Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Абдувосит Латифов, рӯзи панҷшанбеи якуми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, нафари таҳти ҳимояаш дар як манзили пинҳонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.
Ҷаноби Қудратов гуфт, кормандони Кумитаи амнияти миллӣ бо шарти фош накардани ному насабашон иттилоъ додаанд, ки чанд нафаре аз онҳо муваззаф шудаанд, то Қорӣ Воситро як муддат нигоҳдорӣ кунанд.
Ин вакили мудофеъ мегӯяд, дар ивази муроҷиатҳои пайдарпайи ӯ ҳанӯз ҳам мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилӣ ба таври расмӣ аз вуҷуди Қорӣ Восит дар қаламрави Тоҷикистон изҳори бехабарӣ мекунанд.
Дар ҳафтаи гузашта вакили мудофеи Абдулвосит Латифов ба Додситонии кулли Тоҷикитсон дар мавриди мушаххас кардани ҷои нигоҳдории Қорӣ Восит расман муроҷиат карда буд, аммо то ҳол посухе дарёфт накардааст.
Ин дар ҳолест, ки наздикони Қорӣ Восит аз ҷумла модараш Латофат Имомова, рӯзи ҷумъаи 26-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, аз як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фаҳмидааст, ки писараш феълан дар Душанбест. Ӯ гуфт, ҳамон тавре ки огоҳ шуд, Абдувосит (Қорӣ Восит) рӯзи 24-уми октябр аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.