Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати сокини Ҳамадонӣ дар занозании гурӯҳӣ


Дар пайи як занозании гурӯҳӣ дар назди таваққуфгоҳи бозори марказии ноҳияи Ҳамадонӣ як сокини 48-сола ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса ҳафтаи гузашта рух дода ва дар паи он нисбат ба панҷ нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Парвандаро муфаттишони умури дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ таҳқиқ мекунанд.

Як масъули шуъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 23 феврал бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 16 феврал тахминан шаш тан ба ду гурӯҳ тақсим шуда, дар назди таваққуфгоҳи бозори марказии ноҳия занозанӣ кардаанд. Ин манбаъ гуфт, дар натиҷаи занозанӣ Авазхон Мардов, сокини 48-солаи шаҳраки Маскав, ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи ин масъул, ҳоло нисбат ба ин ҳодиса бо моддаҳои 104 (одамкушӣ), 110 (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 237 (авбошӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Датсгиршудаҳо ҳама аз 18 то 35-сола мебошанд.

Феълан тафтишот аз пахши ҷузъиёти бештари ҳодиса худдорӣ мекунад ва аз ҷумла феълан мушаххас нест, ки сабаби аслии муноқиша ва то куштор расидани ин моҷаро чист.

Давоми ду моҳи охир ин дувумин занозании маргбор дар минтақаи Кӯлоб аст. Аз ин пеш, рӯзи 10 январ соҳибкори шинохта дар Кӯлоб Миралӣ Ҳасанов дар як муноқиша бо гурӯҳи ҷавонон кушта шуд.

XS
SM
MD
LG