Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатлон почтаро "эҳё" мекунад


Нишасте ба ифтихори Рӯзи матбуот дар шаҳри Қӯрғонтеппа. 11-уми марти соли 2013.
Нишасте ба ифтихори Рӯзи матбуот дар шаҳри Қӯрғонтеппа. 11-уми марти соли 2013.

Мақомоти вилояти Хатлон тасмим гирифтаанд, ки дар ҳар яке аз деҳкадаҳои ҷануби Тоҷикистон бунгоҳҳои почтаро таъсис диҳанд.

Ҳадаф аз ин иқдом таъмини дастрасии комили мардуми рустонишин ба матбуоти даврӣ унвон мешавад.

Умеда Собирова, раиси идораи почтаи вилояти Хатлон, гуфт, ки феълан дар 190 мавзеи минтақа шуъбаи почта, ки масъули қабул ва интиқоли нашрия ва номаҳо ба мардум ҳастанд, фаъол мебошанд. Ҳамчунин дар як соли охир дар ҷануби Тоҷикистон беш аз 100 дӯкону нуқтаи рӯзномафурӯшӣ таъсис дода шудааст.

Хонум Собирова афзуд: «Мо ҳаракат кардем, ки ин дӯконҳо дар нуқтаҳои дурдаст таъсис дода шавад, то ки шумораи ҳарчи бештари аҳолӣ рӯзномахон шаванд. Ҳамчунин ба шуъбаҳои почта пул гузаронидем, то ки барои почталёнҳо дучарха бихаранд. Аллакай 18 адад дучарха харида ва ба хаткашонҳо тақдим шудааст. Барои навоҳии дурдасти Фархору Ҳамадонӣ бошад, ду адад мошини борбар додем, ки нашрияҳо ва номаҳоро саривақт ба мардум расонанд.»

Ҳоло дар мавсими кишту кори баҳорӣ дар навоҳии кишоварзии Хатлон дӯконҳои сайёри рӯзномафӯрушӣ ҳам ба кор андохта шудаанд, то ки барзгарон, ба гуфтаи хонум Собирова, дар маҳалли кори худ нашрияҳои давриро дастрас ва мутолиа кунанд.

Дар вилояти Хатлон беш аз 250 нафар почталён ё хаткашон кор мекунанд, ки ба тақсиму саривақт дастрас кардани нашрияҳои даврӣ ба мардум вобастаанд. Аммо сокинони маҳаллӣ, бавижа онҳое, ки ба нашрияҳо обуна шудаанд, аз таъхири зиёд дар кори идораҳои почта шикоят доранд.

Ашӯр Юсуфзода, сокини яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Сарбанд, мегӯяд, дар поёни соли гузашта аксари кормандонро аз роҳҳои «ихтиёрӣ-иҷборӣ» ба нашрияҳо обуна намуданд, аммо акнун гоҳе ҳафтаҳо интизори нашрияи обунашудааш менишинад ва ночор худаш ба идораи почта омада, онро дастрас мекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки вай ҳаққи хизмати солонаи идораи почтаро аз пеш пардохт кардааст.

А. Юсуфзода: «Масъулони почта агарчи пули обуначиро мегиранд, ба дасти онҳо нашрияашонро намерасонанд. Газетаҳоро ба бинои ҳукумат меоранд ва агар роҳбари идора ба ҳукумат ояд, ба дасти вай роҳӣ мекунанд, то ки дигар кормандон ҳам нашрияи обунашудаашонро дастрас кунанд. Гоҳе то як ҳафтаю даҳ рӯз мунтазир мешинем. Кормандони идораҳои почта ҳуқуқи обуначиҳоро поймол мекунанд. агар рӯзнома 1-2 рӯз дер ба дасти хонанда расад, хабару мақолаҳояш аҳамияти худро гум мекунанд, куҳна мешаванд…»

Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Юсуфзода ба адами дастрасӣ ба манобеи алтернативии ахбор ишора карда, гуфт, расонаҳои хабарӣ дар вилояти Хатлон аксаран ҳукуматӣ буда, тибқи фармудаҳои муассисашон кор мекунанд. Ҳоло дар вилояти Хатлон наздики 30 нашрия ва маҷалла сабтином шуда ва амал мекунанд, ки ҳамаашон ҳукуматӣ, соҳавӣ ва ҳизбӣ, он ҳам мансуб ба ҳизби ҳокими халқии демократианд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, зимни нишасте ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри Қӯрғонтеппа, аз кори баъзе расонаҳои хабарии давлатӣ интиқод кард, ки меъёрҳои одоби касбиро риоя накарда, дар таърифу тавсифи кори баъзе мақомот гоҳе ба ифроту муболиға роҳ медиҳанд. Вай аз расонаҳои хабарӣ даъват кард, ки ҳақиқатнигор буда, аз танқиди камбудиҳои мақомоти давлатӣ ҳам наҳаросанд. Ҷаноби Афзалов ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки хабарнигорон дар шаффофу демократӣ баргузор шудани интихоботи қарибулвуқуи президентӣ мусоидат хоҳанд кард.

Вай афзуд: «Интихоботи президентӣ маъракаи ниҳоят муҳимми сиёсист ва бояд бисёр шаффофу одилона, ошкоро доир шавад. Бояд хабарнигорон хуб кор кунанд дар ин давра, ба мардум моҳияти интихобот ва арзиши овоздиҳиашонро фаҳмонанд. Ба ҳар хел иғвою гуруҳбозию маҳалгароии баъзе ҳизбу созмонҳо минбар надиҳанд. Ба эҳсосот дода нашуда, манфиатҳои миллиро боло гузоранд…»

Дар ҳамин ҳол, ба иддаои соҳибназарон, нашрияҳои ғайриҳукуматӣ ё мустақил дар ҷануби Тоҷикистон ҳоло аслан фаъол набуда, амалан, сокинони маҳаллӣ танҳо ба расонаҳои давлатӣ дастрасӣ доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки калонтарин тиражи рӯзнома дар Хатлон на беш аз 10 ҳазор нусха буда, он ҳам тавассути обуна аксаран ба дасти кормандони идораҳои давлатӣ мерасад.
XS
SM
MD
LG