Берун кардани нашрияҳои ғайридавлатӣ аз “рӯйхати обуна”-и мақомот сабаби аз байн рафтани бархе гардида, тақдири ояндаи бархе дигарро зери суол бурдааст. Рӯзноманигорону коршиносон мегӯянд, обунаи “ихтиёрӣ-маҷбурӣ” дар Тоҷикистон рақобати солими байни нашрияҳо ва ҳавасмандии рӯзноманигоронро барои таҳияи матолиби ҷолибу хонданӣ ва ҷалби муштарӣ аз байн мебарад.
Мақомот "Ганҷи ороста"-ро "чап" гирифтаанд?
Раънои Зоирдухт, сардабири моҳномаи "Ганҷи ороста" -- моҳномаи бахши Бунёди забони тоҷикӣ дар Истаравшан мегӯяд, то имсол бо ёрии мақомот ҳудуди 1,5 -2 ҳазор нафарро обуна мекарданд. Вале соли гузашта, аз он, ки чандин матолиби интиқодӣ чоп карданд, мақомот онҳоро “чап” гирифт ва натиҷа танҳо 280 нафарро обуна кард. Арзиши обунаи яксолаи ин нашрия 30 сомонӣ аст.
Хонум Зоирдухт рӯзи 6-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мо дар бархе мақолаҳоямон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нозирони роҳ, беҳдошт ва масъулони номгузориро интиқод кардем. Барои ҳамин бо баҳонае, ки гӯё барои таъмини обунаи нашрияи мо супориш нагирифтаанд, мисли ҳарсола барои нашрияи мо обуна накарданд.”
Моҳномаи “Ганчи ороста” дар ҳоли ҳозир ягона нашрияи Бунёди забони тоҷикӣ аст, ки дар Истаравшан ба думболи қабули нахустин Қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистон, аз моҳи декабри соли 1990 ба нашр мерасад. Ба қавли хонум Зоирдухт, дар шумораи охири соли 2016 матлаби интиқодие ба чоп расонида ва номи чанд кӯчаи Истаравшанро тағйир додаву ба номи падарони худ гардонидани мақомотро ба боди интиқод кашиданд. Баъд аз ин, муносибати онҳо комилан ба сардӣ гароид ва обунаи нашрияро ба ҳоли ҳуд гузоштанд.
Раъно Зоирдухт дар посух ба ин суол, ки чаро худи кормандони нашрия ва Бунёди забони давлатӣ бо талоши худ мардумро ба нашрия обуна намекунанд, гуфт, ҳанӯз аз моҳи сентябри соли гузашта назди обунашвандагони аслии худ ба мактабҳову омӯзишгоҳҳо, ҷамоатҳо ва бемористонҳо рафта, бо додани номаҳо онҳоро ба обунаи нашрияи “Ганҷи ороста” тарғиб карда буд.
Коршинсон шеваи обуна карданро, ки дар ҳоли ҳозир аз ҷониби мақомот анҷом дода мешавад, дуруст ва бар фоидаи матбуоти давлатӣ ё мустақил намедонад.
“Ҳоло, ки аз корхонаву муассисаҳо ва ҷамоатҳо мепурсем, ки чаро обуна нашудед, мегӯянд, ки маблағи обунаро ҷамъ оварда, яклухт ба бахши молияи ҳукумат додаанд, молия ба масъулони обуна додааст ва онҳо ба салоҳдиди худ ба нашрияҳои писанди мақомот обуна кардаанд”,- гуфт Раънои Зоирдухт.
"Аввал хеш, баъд дарвеш"
Дар Тоҷикистон обуна ба нашрияҳои чопиро умдатан ҳукуматҳоӣ маҳаллӣ ба роҳ мемонанд. Дар рӯйхати нашрияҳо, ки ба идораву муассисаҳои давлатӣ барои обунаи ҳатмӣ пешниҳод мегардад, аввал нашрияҳои давлатӣ ва баъди онҳо рӯзномаву маҷаллаҳои хусусӣ ва наздик ба ҳукумат ҷо мегиранд. Теъдоди обунашавандагон ба онҳоро низ мақомот аз рӯи муносибати худ ба нашрияҳо таъин мекунанд.
Мақомот: "Худатон низ талош кунед"
Нигора Ҳайдарзода, муовини раиси ҳукумати шаҳри Истаравшан мегӯяд, соли равон на танҳо “Ганҷи ороста”, балки нашрияҳои дигари Истаравшан низ теъдоди муштариёни худро аз даст додаанд. Ӯ афзуд: “Ман ба муаллима (манзур Раънои Зоирдухт) фаҳмонидам, ки аз моҳи оянда ба бештар кардани шумораи обуначиёни нашрия кӯшиш мекунем. Вале ба бархе нашрияҳои чопии хусусӣ гуфтем, ки худашон ҳам барои бештар кардани муштариву обуначиёни худ талош кунанд. Маводҳои ҷолиб чоп кунанд, худи мардум ба суроғи онҳо мераванд. Шарт нест, ки мо маҷбурӣ обуна кунем.”
Биноба иттилои намояндагии муассисаи давлатии “Почтаи Тоҷикистон” дар шаҳри Истаравшан, барои соли 2017 8500 ҳазор нафар ба нашрияҳои ноҳиявӣ, беш аз 3300 нафар ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва 1755 нафар ба нашрияҳои чопии вилоятӣ обуна шудаанд.
Обуна душвортар шудааст
Дар Истаравшан 7 расонаи чопӣ ба нашр мерасад ва теъдоди обуна ба онҳо аз 100 адад барои маҷаллаи фарҳангиву фароғатии “Истаравшан” то 4 ҳазор ба “Нури дониш”-и бахши маориф мерасад. Ҳамин тавр, дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд низ имсол обуна ба нашрияҳои хусусии “Лочин” ва “Саломат бошед” на мисли ҳарсола аз ҷониби мақомот, балки бо талоши худи масъулони ин нашрияҳо сурат гирифтааст.
Зебо Қурбонова, сардабири нашрияи “Лочин” мегӯяд, солҳои охир ҷалби хонандагон барои обуна душвортар шудааст, вале бо роҳандозии маъракаи густардаи обуна, таъсиси саҳифаҳои нашрия дар саҳифаҳои иҷтимоии интернет ва блоги худ ин мушкилро паси сар мегузоранд. “Вохӯриву сӯҳбатҳои рӯ ба рӯи мо бо хонандагони худ бештар дар мактабҳо буд, ки нашрияи мо имсол назар ба соли гузашта обуначиёни бештар пайдо кард. Соли 2017 ба "Лочин" беш аз 6 ҳазор нафар обуна шуданд.“
Вазъи сангини нашрияҳои мустақил
Вале ба гуфтаи рӯзноманигорон ва коршиносон, фаъолияти рӯзномаҳои мустақил дар шароити ҷорӣ шудани маҳдудияти бештар ба иттилоъ ва фишору мушкилоти молӣ душвортар шудааст. Соли 2016 ҳамзамон бо қатъи фаъолияти нашрияи “Нигоҳ” ва хабаргузории “Тоҷнюс” дар Душанбе, нашрияҳои “Вароруд” ва “Дам” низ аз фаъолият монданд. Сардабирони ин нашрияҳо сабаби қатъи фаъолияти худро “мушкилоти молӣ” унвон карданд. Зимнан, ин 2 нашрияро мақомот аз замони таъсиси онҳо ба рӯйхати обуна ҷо надода буданд ва обунаву фурӯш ва паҳн кардани онҳоро гурӯҳи эҷодӣ бар дӯш доштанд.
"Шеваи обуна дуруст нест"
Нуридин Қаршибоев, раҳбари Анҷумини расонаҳои мутақили Тоҷикистон шеваи обуна ва паҳн кардани нашрияҳо дар Тоҷикистонро, ки дар ҳоли ҳозир аз ҷониби мақомот анҷом дода мешавад, дуруст ва бар фоидаи матбуоти давлатӣ ё мустақил намедонад.
Ӯ мегӯяд: "Обуна бояд ихтиёрӣ сурат бигирад ва мардум бояд ихтиёран ба нашрияи дилхоҳи худ аз рӯи имконоти худ обуна шаванд. Ман зидди ҳар гуна обунаи маҷбурӣ, аз ҷумла ба нашрияҳои мустақил ҳастам. Мардум бояд ҳуқуқи интихоб дошта бошад. Онҳо нашрияи дилхоҳи худро аз рӯи мазмуну мундариҷаи маводҳои ба нашррасонидаи онҳо интихоб кунанд. Ягон кас муваззаф нест ба нашрияҳои давлатӣ ё мустақил мардумро обуна кунад. Нашрияҳои мустақил маводҳое пешниҳод кунанд, ки мардум муштоқи обуна ва муштариён дар ҷустуҷӯву хондани он нашрияҳо бошанд."
Ӯ афзуд, вале вақте ки обунаи мардум ба нашрияҳо бо роҳи “ихтиёрӣ - маҷбурӣ” анҷом мегирад, монеи рушди нашрияҳои давлативу мутақил мегардад. Нашрияҳое, ки мақомот ба обунаи онҳо мусоидат мекунанд, ки ба “туфайлихӯр” табдил меёбанд, ки ба ҷолибу хонданӣ кардани маводи нашрияи худ чандон ҳавасманд нестанд. Нашрияҳои дигаре, ки мақомот аз рӯйхати обуна берун мекунанд, барои ҷалби сокинон ба обуна ва фурӯши он душворӣ мекашанд ва ин вазъ дар шароити сангини буҳрони иқтисодӣ фаъолияти расонаҳои мустақилро зери суол мебарад.