Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба моҳи асал... бо нашрияҳои расмӣ!


Баъзе аз ҷавонони тоҷик иддао доранд, ки мақомоти марбут ба танзими ҷашну маросимҳо шарт мегузоранд, ки қабл аз издивоҷ нахуст ба нашрияҳои давлатӣ обуна шаванд.

Баъзе аз ҷавонони тоҷик иддао доранд, ки мақомоти марбут ба танзими ҷашну маросимҳо ба ивази дарёфти "Тавсиянома"-и шеваи баргузории маъракаҳо шарт мегузоранд, ки навхонадорон ба нашрияҳои давлатӣ обуна шаванд. Тавсиянома санадест, ки дар он теъдоди меҳмонон, давомнокии тӯй ва таъдоди ғизоҳо номбар шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон ин санадро барои кам кардани харҷи тӯю маъракаҳо таҳия кардааст.

Соҳибмаъракаҳо бояд як рӯз қабл аз баргузории маросим мақомоти маҳаллиро дар ҷараён гузоранд ва аз онҳо "тавсиянома" бигиранд. Агар соҳиби маросим маъракаи худро бе дарёфти ин санад баргузор кунад, мақомот метавонанд ӯро ҷарима кунанд. Ҳоло аксарият зарурати гирифтани тавсияномаро медонанд, аммо баъзе навхонадорон иддао мекунанд, ки ба болои тавсиянома акнун обуна шудан ба нашрияҳои давлатӣ низ "тавсия" мешавад.

Сиёвуш Самадов, сокини яке аз ҷамоатҳои шаҳри Кӯлоб мегӯяд, вақте барои гирифтани "тавсиянома" ба ҷамоат муроҷиат кард, ба ӯ гуфтанд, ки бояд ба ду ҳафтанома обуна шавад. Ба Сиёвуш Самадов гуфтанд, ки агар мехоҳад маросими издивоҷаш аз ҷониби масъулони Бахши дин ва танзими анъана тафтиш нашавад, бояд ба маблағи 200 сомонӣ ба ду ҳафтанома обуна шавад. Ба қавли ӯ, барояш "Гуфтанд, ки агар хоҳӣ, ки тӯят бе мушкил гузарад, обуна шав. 200 сомонӣ додам, дигар намедонам, ки ба кадом ҳафтанома обуна шудам. Се моҳ аз тӯям гузаштааст, вале то ҳол ягон ҳафтаномаро нагирифтаам", - гуфт Сиёвуш.

Сиёвуш танҳо ҷавоне нест, ки қабл аз маросими издивоҷ ба ҳафтаномаҳои расмӣ обуна шудааст. Аслимоҳ, сокини ноҳияи Ишкошими Бадахшон, ки моҳе пеш фарзандашро хонадор кардааст, гуфт, онҳо низ ба ҳафтаномаи вилоятӣ обуна шудаанд. Абдуқодир Назаров, як ҷавони сокини ноҳияи Тавлидара мегӯяд, ки то ин замон бештар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба нашрияҳои давлатӣ, мисли "Ҷумҳурият" ва "Садои Мардум" обуна мешуданд, аммо дар як соли ахир обунаи ҷавонон ҳангоми издивоҷ дар ноҳияи онҳо низ роиҷ шудааст. Ба гуфтаи мусоҳибони мо, обунаро бештар мутахассисони ҷамоатҳо, ки ҳамзамон намояндаи идораи танзими ҷашну маросимҳо ҳастанд, анҷом медиҳанд.

Дар ҳоле, ки Сафар Шарипов, масъули Кумитаи кор бо дин ва танзими расму оинҳо дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки кормандони онҳо масъули обуна ба нашрияҳо нестанд, як масъули дигари Кумитаи кор бо дин бе ифшои номаш гуфт, воқеан, ҷамоатҳо кормандони онҳоро дар баробари ироаи тавсиянома ҳамчунин барои обуна ба нашрияҳои давлатӣ низ истифода мекунанд.

Раҳмон Сандалов, раиси ҷамоати Сангвори ноҳияи Тавилдара мегӯяд, ки воқеан ҳам навхонадорон обуна мешаванд, аммо ин обунашавӣ на маҷбурӣ, балки ихтиёрист. "Мо ба навхонадорон барои обуна шудан маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”-ро тавсия медиҳем. Дар ин ҷо дар масъалаи оиладорӣ мақолаҳои хуб навишта мешавад. Баъзеи онҳо ба “Садои мардум” ва ҳафтномаҳои дигар ҳам обуна мешаванд", - гуфт ин мақомдори маҳаллӣ.

Дар Тоҷикистон ҳафтаномаҳои расмӣ аксаран бо пули обуна нашр мешаванд. Обуна ба маҷалла ва нашрияҳои расмӣ мисли даврони шӯравӣ иҷборӣ сурат мегирад. “Ҷумҳурият”, нашрияи ҳукумати Тоҷикистон, “Садои мардум”, нашрияи парлумони Тоҷикистон, “Минбари халқ”, нашрияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва нашрияи ҳукуматҳои маҳаллӣ аз ҷумлаи нашрияҳое ҳастанд, ки обуна шудан ба онҳо ҳатмӣ ҳаст. Муштариҳо маъмулан барои шаш моҳ ва ё як сол ба ин нашрияҳо обуна мешаванд. Қимати обуна аз 150 то 200 сомонӣ аст. Аммо онҳое ҳам, ки обуна мешаванд, мегӯянд, ки аслан нашрияҳоро дастрас намекунанд.

Дар Тоҷикистон омӯзгорон, пизишкон ва раҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба таври ҳатмӣ ва ё иҷборан ба нашрияҳои расмӣ обуна мешаванд ва дар аксари маврид мақомот пули обунаро аз маоши онҳо мегиранд. Ҳукумати Тоҷикистон нашрияҳои давлатиро сармоягузорӣ мекунад, аммо ин маблағ барои нашри муназзами маҷаллаву ҳафтаномаҳои давлатӣ кофӣ нест. Обунаи навхонадорон ба ҳафтаномаҳои расмӣ як роҳи тозаи дастрасии ҷавонон ба нашрияҳои давлатӣ аст, ки дар муқоиса бо матбуоти хусусӣ чандон харидор надоранд. Нашрияҳои давлатӣ асосан бо нашри хабару гузоришҳои расмӣ аз фаъолияти ҳукумат ва парлумон иктифо мекунанд.

XS
SM
MD
LG