Дар вилояти Суғд нашрияҳои хусусӣ ва мустақил тадриҷан аз саҳна канор рафта, аммо радиову телевизионҳои хусусӣ сол то сол зиёд мешаванд. Бино ба омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар шимоли Тоҷикистон 50 нашрия ва 6 маҷалла арзи вуҷуд доранд. Аксари кулли ин нашрияҳо ҳукуматӣ буда, бо маблағи буҷа нашр мешаванд. Обунаи онҳо ҳам ҳарсола тавассути дастури мақомот роҳандозӣ мешавад.
Бархе ҳам ба ном хусусиву мустақиланд, аммо бо ҳимояти молии мақомот фаъолият мебаранд ва аз матраҳ кардани масоили доғи сиёсиву иқтисодӣ ва нашри матлабҳои интиқодӣ худдорӣ меварзанд. Танҳо ду нашрия - “Дам” ва “Варорӯд” - фаъолияти нисбатан мустақил пеш мебаранд, аммо мушкилоти молӣ домангири онҳост ва теъдоди нашри онҳо низ ночиз аст. “Варорӯд” бо теъдоди 500 нусха ва “Дам” 800 нусха дар як моҳ 2-борӣ ба чоп мерасанд.
Ҷӯра Юсуфӣ, сардабири нашрияи хусусии “Дам”, мегӯяд, ки аз набуди пуштибонҳои қавии моливу сиёсӣ, гарон шудани нархи мавод ва хадамоти чопӣ, худсензурӣ ва рақобати носолим барои обуна ангуштшумор нашрияҳои хусусии Суғдро ояндаи норӯшане дар пеш аст.
“Агар аҳли ҷомеа, ҳукумат, созмонҳои байнулмилалӣ нашрияҳои хусусиро дастгирӣ накунанд, ояндаи онҳо зери суол аст,” – гуфт ӯ. Ҷӯра Юсуфӣ афзуд, як донаи нашрияаш ба 1 сомониву 50 дирам ба фурӯш меравад ва маблағи ҷамъомада ба нашри шумораи навбатӣ нӯг ба нӯг мерасад.
Юсуфӣ ин нуктаро дар як суҳбати мизи мудаввари рӯзноманигорон дар Хуҷанд дар мавзӯи вазъи расонаҳо рӯзи 15 март дар ҳузури намояндагони расонаҳои чопиву электронии маркази вилояти Суғд баён дошт. Ӯ гуфт, ки дар шароити кунунии буҳрони иқтисодӣ танҳо чанд маҷаллаи хусусии ранга, ки ба чопи матолиби “ситоишӣ” машғуланд, имкони зинда монданро доранду бас.
Неъматуллоҳи Мирсаид, рӯзноманигори мустақил мегӯяд, ки мушкили рсонаҳои чопӣ на танҳо иқтисодист. Аз нигоҳи ӯ, имрӯз интернет саҳнаи иттилоърасонӣ ба расонаҳои чопиро танг карда ва таваҷҷуҳи сокинон ба расонаҳои чопӣ костааст. Аммо аз сӯи дигар, аксари кулли расонаҳои чопӣ низ бо нашри матлабҳо дар мавзӯъҳои доғ ва камбуду мушкилҳои ҷомеа ба ҷалби таваҷҷуҳи хонанда камтар талош доранд.
Ӯ афзуд, “махсусан дар масъалаҳои муҳими сиёсӣ на ҳама рӯзноманигорон ҷасорати навиштан ва мақомот на ҳама вақт тавони шуниданро доранд. Худсенсурии рӯзноманигорон зиёдтар шудааст. Аз ин рӯ, завқи касоне, ки дар бори масоили муҳими иқтисодиву сиёсӣ шунидану хондан ва баҳс кардан мехоҳанд, чун ин гуна матолибро дар нашрияҳо хеле кам мебинанд, завқашон ба харидани газетаву маҷаллаҳо хеле костааст.”
Шабакаи ҷаҳонӣ ва чандрасонаӣ дар замони муосир як роҳи тозаву нави ҷалби хонанда аст. Вале дар Тоҷикистон ҳанӯз бозори таблиғ ва нашрияи интернетӣ ба вуҷуд наомадааст. Аз ин рӯ, ҳанӯз ягон нашрияи хусусӣ тавони молии доштани саҳифаи интернетии худро надорад.
Вале дар пайи тадриҷан аз байни рафтани расонаҳои хусусиву ғайриҳукуматии чопӣ, баръакс, солҳои охир теъдоди садову симо дар шимоли Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ба назар мерасад, ҳатто буҳрони иқтисодии ду соли охир натавонистааст ин бозорро кунд гардонад.
Дар ҳоли кунунӣ дар вилояти Суғд 13 шабакаи телевизионӣ ва 14 радио фаъол аст, ки бархе аз онҳо дар ду се соли охир рӯи саҳна омадаанд. Танҳо дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, 6 телевизиони хусусӣ ва як телевизиони давлатӣ аз саҳар то нимашаб намоиш пахш мекунанд. Телвизионҳои “Салом” ва “Танин” ва “Диёр” дар ду - се соли охир ба кор сар кардаанд.
Илҳомҷон Ҳошимов, аз масъулони телевизиони Симои мустақили якуми Хуҷанд гуфт, ин телевизионҳо умдатан намоишҳои тафреҳиву фароғатӣ ва иттилоъ пахш мекунанд. Ба қавли ӯ, ин телевизионҳо бо ҳадафҳои иқтисодӣ боз шуда, аз суи кадом гурӯҳҳои сиёсӣ ва молӣ пуштибонӣ намебинанд.
Ба қавли Ҳошимов, дар вилояти Суғд як бозори реклама ба вуҷуд омада, дар ҳудуди 5 соли охир шакл гирифтааст. Ва гурӯҳҳои эҷодии хурди рекламасоз низ ба миён омадаанд, ки моли онҳо харидор дорад.
Вале ин таблиғ умдатан рӯ ба телевизион меорад ва соҳибкорону сокинони одӣ низ умдатан реклому эълонҳо ва табрикоти худро асосан тавассути телевиизон ва радиоҳои маҳаллӣ пахш мекунанд. Ва тавассути ҳамин маблағҳо телевизиону радиоҳои Суғд ба пой рост истодаанд. Чизе, ки дар мавриди расонаҳои чопӣ намешавад гуфт.