Сарҳанг Раҳматулло Нӯъмонов, сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари нопадид ва гӯиё ба Тоҷикистон интиқол ёфтани Абдувосит Латифов (Қорӣ Восит) воқеият надорад.
Ҷаноби Нӯъмонов мегӯяд, дар ҳоле ки масъалаи истирдоди гумонбарон аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистонро ниҳоди зери роҳбарияш анҷом медиҳад, шахсан ӯ аз чунин ҳодиса бехабар аст: "Ман ҳам дар Интернет хондам, ки сохторҳои қудратӣ гӯиё оварда бошанд. Умуман, дар мо овардагӣ нестанд. Ман сад дарсад бовар мекунонам. Ба воситаи идораи мо бояд ин кор амалӣ шавад, аммо мо овардагӣ нестем ва хабар ҳам надорем. Мақомоти Русия ҳам моро дар ин бора ягон хабар надодаанд."
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки як манбаи наздик ба мақомоти интизомии кишвар гуфтааст, Абдувосит Латифов дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Ба ақидаи нозирони вазъ, истирдоди Латифовро агар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон анҷом надода бошад, он метавонад, аз тарафи сохтори дигари қудратӣ ба вуқӯъ пайваста бошад.
Аммо муқаррар шудааст, ки Абдувосит Латифов, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди оппозитсиюни тоҷик, ки солҳои охир дар Русия кору зиндагӣ мекард, дар соли 2010 бо дархости Тоҷикистон дастгир шуд. Ӯро мақомоти Тоҷикистон дар ҷиноятҳои сангине чун ғоратгарӣ, одамрабоӣ ва қатлу террор муттаҳам медонанд. Аммо 15-уми октябри соли ҷорӣ Додгоҳи шаҳри Волгоград Латифовро бо шарти набаромадан аз қаламрави шаҳр озод кард. Пас аз панҷ рӯзи раҳоӣ афроди ношиноси ниқобпӯш ба маҳалли зисти ӯ ҳамла карда, ӯро бо дасти баста ба тарафи номаълум бурдаанд. То кунун маҳалли будубоши ӯ номаълум аст.
Бо назардошти воқеаҳои ҳамсони гузашта, аз ҷумла рабуда шудани раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, дар соли 2005 бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон ҳадс мезананд, ки мумкин аст, Қорӣ Восит низ ба ҳамин шакл аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Онҳо дар Маскав нопадид шудани айбдоршавандаи дигар Низомхон Ҷӯраев ва дар Душанбе зоҳир шудани ӯро низ ба ҳамин шеваи кор марбут медонанд.
Ҳуқуқшиноси маскавӣ Анна Ставиская, ки манфиатҳои чанде аз шаҳрвандони гирифторшудаи тоҷик дар Русия, аз ҷумла Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро бар ӯҳда дорад, гуфт, иллати аслии ин амр он аст, ки истирдоди айбдоршавандагон аз роҳи расмӣ ҷавобгарӣ дорад ва бояд бо ҳукми додгоҳҳои Русия сурат гирад. Биноан, Русия бо вуҷуди он ки одамрабоӣ ба обрӯяш зарба мезанад ва аммо ба ҷуз ҷаримаи молии Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо пайомади дигар надорад, ба ин шева бартарӣ медиҳад.
Ӯ мегӯяд, "иллат дар он аст, ки Русия дар баробари меъёрҳои аврупоии ҳуқуқи башар масъулият дорад ва аз онки аз нигоҳи қонун истирдоди як нафар ҷавобгарии зиёд дорад ва ҳимоятгар метавонад расман шикоят кунад, беҳтар медонад, аз роҳҳои дигар истифода намояд. Аммо аз онки чаро Тоҷикистону Русия дар ин мавридҳо даст ба қонуншиканӣ мезананд, беҳтар аст ҳукматҳои ин ду кишвар шарҳ диҳанд, ки ин ҷо чӣ сабабҳои дигаре буда метавонад."
Бо ин ҳол, тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон низ дар сурати ба ватан овардани ҳар гуна нафари таҳти таъқиб масъулон вазифадоранд, тӯли 24 соати аввал ба ӯ имкони як занги телефон ба наздиконаш диҳанд ва ё пайвандонашро аз маҳалли нигаҳдошти ӯ огоҳ созанд. Аммо наздикони Қорӣ Восит мегӯянд, ҳеҷ хабаре аз ӯ ба онҳо нарасидааст.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!