Як манбаъ дар ширкати "Тоҷиктрансгаз" ба "Озодӣ" ин хабарро таъйид кард ва гуфт, дар ҳақиқат қатъи интиқоли газ аз Узбакистон боис шудааст, ки як қисми кормандони ин ширкат бе кор бимонанд.
Ба ин далел маъмурияти "Тоҷиктрансгаз" тасмим гирифтааст, ки бахши аъзами кормандони худро ба рухсатии бемузд бифиристад.
Дар посух ба ин суол, ки ин кормандон кай метавонанд дубора ба сари кори худ баргарданд, ин манбаъ гуфт, баргаштани онҳо ба шурӯъи дубораи интиқоли газ ва ё роҳандозии истифода аз манобеъи дигари газӣ бастагӣ дорад.
Узбакистон сар аз 1-уми уми апрел интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро комилан қатъ намуд. Дар ҳоли ҳозир муҳимтарин корхонаҳои Тоҷикистон, бинобар набудани газ дучори мушкил ҳастанд. Аз ҷумла «Тоҷиксемент», бузургтарин корхонаи сементбарории Тоҷикистон бинобар қатъи интиқоли газ, аз фаъолият бозмондааст. Аммо кормандони ин коргоҳ ҳамарӯза дар сари коранд ва ба гуфтаи мақомот масъалаи ихтисори онҳо низ дар миён нест. Гуфта мешавад, ки захираи сементи зарур барои коркард то ду моҳи дигар кифоят мекунад ва раҳбарони "Тоҷиксемент" умедворанд, ки дар ин муддат масъалаи интиқоли гази табии Узбакистон ба корхона ба таври мусбат ҳал мешавад.
То оғози моҳи апрел корхонаи «Тоҷиксемент», рӯзона то 600 тонна семент истеҳсол мекард. Тавони корхона дар тавлиди семент ба 1 миллиону 100 000 тонна дар сол баробар аст. Аммо то ҳол "Тоҷиксемент" танҳо 70 дарсади тавонашро ба кор бурдааст. Маҳсулоти ин корхона асосан барои бунёди иншоотҳои муҳими кишвар, аз ҷумла корҳои бунёдӣ дар сохтмони Роғун истифода мешавад.