Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 соли зиндон барои ҳамла ба пулис


Додгоҳи минтақаи Кӯлоб як сокини маҳаллиро ба ҷурми ҳамла ба корманди милиса ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб Алиҷони Нуралиро ба ҷурми ҳамла бо корд ва захмӣ кардани корманди милисаи ноҳияи Ҳамадонӣ ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ дар ҳоле Алиҷони Нуралиро маҳкум ба зиндон кард, ки корманди пулис ё ҷабрдида аз гуноҳи ӯ гузашта ва дар ин бора ба додситонӣ ва додгоҳ забонхат додааст.

Нуралӣ Диловаров, падари Алиҷони Нуралӣ, рӯзи 29 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯро аввал бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне тайёрӣ ба ҷиноят ва қасди куштор бо бераҳмии махсус гумонбар медонистанд, вале вақте пулис аз гуноҳаш гузашт, ӯро моддаи авбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ гунаҳгор донистанд.

«Ҳарчанд дар рафти судӣ ҷабрдида мегуфт, ки дар дасташ корд набуд, аммо дар суд ба суханҳои ӯ аҳамият надоданд»,--гуфт мусоҳиби мо.

Ҷазо ба як сокини Кулоб барои кордкашӣ ба милиса
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:33 0:00

Як сол қабл, дар ҷараёни як занозанӣ дар наздикии деҳаи Қарағочи ноҳияи Ҳамадонӣ, як корманди милиса захм бардошт. Дар пайи ин ҳодиса Алиҷони Нуралӣ, сокини шаҳри Кӯлоб ва ронандаи таксӣ боздошт шуд.

Низомиддин Валиев, корманди шӯъбаи корҳои дохилӣ ва ё ҷабрдида дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ ҳамон шаб дар деҳаи Қарағочи Алиҷон ӯро захмӣ карда буд. Ба гуфтаи ӯ, аз сабаби дар шароити вазнин зиндагӣ доштани онҳо аз гуноҳаш гузашт. Ӯ гуфт, ки ҳатто ба додситон ва муфаттиш дар ин бора забонхат навиштааст.

Ҷаноби Валиев афзуд: «Мард як забон дорад, вақте зиндагии онҳоро дидам, шикоятамро пас гирифтам. Ба суду додситон гуфтам, дигар маро даъват накунед, ман гуноҳашонро бахшидам, аммо ӯро суд карданд, ман чи кор кунам?»

Бар асоси қавонини Тоҷикистон бо вуҷуди аз гуноҳ гузаштани ҷабрдида фарди муттаҳам барои ҷинояти содиркардааш дар додгоҳ муҳокима ва муҷозот хоҳад шуд.

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ҳафтае пеш шикояти волидайни Алиҷони Нуралиро бе тағйир гузошт. Аммо вакилони дифоъи Алиҷон мегӯянд, ки онҳо ба додгоҳи болотар шикоят хоҳанд бурд.

Шоҳидон мегӯянд, муноқишаи корманди милиса ва ронандаи таксӣ дар ҳоле рух дод, ки гӯё Низомиддин Валиев дар тан либоси мулкӣ аз ронанда ҳуҷҷат пурсида, дар пайи баҳс калиди мошини ӯро гирифтааст. Инро худи Низомиддин Валиев низ дар додгоҳ тасдиқ кардааст, ки шаби занозанӣ, ӯ либосӣ мулкӣ дар тан дошт.

XS
SM
MD
LG