Холаи Маърифат – як зани 63-солаи хуҷандӣ аз ин хурсандӣ мекунад, чунки бори ахир гази манзилашро дар рӯзҳои ҷашни солинавии гузашта фурӯзон дида буд. Вай мегӯяд, бо фарзандону келинҳо ва набераҳои хурдаш, онҳо 10 нафар дар як манзили бинои бисёртабақа дар чунин шароити вазнин ба сар мебаранд. Ба мисли вай сокинони Хуҷанд аз сари сол дар манзилҳои худ гази табиӣ надоштанд. Дар бораи оби гарм ва лӯлаҳои гармидиҳанда дар хонаҳо ҳоҷати гап ҳам нест. Ин чизҳо тақрибан 15 сол боз ба сокинони вилояти Суғд ба як орзуи хуш мубаддал шудааст.
Инак, интиқоли гази табиӣ ба хонаҳои сокинон барои 3 – 4 соати шомгоҳон аз ҷониби Суғдгаз аз сар гирифта шуд. Масъулини идораи ин муассиса ба «Озодӣ» гуфтанд, ки ин кор баъд аз пардохти маблағи қарзи газ ба Узбакистон мумкин шудааст. Ҳамин тавр, дар остонаи соли нав масъулини ҳар ду ҷониб ба намоиш гузоштанд, ки дар сурати пардохти саривақти маблағ Узбакистон гази табии худро бидуни кадом мамониат ба сӯи Тоҷикистон интиқол хоҳад дод.
Раҳмонбердӣ Кенҷаев, муовини раиси идораи «Суғдгаз», дар бораи интиқоли гази табиӣ ба хонаҳои сокинон гуфт, дар навбати аввал газ ба биноҳои бисёртабақа интиқол меёбад, баъд ба манзилҳои заминии Хуҷанд, сипас ба минтақаҳои дигар. Аммо ба таъкиди вай, сокинон дар соли нав танҳо бо пешпардохти маблағ дар ҳар даҳрӯза метавонанд гази хонаҳои худро фурӯзон бубинанд.
Интиқоли газ табиӣ ба хонаҳои сокинони Хуҷанд дар ҳоле аз сар гирифта шуд, ки мақомоти Тоҷикистон дар Тошканд бо мақомоти давлати ин кишвар сари интиқоли гази табиӣ дар соли ояндаи 2010 вориди гуфтугӯ шудаанд. Ҷониби Тоҷикистон бар он аст, ки имсол буҳрони молӣ қимати гази табииро дар бозори ҷаҳонӣ поин бурда, бинобар ин Узбакистон низ арзиши гази фурӯшиаш ба Тоҷикистонро поин барад.
Ва дар чунин ҳол мусоҳиби аввали мо - холаи Маърифати 63 сола, сокини шаҳри Хуҷандро он фикри он машғул медорад, ки оё гази табиӣ то маҳалла ва хонаи вай ҳам мерасида бошад ё масъулин баъди як ду навбат ҷамъ овардани маблағ аз аҳолӣ чун дафъаи гузашта интиқоли газро қатъ хоҳанд кард. Ва ин интиқоли газ мисли як тӯҳфаи солинавӣ ба сокинон хоҳад буд.