Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода рӯзи 22 июл дар сӯҳбат ба хабарнигоро гуфт, ки натиҷаҳои тендери иҷрокунандаи сохтмони қисми тоҷикистонии лӯлаи гази Туркманистон-Чин дар моҳи августи имсол пурра маълум хоҳад шуд. Ба гуфтаи вазир, озмуни интихоби иҷрочии ин тарҳ, ки қаблан эълон шуда буд, ба шакли боз баргузор шудааст.
То имрӯз, гуфт ӯ, ширкатҳои зиёде ариза пешниҳод кардаанд, ки дар миёни онҳо ширкатҳои ватанӣ ва ҳам русиву чинӣ хеле зиёданд. «Вале мо тарҷеҳ медиҳем, ки ин корро ширкатҳои ватанӣ анҷом диҳанд», гуфт ӯ. Ба иттилои вазир, барои сохтмони қитъаи тоҷикистонии лӯлаи газ, ки аз қаламрави Ӯзбакистон пайваста ба Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол гузашта ба Қирғизистон мепайвандад, беш аз 3 миллиард доллар маблағ масраф хоҳад шуд. Мақомот бовар доранд, ки то охири сол як бахши корҳои сохтмонӣ анҷом мешаванд.
Бунёди лӯлаи гази Туркманистон-Чин, ки созишномааш соли 2014 дар миёни China National Petroleum Corporation (CNPC) ва Ширкати саҳҳомии «Тоҷиктрансгаз» баста шудааст, умедвориҳоро дар бораи ҳалли мушкили бегазии Тоҷикистон афзун мекунад.
Қатъ шудани интиқоли газии табии Узбакистон ба Тоҷикистон беш аз ду соли қабл, на танҳо манзили сокинонро бегаз гузошт, балки ба фаъолияти корхонаҳои бузурги кишвар таъсир расонд.
Шаш соли ахир дар манзили Муҳаббат Қодирова, сокини 28-солаи Душанбе гази моеи Қазоқистону Русия ҷои гази табии Узбакистонро гирифтааст. Хонум Қодирова чандон бовар надорад, ки бо лӯлаҳои гази табиӣ дубора ба ошхонааш гази Узбакистон меояд. Муҳаббат Қодирова мегӯяд, ки "ин трубаи гази табииамон аст. 6-7 сол аст, дигар газ намеояд ва мо трубаашро буридем. Хӯрокро маъмулан дар балончаҳои гази моеъ ва ё плитаҳои электрикӣ омода мекунем."
Комилан қатъ шудани интиқоли гази табиии Узбакистон ба Тоҷикистон дар 2,5 соли пеш, натанҳо манзили сокинони Душанберо бе газ монд, балки даҳҳо корхонаро баста, ҳазорон нафарро дар кишвар аз ҷои кор маҳрум кард. Танҳо дар худи ширкати “Тоҷиктрансгаз”, ки солҳои қаблӣ то ҳудуди 3000 нафар кор мекард, ҳоло танҳо 200 нафар боқӣ монда, дигарон ба истироҳати бемузд рухсатӣ шудаанд.
Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати “Точиктрансгаз” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “интиқолдиҳанда ("Узтрансгаз") ҳоло бо мо шартнома набаста истодааст. Сабабашро камбуди газ дар худи Узбакистон медонанд, аммо сабаби асосиаш он аст, ки ҳаҷми газе, ки Узбакистон ба мо мефурӯхт, хеле кам буд ва ин барои онҳо ҳеҷ нақши чиддие надошт.
Ба қавли Шоимов, дар соли 2013 “Узтрансгаз” 1000 метри мукааб гази табииро ба Тоҷикистон бо нархи 310 доллар мефурӯхт, дар ҳоле, ки он замон қимати гази табиӣ дар ҷаҳон барои ҳар ҳазор метри мукааб 200 доллари амрикоӣ буд. Ҳатто Тоҷикистон он замон 1 миллион доллар барои хариди газ пешпардохт кард, вале бо ин ҳам ҷониби Узбакистон ҳаҷми интиқоли газ ба Тоҷикистонро он қадар кам кард, ки хариди он номумкин шуд ва Тоҷикистон аз истифодаи гази Узбакистон комилан даст кашид.
Ба гуфтаи муовини раиси ширкати “Точиктрансгаз”, дар масъалаи нархи хариди гази Узбакистон ҳанӯз ҳеҷ сӯҳбате нест. Ба наздикӣ бо ҷониби Узбакистон гуфтушунид шуд, ҳарчанд масъалаи газ дар он баррасӣ нашуд.”
Аммо таҳлилгарон қатъ шудани гази табиии Узбакистон ба Тоҷикистонро қазияи сиёсӣ медонанд, ки дар заминаи мухолифатҳои Узбакистон ба тарҳҳои бузурги энержии обии Тоҷикистон пеш омада буд. Ба қавли онҳо, ҳадафи Узбакистон то ҳадди ниҳоӣ кам кардани интиқол ва бештар аз қимматҳои ҷаҳонӣ боло бурдани нархи газ мушкил эҷод кардани дар тарҳои энержии Тоҷикистон буд.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки “қазияи газ қазияи сиёсӣ аст, албатта. Мақсади асосии Узбакистон ин буд, ки ба ҳар шарте, ки мегузорад, Тоҷикистон бояд розӣ шавад ва қабул кунад. Аммо Тоҷикистон ба ҳамаи шартҳои Узбакистон розӣ шуда наметавонист, зеро дар сурати розӣ шудан, амнияти иқтисодии Тоҷикистон зиёни ҷиддӣ медид.”
Аммо гази Узбакистон барои Тоҷикистон дигар беалтернатива нест. Хати лӯлаи гази чоруми Туркманистон ва Чин, ки 1000 км дарозӣ дорад ва 450 км он аз тариқи Тоҷикистон убур мекунад, умед ба гази табии Турманистонро барои Тоҷикистон бештар мекунад.
Ба гуфтаи Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати “Тоҷиктрансгаз”, дар ҳолати ҳал нашудани масаъалаи хариди газ аз Узбакистон, мо имкон дорем аз гази Афғонистон истифода барем. Ҳамчунин лӯлаи бузурги гази Турманистону Чин агар ба кор дарояд, имкониятҳо барои дастрасӣ ба гази табиӣ бештар мешавад.
Тибқи маълумоти вазорати энержӣ ва захираҳои об, Тоҷикистон дар сол ба ҳудуди 2 миллиард метри мукааб гази табиӣ ниёз ва дар гузашта аз Тоҷикистон то 120 миллион мукааб гази табиӣ мехарид. Истифодабарандагони аслии гази табиӣ корхонаҳои "Талко", "Тоҷиксемент" ва "Тоҷиказот" буданд, ки бо қатъ шудани гази табиии Узбакистон ё комилан аз кор монданд ва ё ба истифодаи ангишт гузаштанд.
Аммо сокинон дар манзилҳо ва мошинҳо аз гази моеи Қазоқистону Русия истифода мекунанд, ки дар як сол ҳудуди 300 ҳазир тонна ворид мешавад. Ба хотири он, ки 60 дарсади нақлиёт дар Тоҷикистон аз аз гази моеъ истифода мебарад, воридоти гази моеъ ҳар сол ҳудуди 20 дарсад меафзояд.
Дар ҳоле, ки ҳаҷми захираҳои гази табии Тоҷикистон 863 миллиард метри мукааб баршумурда шудааст ва ширкатҳои «Газпром-Зарубежнефтегаз» «Тетис Петролеум» «Сомон Ойл» ва Santos Limited ба иктишофи ин захираҳо даст доранд, вале то ҳол ин захираҳо мавриди коркард ва истифода қарор нагирифтааст.