изҳори беиттилоӣ мекунад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG