Душанбе ва Тошканд масъалаи азсаргирии интиқоли дигарбораи гази табиӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Дар даври дувуми музокирот дар шаҳри Тошканд, ки охири ҳафтаи гузашта анҷом шуд, ҷониби Узбакистон пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистон барои ҳар ҳазор метри мукааб гази табиӣ, ҳудуди 150 доллар маблағ пардохт кунад.
Интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон дар авоили соли 2012 ва замоне қатъ шуд, ки қимати онро ҳукумати вақти Ислом Каримов бо арзиши 370 доллар пешниҳод карда буд. Азсаргирии интиқоли гази табиӣ аз қаламрави ҳамсоякишвари наздиктарини Тоҷикистонро бисёриҳо ҳамчун як рамзи сиёсии гармоиши робитаҳо истиқбол мекунанд.
Истиқболи сокинон
Узбакистон аз аввали соли 2012 интиқоли гази табиӣ ба Точикистонро пурра қатъ карда буд. Соли 2011 кишвари ҳамсоя солона ҳудуди 370 миллион метри муккаб газро ба Тоҷикистон бо нархи 370 доллар барои як метри мукааб мефурӯхт.
Санавбар Ҳомидова, як сокини 70-солаи шаҳри Душанбе хабари эҳтимоли азсаргирии интиқоли гази табийӣ аз Узбакистонро бо хушнудӣ қабул кард. Хонум Ҳомидова мегӯяд, бо ин, ки ӯву дигар сокинони Тоҷикистон дар муддати ин ҳама солҳо тавонистанд рӯзгори хонаро ба шароити камбуди барқу газ мутобиқ гардонанд, имкони таъмин шудан бо гази табиӣ дар манзил хабари хубе хоҳад буд.
Вай гуфт: “Ман бонуи хона ҳастам ва ҳамарӯза чанд маротиба машғули таҳияи ғизо мешавам. Агар гази табиӣ бошад, корам зудтар ва бо сифати хубтар анҷом мешавад. Ҳамзамон манзиламро аз дуди ғализи гази моеъ наҷот медиҳам. Гузашта аз ин, ҳар моҳ барои пухтани ғизо ва омода кардани оби гарм миқдори зиёди нерӯи барқ сарф мешавад, ки барои будҷаи хонадони ман гаронӣ мекунад. Дар солҳои қаблӣ ёдам ҳаст, ки ин миқдор нерӯи барқ сарф намекардам”.
1000 метри мукааб газ -- 150$
Орзуи таъмин шудани манзил бо гази табиӣ имкон дорад то охири соли ҷорӣ ҷомаи амал пӯшад. Зеро, ба гуфтаи як масъули ширкати "Тоҷиктрансгаз", ҷониби Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то охири ноябр ба қимати пешниҳодшудаи гази табиии Узбакистон посухи худро ироа кунад.
Ин манбаъ рӯзи 7-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар навбати баъдӣ, ниёзҳои ширкату корхонаҳои саноатии кишвар ба гази табиии воридотӣ аз он кишвар муайян мешавад.
Вай дар ин бора гуфт: “Ҷониби Узбакистон пешниҳод кардааст, ки дар сурати мувофиқати ҷониби Душанбе ба ин қимат ва ҳаҷми гази воридотӣ, дар моҳи декабр ҷонибҳо метавонанд дар Тошканд ин созишномаро имзо кунанд”.
Коршинос: "Интиқоли газ ба сарфаи барқ кӯмак мекунад"
Қаблан мақомоти ин ширкат гуфта буданд, ки дар марҳилаи аввал барои бароварда сохтани ниёзҳои корхонаҳои саноатии Тоҷикистон солона аз 350 то 800 миллион метри мукааб гази табиӣ аз Узбакистон ворид шавад. Баҳром Сироҷев, собиқ раиси ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, азсаргирии интиқоли гази табиӣ аз кишвари ҳамсоя шароитро барои сарфаи нерӯи барқ дар зимистони имсол фароҳам мекунад. Вай гуфт, ки дар ин сурат вобастагӣ аз нерӯи барқ коҳиш ёфта, як навъ тавозун дар заминаи истифодаи ин маводи сӯхт ҳосил мешавад.
“Қабл аз ҳама бо истифода аз гази табиӣ маркази гармидиҳии Душанбе-1 фаъол мешавад, ки дар канори оби гарм ҳамчунин нерӯи барқ тавлид мекунад. Барои сарфаи нерӯи барқ дар фасли зимистон ин амр мусоидат мекунад. Зеро, ҳамасола дар Тоҷикистон камбуди нерӯи барқ шадидан эҳсос мешавад ва дар бештаре аз манотиқи рустоӣ ба маҳдудият ё ба истилоҳ “лимит”-и барқ ҷорӣ мекунанд”,-афзуд Баҳром Сироҷев.
Нархи осмонии газ дар гузашта
Узбакистон аз аввали соли 2012 интиқоли гази табиӣ ба Точикистонро пурра қатъ карда буд. Соли 2011 кишвари ҳамсоя солона ҳудуди 370 миллион метри муккаб газро ба Тоҷикистон бо нархи 370 доллар барои як метри мукааб мефурӯхт. То соли 2012 Узбакистон ҳамасола ҳаҷми интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро тадриҷан коҳиш дод, ҳарчанд дар оғози солҳои 2000-ум Тоҷикистон соле ҳудуди 1 миллиард метри мукааб газро аз ин кишвар харидорӣ мекард.
Дар ниҳоят, Узбакистон эълон кард, ки ба сабаби фурӯши миқдори зиёди гази табиӣ ба Русия ва Чин наметавонад дигар ин намуди сӯзишвориро ба Тоҷикистон содир кунад. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки то соли 2009 дар пасманзари сардтар шудани робитаҳои сиёсии ду ҳамсоя ва ҳам болоравии батадриҷи арзиши гази табиӣ дар бозори ҷаҳонӣ Узбакистон қимати газро аз 150 доллари пешина як баробар афзоиш дод. Ин боз ҳамон замоне буд, ки ширкати русии “Газпром” бо Тошканд созишномаи харидории газ баст.
Чунин вазъият ҳукумати Тоҷикистонро водор кард, ки ба шеваи изтирорӣ ва сареъ фаъолияти корхонаҳои муҳими фаъол ба гази тибииро ба истифодаи ангишт гузаронад. Аз ҷумла, ширкатҳои бузурге ба монанди корхонаи алюминии “Талко” ва корхонаи тавлиди сементи Душанбе ба истифода аз таҷҳизоти ангишт гузаштанд.
"Нархи пешниҳодӣ воқеӣ аст"
Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик бар ин назар аст, ки нархи пешниҳодии феълӣ барои гази табиӣ аз Узбакистон дар муқоиса бо қиммати соли 2011 воқеъӣ мебошанд, на “сиёсӣ”. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: “Хуб аст, ки “Тоҷиктрансгаз” барои баррасии нархи пешниҳодии гази Узбакистон фурсат гирифтааст. Албатта, нархи феълӣ воқеӣ мебошад, аммо “Тоҷиктрансгаз” бояд мушаххас созад, ки оё имкони ҷамъоварии маблағи гази истифодашударо дар ихтиёр дорад ё не. Зеро, воридоти гази табиӣ аз Узбакистон танҳо дар сурати пешпардохти он сурат мегирад”.
Дар солҳои гузашта давлати Тоҷикистон борҳо талош кард, ки мавзӯи азсаргии воридоти гази табиӣ аз Узбакистонро бо мақомоти кишвари ҳамсоя ҳаллу фасл кунад ва дар таъйини нархи гази фурӯшӣ ба як созиши беҳтаре даст ёбад, вале Тошканд ҳамеша гуфтааст, ки омода аст танҳо бо нархибозори ҷаҳонӣ, на имтиёзӣ арзиши газро тағйир диҳад. Аммо баъд аз даргузашти Ислом Каримов дар моҳи сентябри соли гузашта, раҳбарияти нави Узбакистон эълон кард, ки мехоҳад бо кишварҳои ҳамсоя робитаҳои дӯстонаро барқарор созад.
Бебарқиҳои Тоҷикистон
Аз сӯи дигар, ҳамасола аз моҳи октябр то фасли баҳор дар Тоҷикистон дар манотиқи рустоӣ дар истифода аз нерӯи барқ маҳдудият ё ба истилоҳ “лимит” роҳандозӣ мешуд. Аммо дар моҳи январи имсол ин “лимит” ғайримунтазира лағв шуд. Моҳи гузашта низ ширкати “Барқи тоҷик” эълон кард, ки имсол бо “пайдо шудани имкониятҳои нав” маҳдудият дар истифода аз нерӯи барқ роҳандозӣ намешавад.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон изҳор медоштанд, ки танҳо баъд аз мавриди истифода қарор гирифтани ду агрегати нерӯгоҳи “Роғун” дар охири соли 2018 “лимит” моли таърих хоҳад шуд. Ба ин далел иқтисоддонҳои тоҷик бар ин назаранд, ки лағви маҳдудият дар истифодаи нерӯи барқ дар соли ҷорӣ ба мавзӯи аз кор мондани хумдонҳои ширкати алюминии Тоҷикистон дар пайи як садамаи фаннӣ дар хатҳои интиқоли нерӯи барқ дар тирамоҳи соли гузашта марбут аст.