Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латту кӯби як корманди милиса дар Кӯлоб. ВИДЕО


Ду нафари номаълум як корманди Раёсати умури дохилӣ дар минтақаи Кӯлобро латту кӯб карда, аз маҳалли ҳодиса фирор намудаанд. Ҳодиса шаби гузашта иттифоқ афтодааст.

Латту кӯби ин милиса 80-100 метр дуртар аз маҳалле рух додааст, ки шаби 13-уми май ба ҷони як корманди 25-солаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сӯиқасд сурат гирифта буд.

Як манбаъ дар мақомоти интизомӣ рӯзи 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Марям Шарифзода – лейтенанти 24-солаи милиса – шабона дар назди манзили зисташ, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, мавриди ҳуҷум қарор гирифтааст. "Ин ду нафар ба сару рӯйи корманди милиса бо мушту лагад зада, бо огоҳ шудани сокинон, аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд. Ҳоло ин корманди милиса бо ҷароҳатҳои сабук дар шифохона бистарӣ ҳаст”, - гуфт мусоҳиби мо.

Як манбаи дигар дар мақомоти Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса соатҳои тақрибан 8 ба 9-и шаби гузашта дар кӯчаи марказии шаҳри Кӯлоб рух додааст. Ба қавли ӯ, дар ҳоли ҳозир Марям Шарифзода дар бемористони “Ёрии таъҷилӣ” бистарӣ мебошад.

Бинои идораи умури дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб
Бинои идораи умури дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб

Сардухтури беморхона Ниёзмад Шомадов ба Радиои Озодӣ гуфт, Марям Шарифзода соати 8:30-и шаби гузашта ба ин бемористон оварда шуд. Ӯ ҷароҳатҳои Шарифзодаро сабук хонд ва гуфт, “аз ноҳияи шикам, даст ва пой осеб дидааст”. Ниёзмад Шомадов, ки қабл аз зӯҳри 17-уми май бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт, пас аз муоина то чанд соати дигар ин корманди пулисро аз бемористон ҷавоб хоҳанд дод.

Сокини шаҳри Кӯлоб: Метарсам шаб бароям
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Иллат ва ангезаҳои ҳамла ба лейтенати милиса дар Кӯлоб то ба ҳол маълум нест. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, ки мақомот ҳамакнун ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардаанд.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Латту кӯби ин милиса 80-100 метр дуртар аз маҳалле рух додааст, ки шаби 13-уми май ба ҷони як корманди 25-солаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сӯиқасд сурат гирифта буд. Ба тани ин афсари амният шахс ё шахсони номаълум 24 корд заданд.

То ҳанӯз афроди ҳамлагар ба ин афсари КДАМ-ро пайдо накардаанд. Додситонии шаҳри Кӯлоб бо моддаи “сӯиқасд ба куштор”, нисбат ба ин ҳодиса парванда боз намудааст. Мақомот мегӯянд, ки ҳамлагарон ба корманди милиса низ ҷустуҷӯ мешавад.

XS
SM
MD
LG