Баҳодур Розиқов мегӯяд, “бизнес”-и ӯ танҳо ба доираи муайяни одамон нигаронида шудааст ва ӯ мушкили мансабдоронеро осон мекунад, ки фурсат ё хоҳиши сар задан ба дӯконҳои рӯзномафурӯширо надоранд.
Ин марди 40-соларо, ки дар гузашта муаллими математика будааст, аксари мансабдорони маҳаллӣ хуб мешиносанд ва ӯро бисёр вақт метавон дар идораву муассисаҳои давлатӣ дид. Вай завқу хости ҳар як муштарии худро медонад. Ӯ медонад, ки кадоме аз муштариёнаш мухлиси “Чархи гардун” аст ва кадоме ҳаводори “Озодагон” ё “СССР”. Ҷолиб аст, ки Баҳодур тавонистааст, ҷойгоҳи хоси худро дар бозори фурӯши нашрияҳо пайдо кунад. Ӯ мегӯяд: «Аз ман бештар нашрияҳоеро мехаранд, ки онҳоро тариқи обуна дастрас карда наметавонанд. Ин нашрияҳои хусусӣ ҳастанд ва мақолаҳои танқидӣ доранд, ё ин ки дар бораи ҳаёти оилавӣ менависанд. Ҳоло нисбати чанд соли пеш сокинони оддӣ ҳам баъзан рӯзнома мехаранд, лекин мисле, ки мансабдорон мехаранд, инҳо чунин нестанд.»
Муштариёни Баҳодур Розиқов, сардухтурони беморхонаҳо, раисони бонкҳо, кормандони милисаву додгоҳу додситонӣ ва дигар раҳбарони муассисаҳои давлатӣ ба шумор мераванд. Розиқов ба ҳар муштарӣ диққати хос медиҳад ва ҳамеша талош мекунанд, муштариёни наверо ба даст орад. Ӯ нашрияҳои хусусиро аз намояндагони матбуот дар бозори Кӯлоб дастрас мекунад ва ҳамон рӯз баъди мутолиаи кӯтоҳдасти онҳоро ба муштариёнаш мерасонад.
Гулҷаҳон Болтаева, мудири Идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Кӯлоб мегӯяд, дар баробари обуна будан ба нашрияҳои давлатӣ, инчунин ба хотири огоҳии бештар аз Баҳодур нашрияву маҷаллаҳои иҷтимоӣ мехарад. «Дар рӯзномаҳои ҷамъиятӣ ҳам баъзан таҳлилҳои хуб нашр мешавад, ки мо онро дар корҳои тарғиботиву ташвиқотиамон истифода мебарем. Ин нашрияҳо бисёрашон обуна надоранд, аз ин рӯ, вақте Баҳодур бароямон овард, мо мебинем ва аз ӯ харидорӣ мекунем».
“Бизнес”-и Баҳодур Розиқов дар ҳоле рушд мекунад, ки аксари нашрияҳо аз ҷониби хадамоти “Почтаи тоҷик” ба воситаи обуна расонда мешаванд, аммо нашрияҳои хусусиро метавон танҳо аз фурӯшгоҳҳо пайдо кард. Темуршоҳи Файзалӣ, рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, хадамоти почта дар замони шӯравӣ хеле фаъол буд ва рӯзномаҳое, ки шаб дар Маскав нашр мешуд, то субҳ дар дурдасттарин мавзеъҳои Тоҷикистон дастарси мардум мегашт. Ҳоло бошад, ба гуфтаи ӯ, почта хеле суст кор мекунад ва барои ҷоннок кардани кори он бояд нафаронеро чун Баҳодур ҷалб кард: «Боре ба Хадамоти почта пешниҳод карда будам, ки аз ҳисоби донишҷӯён гурӯҳи рӯзномафурӯшон ташкил кунанд, на танҳо дар дохили Кӯлоб, балки дар дигар ноҳияҳо ҳам рафта рӯзнома бифурӯшанд. Ҳоло дар бисёри ҷамоату деҳот пас аз пошхӯрии Шӯравӣ дигар газетаро надидаанд.»
Баҳодур Розиқов ҳар ҳафта аз фурӯши нашрияҳо дар муассисаҳои давлатӣ то 150 сомонӣ ва дар моҳ то 600 сомонӣ (120 доллари амрикоӣ) даромад мегирад. Ин маблағ харҷи рӯзгори оилаи ӯро, ки аз се нафар иборатанд, ба осонӣ мебарорад. Баҳодур ба ғайр аз он ки доираи бозори хоси худро пайдо кард, маҳорати фурӯшандагии худро низ сайқал дод. Пеш аз фурӯши нашрияҳо вай онҳоро мехонад ва сархатти мақолаҳои ба гуфтаи худаш ҷолибро дар зеҳн мегирад ва ҳангоми пешниҳод ба мансабдорон мегӯяд, ки кадоме аз ин нашрияҳо чӣ чизи ҷолиб навиштааст.
Барои расидан ба чунин “маркетинг”-и ҳадафмандона Баҳодур рӯзномафурӯширо панҷ сол пеш дар хиёбонҳо шурӯъ кард, аммо вақте дид, ки аз ин кор даромаде ба даст намеорад, ба бозори хурдтар, вале дақиқ тамаркуз намуд.